Дар як сатр
» » ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ САРМО ТАШВИШОВАР АСТ

ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ САРМО ТАШВИШОВАР АСТ

20-08-2019, 10:35

Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардорони раёсат, идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои молия, омор ва дигар намояндагони соҳаҳо ширкат доштанд.

 

ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ САРМО ТАШВИШОВАР АСТ

 

Ҷамъомадро муовини аввали раиси вилоят Хайрулло Амонулло ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон омодагиҳоро ба фасли тирамоҳу замистони солҳои 2019-2020 бояд аз имрӯз оғоз намоем, мутаассифона, на дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо бандҳои нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба фасли тирамоҳу замистон амалӣ гашта истодааст.

Дар бораи вазъи омодагӣ ба фасли сармо ҳозирин ҳисоботи сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Давлатхӯҷа Мирзоевро шуниданд. Номбурда доир ба вазъи омодагиҳо ба фасли тирамоҳу замистони солҳои 2018-2019 ибрози назар намуда, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар аксар муассисаҳои таълимӣ масъулин ангишти бесифат захира намуда буданд. Замистони соли гузашта он қадар хунук набуд, бо вуҷуди ин, камбудиҳо дар ташкилоту муассисаҳо ба чашм расиданд.

Аз ин рӯ, бояд воридоти  ангиштро ҷамъияти матлубот ба зимма гирифта, маҳсулоти аълосифатро ба муассисаҳои соҳаи маориф пешниҳод намояд. Номбурда, оид ба вазъи кунунии омодагӣ ба фасли тирамоҳу замистон сухан ронда, ёдовар гардид, ки маблағҳо барои харидории сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт ба соҳаи маориф бояд дар семоҳаи якум ва дуюм ба ташкилоту муассисаҳо пешниҳод мегардид. Мутаассифона, нисбати ин масъала аз ҷониби шуъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳо саҳлангорӣ зоҳир намуда,  то ҳанӯз маблағҳои зарурӣ ҷудо нагардидааст. Тавре ки дар Ситод таъкид рафт, қарзи неруи барқ низ дар вилоят ба 626 миллион расида, омодагии шабакаҳои барқиро ба фасли тирамоҳу замистон мушкил гардонидааст. Бештари қарзҳои напардохтаи ҳаққи хизмати истифодаи барқ ба шаҳру ноҳияҳои Норак, Бохтар, Кӯлоб, Леваканд, Ҷомӣ, Вахш, Восеъ, Темурмалик, Фархор, Носири Хусрав рост меояд.

Аз 11 дегхона ҳамагӣ як адад фаъолият дорад. Ин ҳам дар ноҳияи Темурмалик мебошад, зикр гардид зимни ҷаласа. Ҳамин тавр, дар ҷаласаи Ситоди омодагӣ ба фасли тирамоҳу замистон нисбати соҳаи кишоварзӣ низ таъкид ба миён рафт. Тавре ки зикр гардид, на ҳамаи ферма ва кашарҳои чорводорӣ таъмир гардидаанд. Захираи воҳиди хӯроки чорво низ таъмин нест. Сипас, аз масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту муассисаҳои марбута доир ба ҳолати омодагӣ ба фасли тирамоҳу замистон пурсиш ба амал оварда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин супоришҳои мушаххас дода шуд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ САРМО ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

Ба фасли сармо омода бошем

Хабарҳо
«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд б ...

«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд б ...

Ҳокимияти давлатӣ
Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА