Дар як сатр
» » 2000 СОМОНӢ - МУКОФОТ БА ОМӮЗГОРИ КИТОБХОН

2000 СОМОНӢ - МУКОФОТ БА ОМӮЗГОРИ КИТОБХОН

24-08-2019, 05:42

Ба барандаи шоҳҷоизаи даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ..» дар ноҳияи Ёвон омӯзгор Фарзона Темурова 2000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Тавре ки аз дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур доир шуд. Раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода зимни табрики ғолибон даъват кард, ки онҳо ҳамсолон ва ёру рафиқони худро ба китобдӯстию китобхонӣ ташвиқ намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бо мукофотҳо сарфароз намудани беҳтарин китобхонҳо 10 ҳазор сомонӣ ихтисос дода, ҳар яки онҳоро бо туҳфаҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳо қадрдонӣ кард.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...

Маориф ва илм

Қадрдонии варзишгарони муваффақ дар Ёвон

Ҷавонон ва варзиш
Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

Ҳокимияти давлатӣ
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шудани се нашрияи вилоят

Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шудани се нашрияи вилоят

Хабарҳо