Дар як сатр
» » МУЛОҚОТИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БО ДАН ЗАН

МУЛОҚОТИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БО ДАН ЗАН

19-08-2019, 11:30

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Ширкати "Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан ва ҳамроҳонаш доир гардид.

МУЛОҚОТИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БО ДАН ЗАН

Дар вохӯрӣ нақшаи дурнамои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки дар доираи ёддошти тафоҳуме, ки байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ширкати мазкур амал менамояд дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Фархор, Шаҳритуз ва Ҷ. Балхӣ марказҳои ташхисию табобатӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷҷаҳаз гардонида, ба ин марказҳо мутахассисони соҳибтахассус ҷалб мегарданд.

Намояндаи Ширкати "Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан зимни баромади худ, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки омодаанд фаъолияти ин марказҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монанд. Ҳамчунин, барои таъмин намудани марказҳои ташхисию табобатӣ мутахассисони маҳаллиро омода намоянд.

Сипас, раиси вилоят Ҳаким-зода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои бештар изҳори умедворӣ намуда, иброз намуданд, ки дар баробари фаъолияти хуби ширкати мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омодааст дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷудо намудани маконҳои муносиб барои сохтмон ва ба истифода додани марказҳои ташхисию табобатӣ мусоидат намояд.

Баҳром МИРОВ

Аксбардор Умед МУРОДОВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БЕҲТАР НАМУДАНИ УСТУВОРИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

Ҳокимияти давлатӣ
Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нигаронӣ аз фаъолияти корхонаҳо

Нигаронӣ аз фаъолияти корхонаҳо

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ширкати чинӣ дар Данғара ва Ҷиликӯл корхонаҳои коркарди пахта месозад

Ширкати чинӣ дар Данғара ва Ҷиликӯл корхонаҳои коркарди пахта месозад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА