Дар як сатр
» » Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

19-10-2017, 09:49

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон


Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят конфронси вилоятӣ дар мавзӯи “Соҳибкории занон дастовардҳо ва дурнамо” баргузор гардид. Дар кори конфронс раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони раиси вилоят, масъулини Раёсати молияи вилоят, раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Сабоҳат ва соҳибкорзанони шаҳру навоҳии вилоят ширкат доштанд.

Конфронсро муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки аъзои комиссияи грантӣ Лоиҳаҳои пешниҳодшудаи бонувони соҳибкорро пурра омӯхта, ғолибони озмуни гранти раиси вилояти Хатлонро муайян намуданд. Муовини раиси вилоят зимни суханронӣ ёдовар гардид, ки мулоқоти қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон натиҷаи фароҳам овардани имконияти васеъ барои муколамаи соҳибкорон ва сармоягузорон оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти онҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорон мебошад.

-Натиҷаи ин аст, ки дар вилояти Хатлон низ барои фаъолияти соҳибкорон, бахусус бонувони соҳибкор, пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Таъсиси гранти раиси вилоят ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ барои соҳибкорзанон далели ин ғамхориҳост,-ироа дошт муовини раиси вилоят.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сухан намуда таъкид дошт, ки дар ҳаёти иқтисодии вилояти Хатлон низ мавқеи соҳибкорон дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта истодааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сиёсати иқтисодӣ ва ислоҳоти иқтисодии давлату Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба пайгирӣ намуда, барои пешрафти соҳибкорони асил, ки дар ободонии диёрамон азму талош доранд, имконияту шароитҳо фароҳам оварда истодааст.

Тавре ки роҳбари вилоят таъкид дошт, бо ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари давлат барои рушди фаъолияти озоду мустақилонаи занон ҳама омилҳо фароҳам оварда шудааст, яъне баланд бардоштани мақому манзалати зани тоҷик дар меҳвари сиёсии давлат қарор дорад. Ба ин мақсад, санадҳои зиёди меъёрию ҳуқуқи қабул гардида, татбиқи онҳо ба беҳтар шудани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа мусоидат намуда истодааст. Ҳадафи асосии қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолгардонии нақши занон дар ҳама соҳаҳо мебошад. Ба иттилои раиси вилоят шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунандае, ки дар мақомоти андоз сабт гардидаанд, 27264 нафар мебошанд ва ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 611 нафар зиёд мебошад.

Аз 65 ҳазор хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар вилоят фаъолият доранд, ба 12632 хоҷагии деҳқонӣ занон роҳбарӣ менамоянд. Тавре ки роҳбари аввали вилоят таъкид дошт, тавассути бонкҳои дар вилоят амалкунанда ба 19752 нафар занон ба маблағи 109 миллион сомонӣ қарзҳо дода шудааст. Аз ҷумла ба 1393 нафар занон қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 11 миллион сомонӣ, барои соҳибкорӣ ба 4023 нафар занон 29 миллион сомонӣ ба 4491 нафар занон ба маблағи 26 миллион сомонӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ маблағ ироа гардидааст.

Чуноне ки дар ҷамъомад зикр гардид, бо мақсади таъмини ҳамоҳангии фаъолияти соҳибкории занон дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шӯрои соҳибкорзанони вилоят таъсис дода шудааст, ки 41 нафар соҳибкорзанонро аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар бар мегирад. Ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занону духтарон яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар самти ба шуғл фаро гирифтан маҳсуб ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо пайваста семинару мизҳои мудаввар доир карда мешавад, таъкид рафт зимни чорабинӣ.

Чуноне ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид дошт, дастгирии грантӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ 25 декабри соли 2007 баён гардида буданд, амалӣ карда мешавад. Натиҷаи ин аст, ки соли 2016-ум 29 нафар ва соли 2017-ум 32 нафар занон сазовори гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Бо мақсади дастгирии иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул гардида, ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ 21 гранти раиси вилоят таъсис дода шуд, таъкид рафт дар ҷамъомад. Дар ин самт грантҳои раисони ноҳияҳои Ёвон, Муъминобод ва Балҷувон низ таъсис дода шуданд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ дар ҷамъомад аз фаъолияти соҳибкорзанони вилоят, ки соли 2016 соҳиби ҷоизаву озмунҳои зиёде гардиданд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки фаъолияти соҳибкорзанон дар вилоят барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бо шуғл фаро гирифтани занону бонувон заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар хотимаи суханронӣ роҳбари вилоят ғолибони озмунро барои сазовор гардидан ба гирифтани гранти раиси вилояти Хатлон дар соли 2017 табрик намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун шаҳодатномаҳоро супурд.

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

Сипас, роҳбари Ассотсиатсияи занони соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Сабоҳат сухан намуда, азиқдомҳои неки Роҳбари давлат, фаъолияти Ассотсиатсияи соҳибкорони ҷумҳурӣ изҳори андеша намуд.

Ҳамин тавр, Тозагул Самадова, соҳибкор-зан, ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон дар соли 2016 аз ноҳияи Бохтар, Манижа Муъминова, соҳибкори ҷавон аз шаҳри Сарбанд, Зулайхо Тиллоева, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Зулайхо” аз ноҳияи Ёвон, Мавлуда Сафарова, раиси Шӯрои соҳибкорзанони шаҳри Кӯлоб, ғолиби озмуни гранти президентӣ дар соли 2014, Гулнора Камолова, ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон дар соли 2017, Робиямо Набиева, роҳбари сехи адрасбофӣ аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Ҳусния Шоинова, Раъно Назирова ба сухан баромада, доир ба фаъолияти хеш ва мушкилоту дастовардҳо андеша баён намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ба унвонии комиссияи озмуни гранти раиси вилоят 57 лоиҳа пешниҳод гардида, 21 лоиҳа беҳтарин донис-та шуданд. Боиси тазаккур аст, ки ғолибони озмуни гранти раиси вилояти Хатлон тамоми самтҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла дар самти ҳунарҳои мардумӣ дӯзандагӣ, кишоварзӣ, либосҳои миллӣ, бофандагӣ хусусан адрасбофӣ, хӯрокҳои миллӣ, чорводорӣ ва ғайраҳо таъсиси гранти раиси вилояти Хатлон заминаи боэътимод фароҳам меоварад, ки ҳам ҳунарҳои миллӣ рушд ёбаду ҳам ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.

Чорабиниро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ҳусни анҷом бахшида, иброз дошт, ки барои оғози ҳар иқдоми нек иродаи мустаҳкаму мақсаднок зарур аст, зеро ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти кишвар барои дастгирии соҳибкорзанони ватани азизамон наҷибона аст. Ва барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Роҳбари кишвар бояд соҳибкорзанон ва бонувон бештару беҳтар фаъолият намоянд.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлон барои занони соҳибкор

Озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлон барои занони соҳибкор

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор

Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА