Дар як сатр
» » ЗИЁДА АЗ 3000 ҶАВОН - СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМАИ РОНАНДАГӢ

ЗИЁДА АЗ 3000 ҶАВОН - СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМАИ РОНАНДАГӢ

23-08-2019, 00:41

Зиёда аз 3 ҳазор нафар ҷавонписарони минтақаи Кӯлоб аз ҷониби ҶСП «Пойгоҳи автоматикунонидаи Кӯлоб» соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, аксари онҳо барои хизмат ба Ватан ба қисмҳои ҳарбӣ бо касби ронанда равон гардиданд.

Ба иттилои Зафар Табаров, сарвари ҷамъияти мазкур, мактабҳои омӯзиши ронандагӣ дар ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Шамсиддини Шоҳин, Фархор, Восеъ ва дигар ноҳияҳои минтақа, ҷамъан 26 муассисаи таълимии ронандатайёркунӣ, фаъолият намуда, ҷавононро ба омӯзиши ин касб ҷалб менамоянд. Дар ин пойгоҳ имтиҳонҳо ба таври автоматикӣ гузаронида шуда, дар бино 2 синфхонаи назариявӣ ва 1 синфхонаи амалӣ фаъоланд. Ин синфхонаҳо бо тамоми таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда, ба довталабони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АМАЛИСОЗИИ 12 ЛОИҲАИ МАКТАБӢ ДАР ХАТЛОН

Хабарҳо

КӮЛОБ: ТАЪСИСИ 2270 ҶОЙИ КОР ДАР ЯК СОЛ

Хабарҳо
Вусъати умури даравгарӣ дар минтақаи Кӯлоб

Вусъати умури даравгарӣ дар минтақаи Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
БДА: «То 1 декабр шаҳодатномаро иваз кунед»

БДА: «То 1 декабр шаҳодатномаро иваз кунед»

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Корвони саломатӣ» ба деҳоти дурдасти Хатлон расид

«Корвони саломатӣ» ба деҳоти дурдасти Хатлон расид

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА