Дар як сатр
» » САТҲУ СИФАТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ФАРЗАНДОНРО БЕҲТАР НАМОЕМ

САТҲУ СИФАТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ФАРЗАНДОНРО БЕҲТАР НАМОЕМ

29-08-2019, 07:20

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2019-2020

Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодони арҷманд!

Падару модарон ва ҳамватанони гиромиқадр!

Соли равон чорабиниҳои Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави   таҳсили 2019-2020 ба арафаи таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои фархундаи миллии дарпешистодаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Дар сатҳи зарурӣ ва хотирмон баргузор кардани онҳо, баҳри сазовор ҷамъбаст намудану тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба рушди кишвар аз ҷумла вилояти Хатлон, алалхусус ба яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳиму афзалиятноки ҷомеа - маориф, мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми алоқамандони соҳа, бахусус аҳли илму маорифи вилоятро ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2019-2020, таҷлили Рӯзи донишу Дарси сулҳ ва ҷашнҳои дарпешистодаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,          25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, навҷӯию тозакорӣ ва расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва  эҷодиро таманно  менамоям.  

Мову шумо хуб медонем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Роҳбарияти Олии кишвар нисбат ба  пешрафти соҳаҳои илму маориф, алалхусус рушди неруи инсонӣ, пайваста таваҷҷуҳу ғамхориҳо зоҳир менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, инчунин дар ҷаласаҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрию мулоқотҳо ва зимни сафарҳои корӣ ба манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳри рушди босуботи соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, ҳамзамон дар рушди неруи инсонӣ ва тараққиёти давлат нақши калидӣ ва саҳми бевосита доштани кормандони соҳаро борҳо таъкид намудааст.

Аз ин рӯ, дар раванди амалигардонии чор ҳадафи стратегии миллии мамлакат (таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ  табдил  додани Тоҷикистон,  ҳифзи  амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро, ки ба саноатикунонии босуръати кишвар алоқамандии ногусастанӣ дорад), Пешвои муаззами миллат дар паёмашон таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникиро вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф дониста, ба масъулину мақомотҳои дахлдор, баҳри то соли 2021-ум ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, пурзӯр намудани назорати сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, то соли 2020 ҳаллу фасли пурра ва  босифати  мушкилоти норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, тақвият бахшидани фаъолияти курсҳои такмили ихитисоси омӯзгорон ва дар қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронидани кормандони соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  баҳри иҷрои самарабахши ин дастуру супоришҳо ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он тадбирҳои ҳадафмандро роҳандозӣ намуда, ҳамзамон баҳри боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст.

Зикр бояд намуд, ки мо имрӯз ҳадафмандона баҳри вусъат бахшидани амалигардонии барнома-ҳои давлатии марбут ба соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагону донишҷӯён, мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳамзамон амалигардонии имтиёзҳои муқарраршудаи омӯзгорони ҷавон, дастгирию ҳавасмандсозии олимону омӯзгорони варзи-даю эҷодкор ва хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҳудуди вилоят корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааем, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.

Аз ҷумла, ҳамасола дар мадди аввал ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли илму зиё дар вилоят, муқаррар гардидани квотаҳои президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии ҷавонони лаёқатманд, таъсису роҳандозӣ намудани ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, стипендияҳои номии президентӣ, раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону сарпарастон, инчунин дастгирии моддиву маънавии волидайн ва шахсони саховатпеша ба олимону устодони  эҷодкор, омӯзгорони варзида, хонандагони аълохон ва ғолибони ҳаракатҳои олимпии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, деҳотӣ ва таълимгоҳӣ феҳрасти нопурраи тадбирҳои зикршуда мебошанд.

Айни замон, дар соҳаҳои илму маорифи вилоят дар 44 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ 1342 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 50 мактабҳои президентӣ, литсейю гимназияҳо, 937 муассисаи томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак, наздик ба 50 ҳазор нафар олимону устодон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ - истеҳсолӣ ба таълиму тарбия ва омодагии касбии  зиёда аз 830 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагон ва тарбиятгирандагон ғайратмандона машғуланд.

Аз ин рӯ, мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, итминон дорем, ки соли нави таҳсил ва ҷашнҳои фархундаи дарпешистодаро кормандони соҳаи илму маорифи вилоят бо навҷӯию тозакорӣ ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва эҷодӣ  истиқбол мегиранд.

Дар робита ба ин, бори дигар тамоми алоқамандони соҳаи илму маориф, падару модарон ва сокинони вилоятро ба оғози соли нави таҳсили 2019-2020, Рӯзи донишу Дарси сулҳ ва ҷашнҳои фархундаи дарпешистодаи кишвар табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, фазилатҳои неки илму адаб, дониш ва касбу ҳунаромӯзиро таманно  менамоям.

Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишу Дарси сулҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ СОҲИБИЛМУ ДОРОИ КАСБУ ҲУНАРҲОИ МУОСИРРО БА КАМОЛ РАСОНЕМ

НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ СОҲИБИЛМУ ДОРОИ КАСБУ ҲУНАРҲОИ МУОСИРРО БА КАМОЛ РАСОНЕМ

Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
«Ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои фарогирии хонандагон ба таҳсил  ...

«Ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои фарогирии хонандагон ба таҳсил ...

Ҳокимияти давлатӣ
Сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем

Сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем

Ҳокимияти давлатӣ
Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм