Дар як сатр
» » БА МАРДУМ САБУКӢ ОВАРДАН ҶАВҲАРИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ МЕБОШАД

БА МАРДУМ САБУКӢ ОВАРДАН ҶАВҲАРИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ МЕБОШАД

10-08-2019, 06:31

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон  Ҳакимзода

ба муносибати иди саиди Қурбон 11 августи соли 2019

Ҳамватанони  азиз!

Шуморо ба муносибати фаро расидани иди саиди Қурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори нек орзумандам.

Истиқлолияти давлатии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  барои  зинда ва  эҳё  намудани анъана,  расму  оин, ҷашну идҳо  ва  суннатҳои миллию  динӣ, озодона  ва бемамоният  ба  ҷо овардани маросим тамоми  имкониятро  фароҳам ва муҳаё намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон басо бамаврид қайд кардаанд, ки «Ин ид, тавре, ки аз ном ва таърихи пайдоиши он бармеояд, суннати адои намози ид, инчунин, қурбонӣ кардану ба ҷо овардани фаризаҳои ҳаҷ танҳо барои онҳое, ки қудрату тавоноии  моддӣ, яъне дасти дароз доранд ва соҳиби рӯзгори серу пур мебошанд, ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, фақат онҳое метавонанд ба ҳаҷ раванд ё қурбонӣ кунанд, ки дар зиндагии худ ҳеҷ мушкилӣ надоранд, аҳли хонадон ва фарзандонашон аз ҳар лиҳоз таъмин мебошанд»

Имсол дар арафаи иди саиди Қурбон зиёда аз 1500 нафар сокинони вилоят бо нияти маросими адои ҳаҷ ба Маккаи Мукаррамаю Мадинаи Мунаввара рафтанд. Умед дорем, ки онҳо баъди бозгашт ба Ватан дасти сахо ва ёрмандиро аз эҳтиёҷмандон дареғ намедоранд, мутобиқи рисолати накӯи ҳоҷиён барои таҳкими сарфакорӣ ва инсоф кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. Аз ин лиҳоз, дар масъалаи қурбонӣ кардан дар рӯзи иди Қурбон ҳар кас бояд имкониятҳои худро ба назар гирад, тақлиди бемаънӣ ва исрофкорӣ накунад.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кории худ ба вилояти Хатлон, аз ҷумла ба ноҳияи Ховалинг бори дигар дар бораи ҳикматҳо ва баргузории иди саиди Қурбон сухан ронда таъкид намуданд, ки: «Ҳикмати аслии иди Қурбон аз он иборат аст, ки мусулмонон дар замири худ бо роҳи ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб ба Худои таоло наздикӣ меҷӯянд ва бо ризоияти ӯ умед мебанданд. Ҳамчунин, ҳангоми баргузории ид ва оростани дастурхони идона  мо бояд аҳкоми шариатро дар хусуси зиёни исрофкорӣ риоя кунем ва фармудаи Қуръони каримро, ки исрофкоронро бародарони шайтон шуморидааст, аз ёд набарорем»

Ҳар нафари мо бояд сари ин масъала андеша кунем ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ба мардум сабукӣ овардан ҷавҳари дини мубини Ислом мебошад.

Паёмбари ислом низ мефармояд, ки мусулмони комил бояд аз ду амр ҳамонеро интихоб кунад, ки ба мардум сабукӣ меорад.

Савоби бузургтарин дар ин айём хайру саховат нисбати бечорагон афтодаҳолон, ятимон, ниёзмандону  муйсафедон ва бепарасторон мебошад. Зеро пайғамбари ислом дар ҳадисҳои худ фармудаанд, ки садақа додан ба дороён ва касоне, ки қудрати кор кардан доранд, ҳалол нест.

Ҳар фарде, ки дар ин рӯзҳо сари ятимеро навозиш кунад, дасти фитодаеро бигирад, ҳоҷати барҷомондаеро барорад, савобаш аз савоби тавофи хонаи Каъба камтар нахоҳад буд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд барои сабукӣ овардан ба мардум тамоми чораҳоро биандешем ва насли наврасро  дар руҳияи баланди инсондӯстӣ, омӯхтани илм ва садоқат ба ватан тарбият намуда, ба воя расонем

Бори дигар фарорасии  иди саиди Қурбонро ба ҳамаи Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва хушиҳои зиндагиро орзу намуда,  хоҳони онам, ки ҳамеша сарбаланду, комёбу муваффақ бошед.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

21 август-таҷлили иди қурбон

Хабарҳо
Дар рӯзи иди Қурбон бештар ба некию аъмоли хайру савоб таваҷҷуҳ кунем

Дар рӯзи иди Қурбон бештар ба некию аъмоли хайру савоб таваҷҷуҳ кунем

Хабарҳо
Иди фитр инсонро ба бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят ме ...

Иди фитр инсонро ба бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят ме ...

Ҳокимияти давлатӣ
Аз аҳволи ятимону бепарасторон ғофил намонем

Аз аҳволи ятимону бепарасторон ғофил намонем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Барои татбиқи фазилатҳои Иди Фитр ва аркони ислом кӯшиш ба харҷ диҳем

Барои татбиқи фазилатҳои Иди Фитр ва аркони ислом кӯшиш ба харҷ диҳем

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо