Дар як сатр
» » НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ СОҲИБИЛМУ ДОРОИ КАСБУ ҲУНАРҲОИ МУОСИРРО БА КАМОЛ РАСОНЕМ

НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ СОҲИБИЛМУ ДОРОИ КАСБУ ҲУНАРҲОИ МУОСИРРО БА КАМОЛ РАСОНЕМ

29-08-2019, 07:22

(гузориш аз машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон)

23-юми августи соли равон дар толори театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар   машварати августии омӯзгорони вилоят  баргузор гардид.

 

Қабл аз оғози машварат намоиши дастовардҳои толибилмони вилоят дар рушди соҳаи  варзиш, нав-оварию ихтироъкориҳо, дастони моҳири хонандагон, яъне рассомию дӯзандагӣ, кандакорӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар воқеъ омӯзгор заҳмати шабонарӯзӣ мекашад, то ин ки шогирдонаш илму дониш омӯзанд. Маҳз тавассути заҳмати омӯзгорон - машъалафрӯзони дониш мебошад, ки ҳамасола садҳо нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба донишгоҳҳои олӣ шомил мешаванд. Донишмандону адибон дар ҳаққи омӯзгорон, заҳмати устодон шеъру достонҳо эҷод намудаанд. Адибони классик ва муосир нисбати ин пешаи сангин, вале самараовар асарҳо офаридаанд. Бесабаб нест, ки ҷабри устод беҳ аз меҳри падар гуфтаанд. Инак, ҳамасола моҳи август заҳмати яксолаи устодону омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф ва илм ҷамъбаст мегардад. Баргузории машварати августии омӯзгорони вилоят низ бори дигар аз меҳнати сангину пурсамари омӯзгорон шаҳодат дод.

Ҷамъомадро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки машварати августии омӯзгорон дар лаҳзаҳое баргузор гашта истодааст, ки сокинони шарафманди вилояти Хатлон, аз ҷумла аҳли илму маорифи вилоят дар рӯҳияи созандагӣ ва ободкорӣ дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайратмандона фаъолият ва кору зиндагӣ намуда, баҳри истиқболи сазовор аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои созанда намуда истодаанд.

Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  баҳри иҷрои самарабахши ин дастуру супоришҳо ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ намуда, баҳри боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, такмили омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯиҳои амалӣ ва зарурӣ андешида истодааст.

Ҳамчунин, дар ҷамъомад зикр гардид, ки баҳри вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагону донишҷӯён, мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамзамон татбиқи имтиёзҳои муқарраршудаи омӯзгорони ҷавон, дастгирӣ ва ҳавасмандсозии олимону омӯзгорони варзидаю эҷодкор ва хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбии ҳудуди вилоят корҳои муайян ба анҷом расонида шудааст.

Шурӯъ аз соли равон, зери сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ гардидани озмунҳои навтаъсиси соҳавии вилоятӣ «Беҳтарин муассисаи таълимӣ», «Беҳтарин муассисаи томактабӣ», «Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва интернатӣ», «Беҳтарин маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо», «Беҳтарин маркази технология ва коммуникатсия»,  «Беҳтарин кабинети методӣ», «Беҳтарин муаллими сол», «Беҳтарин мураббии сол», «Беҳтарин хонандаи сол» ва «Беҳтарин навовару ихтироъкори   ҷавону  навраси сол»,  инчунин дастгирии моддиву маънавии волидайн ва шахсони саховатпеша ба олимону устодони  эҷодкор, омӯзгорони варзида, хонандагони аълохон ва ғолибони ҳаракатҳои олимпии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, деҳотӣ ва таълимгоҳӣ феҳрасти нопурраи тадбирҳои болозикр мебошанд, ки ин аз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа шаҳодат медиҳанд.

Бо мақсади таъмини рушди босуботи соҳаҳои илму маориф дар вилоят наздик ба 30 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, аз қабили қонунҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатию соҳавӣ бомаром амалӣ гардида, сол аз сол ҳаҷми маблағгузории соҳа дар сатҳи вилоят афзуда, соли равон ба зиёда аз 1 миллиарду 24 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид, ки дар маҷмӯъ 60 фоизи қисми хароҷоти буҷети вилоятро дарбар гирифта,  нисбат ба соли 2018-ум 17 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин раванд, ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ, сармоягузории хориҷӣ, соҳибкорони ватанӣ, падару модарон ва дигар шахсони инфиродӣ низ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи соҳа нисбат ба солҳои қаблӣ батадриҷ беҳтар шуд, ки ин омилҳо таъсири худро ба рушди соҳа ва беҳтаршавии сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят расонида,  ҳамзамон имкон дод, ки баҳри мустаҳкамкунии заминаҳои кадрӣ, моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ дар дои-раи амалигардонии барномаҳои давлатӣ, алалхусус "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ва берун аз он тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Натиҷаи ҳамин буд, ки дар ҳафт моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 иншооти соҳа иборат аз 135 синфхона барои 3233 ҷойи нишаст дар як баст ва 3 муассисаи томактабӣ  мавриди истифода қарор дода шуда, то ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода     қарор додани 59 иншооти дигари  соҳа, ки аз 279 синфхона барои 6696 ҷойи нишаст дар як баст иборат мебошанд, ба нақша гирифта шуданд.

Ҳамчунин, корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозӣ дар 189 адад иншоотҳои соҳа зери назорат бомаром ҷараён доранд, ки дар мавриди саривақт ба истифода додани онҳо, дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 32136 ҷойи хониш зиёд мегардад.

Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти соли таҳсили 2018-2019 ҳисоби миёнаи сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят  ба 1,8 фоиз, азхудкунии барномаҳои таълимӣ 0,4 фоиз боло рафта,  мувофиқан ба 55,5 ва 99,8 фоиз ва  баҳои умумии хонандагон ба 3,6 хол баробар гардид.

Хонандагони болаёқати  шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2019  сазовори 255 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 51 медали тилло, 59 медали нуқра ва 145 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба соли 2018-ум 72 ҷойи ифтихорӣ зиёд мебошад.

Боиси хушнудист, ки дар ҳафт соли охир дар вилоят 3 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ва Муъминобод ба аттестати аълои равиявӣ ва медали тилло сарфароз гардиданд.

Вобаста ба дохилшавии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дохил ва хориҷи мамлакат пешравиҳо ба назар расида, боварӣ дорем, ки соли равон низ баъд аз ҷамъбасту натиҷагирӣ гардидани тақсимоти асосӣ ва иловагии довталабон,  дастовардҳои имсолаи шогирдон нисбат ба соли 2018, ки  мувофиқан 74 ва 47,4 фоиз, инчунин дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии хориҷи мамлакат 5 фоизи хатмкардагонро ташкил медиҳанд, зиёдтар хоҳанд шуд.

Дар ин дастовардҳо, албатта, саҳми масъулини соҳаи маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои алоҳида, бахусус марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои     вилоятӣ,   шаҳрию   ноҳиявӣ ва омӯзгорону хонандагони мактабҳои президентӣ ва мақоми ҷумҳуриявидошта, литсейю гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Данғара (72), Кӯлоб (34), Бохтар (27), Кӯшониён (14), Ҷалолиддини Балхӣ (10), Вахш (10), Хуросон (9), Ёвон (9), Левакант (9), Абдураҳмони Ҷомӣ (8), Шамсиддин Шоҳин (7), Восеъ (7) ҷойи ифтихорӣ, инчунин роҳбарияти муассисаҳои таълимии Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва гимназияи "Боғи Ҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод назаррас мебошад.

Бояд зикр кард, ки соли 2019 дар вилоят нисбат ба соли гузашта шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 7 адад,  фарогирии хонандагон 21906 нафар, омӯзгорон 1082 нафар, муссисаҳои томактабӣ 5 адад, маркази инкишофи кӯдак 50 адад, фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ 1268  нафар кӯдак зиёд гардид.

Раиси вилоят зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои соҳаи маориф сухан ронда, ҳамчунин атрофи мушкилоту камбудиҳо дар соҳа махсус таъкид ба миён овард. Инчунин, баҳри ҳаллу фасли камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, ба 70 нафар толибилмони аълохони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи беш аз 2000 сомонӣ идрорпулии раиси вилоят супорида шуд.

Ҳамчунин, ба омӯзгорони фаъ-ол ва кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд.

Дар ҷамъомад муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Исозода Диловаршоҳ сухан намуданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САТҲУ СИФАТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ФАРЗАНДОНРО БЕҲТАР НАМОЕМ

САТҲУ СИФАТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ФАРЗАНДОНРО БЕҲТАР НАМОЕМ

Ҳокимияти давлатӣ

Сифати таълим беҳбудӣ мехоҳад

Маориф ва илм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
«Ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои фарогирии хонандагон ба таҳсил  ...

«Ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои фарогирии хонандагон ба таҳсил ...

Ҳокимияти давлатӣ
Сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем

Сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем

Ҳокимияти давлатӣ
Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР