Дар як сатр
» » ҲАДАФ: ХИРМАНИ БОШУКӮҲИ «ТИЛЛОИ САФЕД»

ҲАДАФ: ХИРМАНИ БОШУКӮҲИ «ТИЛЛОИ САФЕД»

20-08-2019, 08:33

Пахта ягона маҳсулоти кишоварзиест, ки аҳамияти стратегӣ дошта, барои баланд гардидани сатҳи иқтисодӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоварад. Дар ҳақиқат амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии кишвар аз истеҳсоли пахтаи аълосифат вобастагии зич дорад.

Зеро, агар мо ашёи хом, яъне пахтаро дар худи ҷумҳурӣ коркард намоем, шурӯъ аз нахи пахта, ришта, матоъ то дар  корхонаҳои дӯзандагӣ омода намудани либосҳои шинаму зебои пахтагин имкон фароҳам меоварад, ки садҳо ҷойҳои нави корӣ бунёд гардаду маҳсулоти тайёр ба дохилу хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда шавад. Ин нуктаро кишоварзони вилоят хуб дарк намуда, соли равон дар майдони беш аз 122 ҳазор гектар навъҳои беҳтарину серҳосили пунбадонаро кишт карда, ба коркарди саривақтии зироатҳо имкон фароҳам овард, ки ҳосилбандии ниҳолони пахта мувофиқи матлаб гардад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ ва Ҷайҳун сафари корӣ дошт ва бо ширкати роҳбари вилоят деҳқонони хоҷагиҳои ноҳияҳои мазкур ба ҷамъоварии "Тиллои сафед” оғоз бахшиданд. Хоҷагии тухмипарварии ба номи С. Ҷумъаеви ноҳияи Ҷ. Балхӣ аз зумраи хоҷагиҳои калонтарини пахтакор ба ҳисоб меравад. Саҳмдорони хоҷагӣ солиёни зиёдест, ки дар кишту парвариш ва рӯёнидани ҳосили пахта таҷрибаи бой доранд. Аҳли заҳмат бо як хушнудӣ ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахтаи бо сад ранҷ парваришнамудаи худ шурӯъ намуданд. Деҳқонон имсол парвариши ниҳолони пунбадонаро бо усули обдиҳии қатрагӣ ба роҳ монда буданд, ки ин таҷриба самараи хуб ба бор овард.

Чун анъанаи неки деҳқонӣ ба хотири ҳавасмандиву дастгирии пахтакорон дар оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ парваридаи кишоварзон, раиси вилоят ва масъулини ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо саҳмдорони хоҷагии мазкур вохӯрӣ намуда, ба онҳо сарулибос тақдим карданд ва дар ҷодаи саривақт ва беталаф ҷамъ овардани маҳсули заҳмати беш аз чормоҳаашон барору комёбӣ таманно намуданд. Дар ин баробар, ҳамчунин саҳмдорони хоҷагиҳои дигари пахтакори ноҳия ба ҷамъоварии ҳосил оғоз бахшиданд.

Аз рӯйи мушоҳида ва таҷриба аз солҳои қаблӣ тавре, ки мутахассисони ноҳияи Ҷ. Балхӣ иброз доштанд, соли равон деҳқонон илова ба дурнамои муайянгардидаи истеҳсоли солона бештар ҳосили «Тиллои сафед» ҷамъ меоваранд. Дар ҳақиқат, рушди соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Зиёд намудани истеҳсоли пахта имкон фароҳам меоварад, ки корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла, коркарди пахта фаъолияти пурсамар дошта бошанд, дар ин замина корхонаҳои ресандагӣ низ бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин мегарданд. Яъне, рушди соҳаи пахтакорӣ ҷиҳати баланд гардидани сатҳи иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад.  Ба ин хотир, сол то сол дар вилоят кишти  майдони пунбадонаро афзун гардонида, ҳосилнокии «Тиллои сафед»-ро баланд мебардоранд. Дар ноҳияи Ҷайҳун низ имконияту захираҳои истифоданашуда дар ин самт зиёд-анд.

Тайи чанд сол аст, ки масъулини иттиҳодияи истеҳсоливу аграрии «Водии заррин» нисбати ин масъала камари ҳиммат бастаанд ва аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва ташналаб 4 ҳазор гектар заминро ба гардиши кишоварзӣ дароварда, ҳосили баланди зироатҳои гуногун,  аз ҷумла пахта ба даст меоранд. Директори иттиҳодияи «Водии заррин» дар ноҳияи Ҷайҳун Фирдавс Валиев баён дошт, ки дар ҳудуди беш аз 3 ҳазору 600 гектар замин кишти пунбадона тариқи обдиҳии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар майдонҳои васеи пахтазори иттиҳодияи аграрии «Водии заррин» нашъунамо ва ҳосили пахта хеле хуб буда, тибқи муайянсозии ҳосили интизории пахтакорон беш аз 40-сентнерӣ мебошад.

Тавре ки ҳангоми оғози ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2019 ба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иттиллоъ доданд, дар баробари чиниши дастӣ ҳамзамон ҳосили беш аз 3 ҳазор гектар заминҳои пахтазор тавассути техникаи ҳосилғундор ҷамъоварӣ карда мешавад. Саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун ҷидду ҷаҳд доранд, ки ҳосили бо заҳмати зиёд парваришнамудаи хешро сари вақт ва бо сифати баланд ҷамъ оварда, дар оростани хирмани бошукӯҳӣ 275 - ҳазортоннаи вилоят саҳми муносиби хешро гузоранд.

 

А. САФАРОВА,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истеҳсоли пахта кам шуд, аммо коркарди он бештар

Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ