Дар як сатр
» » БОЗДОШТИ МУҲАНДИС - ЗАМИНСОЗ БО ГУМОНИ ҚАЛЛОБӢ

БОЗДОШТИ МУҲАНДИС - ЗАМИНСОЗ БО ГУМОНИ ҚАЛЛОБӢ

24-08-2019, 00:42

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз дастгиршавии сармутахассис, муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бо гумони қаллобӣ хабар дод.

Ба иттилои дафтари матбуотии ниҳоди мазкур, Худоёр Гулов моҳи июни соли 2019 аз шаҳрванд «А» барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,45 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои ноҳияи Хуросон 6000 сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 1000 сомонӣ гирифта, боз овардани боқимонда 5000 сомонии дигарро хостааст. «Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Гулов Х.Қ. баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани боқимонда 5000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд», зикр кард манбаъ. Нисбати номбурда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баъди анҷоми тафтиши пешакӣ, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боздошти зани 40-сола бо гумони қаллобӣ

Хабарҳо

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТ БО ГУМОНИ ТАЛАБИ ПОРА

Хабарҳо
Боздошти раиси ҷамоат

Боздошти раиси ҷамоат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА