Дар як сатр
» » БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

29-08-2019, 07:25

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода рӯзҳои 27-28 августи соли 2019 ҷиҳати шиносоӣ аз рафти корҳои омодагӣ ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз шаҳру ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Восеъ ва Кӯлоб дидан ба амал овард. Сарвазири мамлакатро дар шоҳроҳи Норак-Данғара раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон  ва дигар  масъулин пешвоз гирифтанд.

 


 

Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонии рамзи "Хӯшаи гандум” ва атрофи гулгашти он дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти "Оқсу” шинос гардида, ба масъулин, меъмору сохтмончиён, баҳри бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои бунёдкорӣ маслиҳатҳои судбахш дод.

Ҳамчунин, зимни боздид аз корхонаи коркарди шири ҶДММ "Шири Данғара” бо масъулини корхона суҳбат ороста, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ширӣ маслиҳатҳои муфид дод. Дар ҳақиқат бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ имкон фароҳам меоварад, ки аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати худӣ таъмин гардад. Дар ин баробар даҳҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё шавад. Корҳои бунёдкориву ободонӣ дар бинои Кумитаи замини ноҳия низ суръати тоза касб намуда буд. Ин бинои панҷошёнаи тозабунёд имкон фароҳам меоварад, ки кормандони муассисаи мазкур дар шароити мусоид фаъолият намоянд. Харҷи лоиҳавии бино 8 миллиону 692 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Системаи гармидиҳии ҳозиразамон васл гардидааст.

Чуноне ки Холзода Назаралӣ иброз дошт, дар ин иншоот 100 нафар сохтмончиён заҳмат кашида истодаанд. Пудратчӣ ҶСП "Иттиҳодияи истеҳсолии сохтмонии Техноинвест” буда, корҳои сохтмонӣ бо сифати аъло анҷом дода шудааст. Дар ошёнаи панҷуми бинои мазкур меҳмонхонаи хизматии дорои 16 ҷой бо шароитҳои муосир ҷойгир шудааст. Пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Кумитаи идораи замини ноҳия меҳмонон аз рафти корҳои сохтмони навбати сеюми ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу” шинос шуданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ба масъулини ширкати мазкур ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар навбати сеюми ширкат супоришҳои дахлдор дод. Ҷорӣ намудани навовариҳо метавонад ба рушди иқтисодиёт мусоидат намояд. Дар ҳақиқат бунёди корхонаҳои коркарди пахта то ба даври ниҳоӣ,  яъне истеҳсоли матоъ ва либосҳои дӯхт имкон фароҳам меоварад, ки ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Корҳои омодагӣ дар қасри фарҳанги ноҳияи Данғара ба анҷом расида, ин бинои муҳташаму зебо ва бо таври меъмории шарқу ғарб бун-ёд ёфта, бори дигар аз таъриху тамаддун ва фарҳанги бою қадимаи миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар ин қасри тозабунёди фарҳанг минбаъд ҳунармандони ноҳияи Данғара ба фаъолияти пурсамар машғул мегарданд ва даҳҳо барномаҳои фарҳангӣ таҳия намуда, пешкаши ҳаводорони санъат менамоянд.

Дар Ҷамоати деҳоти "Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят бо лоиҳаи ангораи сохтмони кохи фарҳанг ошно гардиданд. Сохтмони Кохи фарҳанг бо суръат идома дошт. Ҳадафи сохтмончиён то 9 августи соли 2021 ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва мавриди истифода қарор додани ин муассисаи фарҳангӣ мебошад. Дар ҳошияи сиёсати ободгаронаву бунёдкоронаи Роҳбари давлат соҳибкорони деҳоти Кангурт низ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри бунёди иншоотҳои хизматрасонии соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ ва маориф ҷидду ҷаҳд доранд. Дар Ҷамоати деҳоти «Кангурт» ба истиқболи санаи муҳими таърихӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 40 иншооти муҳими хоҷагии халқ дар назар аст. Бун-ёди қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти "Кангурт” низ бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст оғоз гардид. Аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбаралӣ Ғуломов дар деҳоти Кангурт бинои боғчаи бачагона пурра азнавсозӣ гардидааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкори ватанӣ Акбаралӣ Ғуломов ҷиҳати корҳои хайру бунёдкориаш изҳори сипос намуданд. Дар ҳақиқат ин ҷавонмарди саховатпеша дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурии азизамон даҳҳо адад муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ ва хизматрасонӣ сохта мавриди истифода қарор дода истодааст. Дар боғчаи мазкур низ 300 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар ин лаҳзаҳо хурсандии сокинони деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалик бинои тозабунёди фарҳангӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Маркази фарҳангӣ низ бо маблағгузории шахсони саховатпеша дар ин деҳаи дурдасти кӯҳистон қомат афрохт.

  


 

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ифтитоҳи маркази фарҳангӣ аз сиёсати оқилонаву бунёдкоронаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки дар ин самт дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор иншоотҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бунёд мегардад. То ин дам беш аз 3 ҳазор иншоотҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Бунёди муассисаи фарҳангӣ дар деҳаи Чилча низ аз сиёсати ободгаронаи Роҳбари давлат шаҳодат медиҳад. "Дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳар гӯшаву канори мамлакат садҳо иншоотҳо, корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт”,  ироа дошт Сарвазири мамлакат зимни суханронӣ дар ифтитоҳи маркази фарҳангии деҳаи Чилча. Номбурда ба сохтмончиён ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати маблағгузорӣ барои бунёди маркази фарҳангӣ изҳори ташаккур намуд.

Ҳамчунин дар доираи сафари кории Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати шаҳраки "Совет” ва Ҷамоати деҳоти "Танобчӣ” майдонҳои варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ҳақиқат варзиш маънои нерумандиву солимӣ, бардамиву дарозумрӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муарриф кардани ватанро дорад. Ин нуктаро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд. Воқеан, варзишгарони вилоят, бахусус ноҳияи Темурмалик номбардор, парчамбардори Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонист. Дар вазъияти тантанавӣ дар Ҷамоати деҳоти "Танобчӣ” ҳамчунин маркази хизматрасонӣ кушода гардид. Дар ин маркази хизматрасонӣ сехи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, таъмири пойафзол, ҳаммом  ва ошхона ҷой гирифтааст, ки беш аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.  Соҳибкор Хусрави Фаррухзод кӯшиш намудааст, ки дар ин гӯшаи дурдасти деҳот шароити мусоид барои сокинони маҳал муҳайё гардонад. Устои пояфзолдӯз Юсуфалӣ Сафаров бо қалби пурфараҳ дар утоқи барҳаво, тозабунёд, дорои шароити мусоид  ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамчунин 12 нафар бонувони маҳал паси мошинҳои дарздӯзӣ ба омода намудани либосҳои мактабӣ шурӯъ намуданд.

Дар ноҳияи Темурмалик бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур бо дастгирии соҳибкорон ва хатмкардагони муассисаи номбурда пурра таъмиру тармим гардид. Инак, фарзандони заҳматкашони деҳаи Танобчӣ минбаъд дар мактаби тозаву зебо ва аз нав таъмиргардида  соли нави хонишро оғоз менамоянд. Ҳамчунин, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №39 низ баъди азнавсозӣ дар деҳоти мазкур  дари хешро ба рӯйи толибилмон кушод.  Қоҳир Расулзода ва ҳамроҳонаш дар вазъияти тантанавӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №52-ро дар деҳаи Гулдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ ба истифода доданд. Муассисаи номбурда барои 440 нафар хонанда дар ду баст бунёд ёфтааст. Ҳамчунин  бунгоҳи тиббиро низ, ки дар шафати муассисаи таълимӣ қарор дорад,  мавриди истифода қарор доданд.

Сарвазири мамлакат зимни суханронӣ назди толибилмон, омӯзгорон ва пизишкон доир ба рушду нумӯи деҳот сухан ронда, таъкид дошт, ки ҳадафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама, таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Ҳамчунин қисмати дуюми бинои МТМУ №51, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти "Рӯдакӣ”-и ноҳияи Восеъ низ дар вазъияти тантанавӣ бо ширкати меҳмонони олиқадр, омӯзгорон, толибилмон, фаъолони ҷамоати мазкур ба фаъолият оғоз намуд. Сарвазири мамлакат аз синфхонаҳо, толори варзишӣ, утоқҳои кории омӯзгорон дидан намуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмони қисмати дуюми бинои мактаб ба бинокорон изҳори миннатдорӣ намуд ва насли наврасро барои донишандӯзӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ ва ҳисси баланди хештаншиносию ватандӯстӣ роҳнамун сохт.

Ҳамчунин дар деҳаи Шӯрчашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 барои 240 нафар хонанда дар як баст дари хешро дар арафаи соли нави хониш барои хонандагон во намуд. Муассисаи номбурда бо  иқдоми бародарон Қурбоновҳо қомат афрохта, ба ҳусни ин мавзеъ ҳусни тоза зам намуд.

Сафари кории Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб нахуст аз боздид аз боғи роҳиоҳанчиён оғоз гардид. Дар боғи мазкур корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ ва сабзгардонии атрофи боғ босуръат идома дошт. Сохтмончиёну масъулини истгоҳи "Роҳи оҳан”-и Кӯлобшаҳр  ҷидду ҷаҳд доранд, ки дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи мазкурро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ин мавзеъ корҳои сохтмонӣ, бунёдкорӣ, ободонӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дошт.

Ҳамчунин Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят аз корҳои ободониву бунёдкорӣ дар боғи марказиву фароғатӣ-фарҳангии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Сангак Сафаров, гулгашти ба номи Сафар Амиршоев, боғи ба номи Сайдалӣ Вализода, маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин, бинои коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов, маҷмааи давлатии боғи ба номи Исмоили Сомонӣ дидан намуда, бо сохтмончиён ва мутасаддиёни иншоотҳо суҳбат оростанд, баҳри бо сифати баланд анҷом ёфтани корҳои бинокорӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Рӯзи дуюм Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои сохтмонии бинои МТМУ №45-и шаҳри Кӯлоб дидан намуд. Дар ҳақиқат дар муассисаи таълимӣ сохтмончиён кӯшиш намудаанд, ки беҳтарин шароитҳо барои толибилмон ва омӯзгорон муҳайё созанд. Рафти корҳои сохтмони беморхонаи Перинатали дар маҳаллаи Борбад мавриди таваҷҷуҳи  Сарвазири мамлакат қарор гирифт. Дар ин иншоот баҳри солимии модару кӯдак тамоми шароитҳо муҳайёст. Ҳамчунин бо иштироки меҳмонони олиқадр азнавсозии шоҳроҳи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин оғоз гардид. Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб қитъаҳои «А» ва «Ф» шинос гардиданд. Тибқи лоиҳа сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб пойтахти ҷумҳуриро бо сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой пайваст менамояд. Қитъаи "А” ба масофаи 32 километр аз шаҳри Кӯлоб то ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва қитъаи "Ф” ба масофаи 26 километр аз деҳаи  Шкев то шаҳраки Қалъаи Хумби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар бар мегирад. Лоиҳаи мазкур аз моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, анҷоми он 22 феврали соли 2022 мебошад.

Ҳамчунин Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои сохтмонии қисми аввали бинои МТМУ №43 ва маҷмааи технологӣ ва инноватсионии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи М. Ҳакимов ва боғчаи кӯдакона барои 120 ҷой дидан ба амал овард. Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат ба масъулини шаҳри Кӯлоб ва ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 иншооти тозабунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Пас аз анҷоми сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар толори қароргоҳи раиси вилоят дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва фаъолон ҷаласа доир намуд. Сараввал ҳозирин ҳисоботи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзодаро шуниданд. Номбурда доир ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сухан ронда, дар ин баробар  аз рафти камбудиҳо дар ин самт таъкид ба амал овард.

Раиси вилоят аз масъулин, шахсони мутасаддӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳру вилоят нисбати омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсиш ба амал овард. Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, ки дар шаҳри Кӯлоб ба бунёди иншоотҳо диққат дода, мутаассифона, корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва тозагии гирду атрофи муассиса ва кӯчаю маҳалҳоро сарфи назар намуданд. Аз ин рӯ, роҳбари вилоят  баҳри омодагиҳои ҷиддӣ ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

 

Вахшона,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТУҲФА - ТОЛОРИ ФАРҲАНГӢ

ТУҲФА - ТОЛОРИ ФАРҲАНГӢ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛРО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР

Ҳокимияти давлатӣ

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ
ВАТАН АЗ ФАЙЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ОБОДУ ЗЕБО ШУДААСТ

ВАТАН АЗ ФАЙЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ОБОДУ ЗЕБО ШУДААСТ

Ҳокимияти давлатӣ
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА