Дар як сатр
» » САҲМИ ШӮРО ДАР РУШДИ ҶОМЕА

САҲМИ ШӮРО ДАР РУШДИ ҶОМЕА

19-08-2019, 08:31

Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилоят ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар кори ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилоят, раисони Шӯрои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд.

  

САҲМИ ШӮРО ДАР РУШДИ ҶОМЕА


Чорабиниро раиси вилоят,  ҳамзамон раиси Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Аз рӯйи масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо ҷомеа Сафолзода сухан намуда иброз дошт, ки рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум замина гузошта, он муаррификунандаи фарҳанг, ҳунар ва табиат мебошад. Тибқи иттилои рӯзномаҳои бонуфузи хориҷи  кишвар Тоҷикистон бо табиати нотакрори хеш миёни ҳашт давлати абарқудрат дар ҷойи  аввал қарор дошта, ҷиҳати соҳаи туризм  беназир аст. Рушди соҳаи туризм имкон медиҳад, ки сатҳи иқтисодӣ баланд ва некуаҳволии сокинони мамлакат беҳтар гардад. Ҳадаф аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити хуб барои ҳунармандон ва рушди инфрасохтори деҳот, ба ҷойи кор таъмин гардидани аҳолӣ мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки ҳадаф ва вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон таҳия, қабул ва ирсоли пешниҳод ва тавсияҳо буда, пеш аз ҳама мусоидат дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, муқовимат алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, мубориза бо терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза алайҳи ҳодисаҳои коррупсионӣ ба шумор меравад. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ тибқи нақшаҳои Шӯро баҳри дар амал татбиқ гардидани сиёсати Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Тибқи нақшаи фаъолият Шӯрои ҷамъиятӣ мафҳилҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар мавзӯи ҳамкориҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон, ҳамчунин тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳимояи амнияти давлатӣ ва ташвиқи ваҳдати миллӣ дар миёни ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо чорабиниҳои маърифативу омӯзишӣ доир менамоянд.

Ин аст, ки дар ҷаласаи навбатӣ доир ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мубодилаи афкори иштирокчиёни чорабинӣ ба амал омад. Раиси вилоят зимни суханронӣ ба масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони Шӯрои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо оид ба пешниҳоди саривақтии ҳисобот доир ба фаъ-олият, беҳтар намудани доираи ҳамкориҳои Шӯроҳои ҷамъиятӣ бо дигар ниҳодҳо супоришҳои мушаххас дод.

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба рушди туризм

Хабарҳо

Дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат саҳмгузор бошем

Ҳокимияти давлатӣ
Ҳамкорӣ ҷинояткориро коҳиш медиҳад

Ҳамкорӣ ҷинояткориро коҳиш медиҳад

Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА