Дар як сатр
» » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

10-08-2019, 06:27

Ифтитоҳи осорхонаи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар мавзеъи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг

  

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

 

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст.

Корҳои сохтмонии бино моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, бинокорони маҳаллӣ тавонистанд дар кӯтоҳтарин муҳлат онро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми созандаи соҳибкорону шахсони ватандӯст изҳори минатдорӣ намуда, бунёди чунин иншооти фарҳангиро дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» туҳфаи арзишманд маънидод карданд.

Бинои осорхона аз ду ошиёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

  

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

 

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар инҷо 1893 адад нигораҳо, аз ҷумла 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон маҷуд аст.

Феълан дар ин осорхона ашёҳо аз рузғор ва фаъолияти ин Қаҳрамони халқи тоҷик ва маснуоти миссӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд.

Ҳамчунин пайкараи ин Қаҳрамони қалқи тоҷик дар рӯ ба рӯи бинои нав бо баландии 6 метр гузошта шудааст, ки нишона аз эҳтироми баланд ба гузаштагони миллат мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2015 ба осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуда, Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» номгузорӣ карда шудааст.

Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» ҳамчунин меҳмонхона барои қабули 28 нафар дар як вақт бунёд гардидааст.

Навсозии ин мавзеъ барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба маконҳои таърихию фарҳангӣ ва шиносоии бештари тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён замина фароҳам хоҳад овард.

Ифтитоҳи Меҳмонхонаи «Султон» ва зиёрати Оромгоҳи Султон Увайс дар ноҳияи Ховалинг

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ


8-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар ҳудуди Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ Меҳмонхонаи «Султон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз ин мавзеи таърихӣ дидан ва зиёрат намуданд.

Меҳмонхонаи «Султон» дар ҳудуди ин макони таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар бо тарҳи зебо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исмоил Садиров ва Маҳмадалӣ Раҳимов дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 9 моҳ сохта шудааст.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт имкони хидмат расонидан ба 16 нафарро дорад ва бо ифтитоҳи он боз 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои анҷомшуда ва шароити муосири хидматрасонӣ дар ин меҳмонхона ба сайёҳону меҳмонон дар ин ҷо ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки шароити хидматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат сол аз сол бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар ва иқдоми соҳибкорони ватандӯст беҳтару хубтар мегардад.

Меҳмонхонаи «Султон» бо харҷи 1,3 миллион сомонӣ аз ҳисоби пасандозҳои соҳибкорон сохта шуда, дорои 8 ҳуҷра бо тамоми шароити муосири хидматрасонӣ мебошад.

Масоҳати меҳмонхона 169 метри мураббаъро дар бар гирифта, атрофи он дар доираи иқдомҳои созанда сабзу хуррам гардонида шудааст ва бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани истироҳату фароғати мизоҷон дар ҳудуди ин иншооти муосири хидматрасонӣ 3 айвонча бунёд гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва дигар иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллӣ дар ин макони таърихӣ баҳои арзанда дода, масъулинро ҷиҳати боз беҳтару хубтар намудани шароит ва муаррифии меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба сайёҳони хориҷӣ дастур доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи ин меҳмохона дар ҳудуди мамнуъгоҳ оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва садодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.

Ормогоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он ба ҳисоби миёна аз 400-500 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд.

Тибқи маълумоти масъулин танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудааст ва аз табибати нотакрори ин мавзеъ ҳаловат бурдааст.

Тавре таъкид гардид, ҳудуди Мамнуъгоҳ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардонида шуда, танҳо соли равон ба масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи Оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг макону мавзеъҳои зиёди таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ мавҷуд аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Сарвари фарҳангпарвари мамлакат мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифта, сатҳу сифати хидматрасонӣ дар онҳо барои меҳмонони дохилию хориҷӣ бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст.

Бо ҳамин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг анҷом ёфт ва сокинони сарбаланди ин минтақаи дилфиреби Ватан Сарвари ғамхору раъйиятпарвари худро бо самимияту муҳаббати беандозта гусел намуданд.

 

www.president.tj

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Хабарҳо, Сиёсат
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Хабарҳо, Сиёсат
САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Хабарҳо, Сиёсат
Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ

Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ

Туризм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР