Дар як сатр
» » МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРИИ SIM-КОРТҲО ТАМДИД ШУД

МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРИИ SIM-КОРТҲО ТАМДИД ШУД

26-08-2019, 06:44

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои нави ID то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд. Ин иттилоро дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд.

То 16 августи соли равон дар ҷумҳурӣ 2 миллиону 350 ҳазору 337 SIM-корт тавассути шиносномаи нав – ID ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 6,8 миллион нафар шаҳрвандони мамлакат истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ буда, аз ин омор 4,8 миллион нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Дар асоси дастури Ҳукумати кишвар SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ танҳо дар сурате ба номи соҳибаш аз нав ба қайд гирифта мешаванд, ки дорои шиносномаи нав - ID бошанд.

Аз соли 2014 то инҷониб 2 миллиону 386 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ соҳиби шиносномаҳои нав - ID гардидаанд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат нуқтаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ фаъолият доранд, ки соати кории онҳо аз 8:00 то 22:00 ба роҳ монда шудааст.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Магар қимат шудани нархи интернет дар доираи манфиатҳои миллист?

Хабарҳо

Шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ афзоиш ёфтааст

Ҳаёти иҷтимоӣ

Амалиёти «Нелегал-2018» дар Хатлон

Хабарҳо
Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ба Русия - танҳо бо шиносномаи хориҷӣ

Ба Русия - танҳо бо шиносномаи хориҷӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо