Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

18-08-2019, 10:34

Субҳи 14-уми августи соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон бо сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташриф овард.

Тибқи барномаи сафари корӣ раиси вилоят баъд аз шиносоӣ аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки фаъолон ва ҳайати гурӯҳи корӣ ҷаласаи сайёр барпо намуд.

Раиси ноҳия Амиршозода Тоирхон Темур оид ба омодагиҳо ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ахборот дод.

Зимни ҷаласа оид ба омодагиҳои ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва иҷроиши Амри Президенти мамлакат оид ба омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора гардид. Инчунин, доир ба сохтмони майдончаи варзишӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот, бинои прокуратура ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ маълумот дода шуд.

Доир ба масъалаи дуюми ҷаласа раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон оид ба ташкили ситоди ноҳиявӣ ва назорат бурдан, сари вақт омодасозии иншоотҳои ҷашнӣ, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани корҳои бунёдкорӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат додан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сипас, раиси вилоят бо ҳайати гурӯҳи корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд. Дар доираи сафари корӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ аз ободонию бунёдкории шаҳру ноҳияи Кӯлоб дидан ба амал оварданд. Баъди шиносоӣ дар толори маҷлисгоҳи қароргоҳи раиси вилоят дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёр бо иштироки фаъолон ва мудирони бахшҳои вилоятиву минтақавӣ ва шаҳрӣ барпо гардид.

Дар оғоз ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 28-солагӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва амалӣ намудани нақша - чорабиниҳо доир ба ҷашнҳои номбурда шунида шуд.

Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани 36 иншоот дар назар дошта шудааст. «Барои зебо ва тозаю озода гардонидани 166 бинои баландошёнаи истиқоматии шаҳрвандон корҳои тармиму азнавсозӣ ва рангубор кардани намуди берунаи онҳо идома дорад», - афзуд раиси шаҳр.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ оид ба иншоотҳои шаҳр сухан гуфта, масъулони шаҳру ноҳия ва вилоятро вазифадор намуд, ки ин камбудиҳоро дар давоми 20 рӯз бартараф намоянд. Инчунин, доир ба сабзгардонии гирду атроф кишти такрорӣ, чароғонкунӣ, гулшинонӣ, интихоби рангубори диққатҷалбкунанда барои ҳусни берунаи биноҳои марказии истиқоматӣ ва муассисаҳои давлатӣ, таъмири биноҳои маъмурии давлатӣ, омодасозии меҳмонхонаҳо барои қабули меҳмонон ва дигар масъалаҳои марбута изҳори назар намуда баҳри рафти камбудиҳо дастур дод.

Ҷаласаи сайёр бо қабули қарорҳои дахлдор кори худ-ро анҷом дод.

БахтиёрСафаров,

сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо

БАРРАСИИ ОМОДАГИҲО БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо
Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб

Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА