Дар як сатр
» » НАЙРАНГҲОИ ХОИНОНАИ ТЭТ ҲНИ

НАЙРАНГҲОИ ХОИНОНАИ ТЭТ ҲНИ

29-08-2019, 09:49

Гурӯҳҳои мухолифи давлат, сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳар роҳу восита мавриди интиқод ва туҳмат қарор дода, мехоҳанд дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон таъсиргузор бошанд.

 Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо ақидаҳои зиддимиллию зиддидавлатӣ ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабтҳои кутоҳ, мақолаҳои бефакту далели подарҳовои худро гузошта мехоҳанд, ки қишри осебпазири ҷомеа, бахусус ҷавононро ба доми найрангҳои сиёсии худ андозанд. Бадбахтона бо сиёсати ғайримунсифонаю маккорона сари садҳо ҷавонони тоҷикро ба бод додаю дар қасру кушкҳои аврупоӣ  давлат меронанд ва чун сирру асрорашон бознигарӣ мешавад, ба қавле, худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон вонамуд сохта, аз якдигар мусичаи бегуноҳ месозанд.

Вале, дар асл мақсаду марори онҳо дигар буда, хостгори онанд, ки ватани азизи мо, ки имрӯзҳо бо Сарварии фарзанди баору номуси миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гашта истодааст, ба оромии ин ватан халал расонанд. Аммо халқи тоҷик дигар ба дасисаҳои ин гурӯҳи хоинона бовар надоранд ва намегузоранд, ки дар кишвари ободу зебои аждодиашон ин нохалафон ва хоинони ватан чашм аъло кунанд. Ин доду фиғоне, ки тариқи сомонаҳои ифротии худ мекунанд, хаёл доранд, ки халқи тоҷик ба онҳо ва сагбачаҳояшон боварӣ доранд. Не, онҳо ҳаргиз бовар намекунанд, чунки халқи тоҷик аллакай медонанд, ки шумо бо кадом роҳу восита моро ба ҷангу иғво андохта будед.   Як маротиба мамлакатамон ба порчаҳо тақсим гашта аз изи пояи давлатдорӣ асаре намонда буд. Тоҷикистон макони терроризму экстремизм гардида, бо ҳар роҳу восита гурӯҳҳои манфиатҷӯ бозиҳои нопоконаи худро дар сарзамини мо роҳандозӣ менамуданду хоки муқаддаси моро мавриди озмоишгоҳ қарор дода буданд. Хуллас, миллат ба умқи чоҳи аҳриманӣ ва зимоми ҳукмронӣ дар дасти заҳҳокони даврӣ афтода буд.

Кинаву адоват, бухлу ҳасад ҷойгузини сулҳу субот ва меҳру адолат гардида буд. Давлату миллат ба дастгирии сарваре чун Африддуну Коваи замонро ниёз дошт. Он қрбинону нотавонбинони миллати тоҷик Тоҷикистонро ба коми оташи ҷанг кашида тавонистанд, аммо як чизро фаромӯш сохтаанд, ки миллати тоҷик назди парвардигор миллати назарианд.

Ба мардуми бо нангу номуси тоҷик гуфтаниам, ки чиқадар ҳушёр бошем ва ба дурӯғҳои аъзои фирории ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ ҳеҷ гоҳ бовар накунем. Ба қадри пойдории сулҳу ваҳдат, хандаи ширини модарону кӯдакон ва оромӣ дар кишварамон бирасем. Ба дасисаҳои бадхоҳони ватани азизамон ҳаргиз дода нашавем. Шукронаи ҳаёти осудаи кишварро кунем ва баҳри ободӣ ва пешравии давлатамон ҳамеша саҳмгузор бошем.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷавонони саодатманд ва наҳзатиҳои шарманда

Сиёсат

Ба пуштибонии Фаридун Воҳидов (Ҷавобгунае ба палидаке бо номи Илҳом Ёқубов)

Хабарҳо, Сиёсат

Ба пуштибонии Фаридун Воҳидов (Ҷавобгунае ба палидаке бо номи Илҳом Ёқубов ...

Хабарҳо

То риё варзаду солус, мусулмон нашавад

Хабарҳо
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо