Дар як сатр
» » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

10-08-2019, 06:04

Ифтитоҳи шуъбаҳои нав дар Беморхонаи марказӣ

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

 

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави тандурустӣ дар ноҳияи Ховалинг аз ду ошёна иборат буда, дорои 40 кати хоб ва ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг дидан намуда, бо шароити муосири муҳайёгардида дар онҳо аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз ҷониби Кооперативи истеҳсолӣ – тиҷоратии «Нигини Сулаймон» анҷом дода шуда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Дастгоҳу таҷҳизоти шуъбаҳои нави беморхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон харидорӣ гардида, аз ҷониби мутахассисони соҳа васлу насб карда шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муосири хизматрасонӣ дар ин бинои муосири тандурустӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, ба табибон барои истифодаи пурсамар аз ин имконот маслиҳатҳои муфид доданд.

Тавре таъкид гардид, бо мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаҳои нави Беморхонаи марказӣ имкони ташхису табобат ва анҷоми амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ дар дохили ноҳия пурра фароҳам гардид.

Зеро қаблан ниёзмандону беморон барои ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ ба шаҳри Кӯлоб ва пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мерафтанд, ки он харҷи зиёди маблағ ва вақтро талаб мекард.

Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаҳои нави Беморхонаи марказӣ мушкили аҳолии 60-ҳазорнафараи ноҳияи Ховалинг ҳалли худро пайдо намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг ифтитоҳи шуъбаҳои навро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод карда, ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти муҳайёгардида дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Масоҳати умумии бинои шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг наздики 1 гектарро дарбар гирифта, атрофи иншоот дар доираи иқдомҳои созанда сабзазор гардонида шудааст.

Ҳамчунин, дар саҳни бино ду айвончаи зебо сохта мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ифтитоҳи бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Ховалинг бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат дар масоҳати 240 метри мураббаъ бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз бинои нав ва шиносоӣ бо шароити муосири кору фаъолият дар он ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои арзанда дода, иқдоми онҳоро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бо тамоми таҷҳизоти кору фаъолият, аз ҷумла технологияи муосир таьмин мебошад ва аз 5 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот 44 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғл ва маоши хуб таъмин буданд.

 Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якуми он маҷлисгоҳ ва утоқи корӣ ва дар ошёнаи дуюм 4 утоқи корӣ барои кормандон ҷойгир карда шудааст.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалингро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо аз технология ва илмҳои муосир ба хубӣ бархӯрдоранд.

Дар се шуьбаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ҷавонони лаёқатманд кор мекунанд ва онҳо дар тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ноҳия пайваста дар талошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо рафти кору фаъолият ва имконоти муосир дар бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро ба хидмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллати тоҷик ҳидоят намуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ҳизб дар ноҳияи Ховалинг як адад нақлиёти сабукрави замонавӣ туҳфа намуда, иншоотро бори дигар барои онҳо табрику таҳният гуфтанд.

Мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Ховалинг


7 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ ба натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони ноҳия ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Дар оғози мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи як қатор иншооти нави маъмурию хизматрасонӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки ифтитоҳи иншооти муҳим дар марказ ва деҳоти ноҳия нишона аз татбиқи амалии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони бонангу номуси ноҳияи Ховалинг дар оянда низ дар татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бо неруи тозаву ғайрати дучанд иштирок намуда, барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ заҳмат мекашанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сокинони заҳматқарини ноҳия дар мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар доираи дастуру супоришҳо ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри ободию пешрафти бештари ноҳия заҳмат мекашанд.

Ифтитоҳи меҳмонхона дар ноҳияи Ховалинг

  

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ


07 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Ховалинг Меҳмонхонаи «Чилчанор»-ро, ки бо тарҳу намои зебо бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов бунёд шудааст.

Бинои меҳмонхона бо фарогирии иншооти ёрирасон дар масоҳати 2 гектар доман афрохта, дар он шароити муосири қабулу гусели меҳмонон фароҳам мебошад.

Корҳои сохтмонии меҳмонхона моҳи марти соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтаанд.

Дар рафти сохтмон 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Меҳмонхона аз 2 ошёна иборат буда, бо 9 ҳуҷра дар як вақт имкон дорад то 18 нафарро қабул намояд.

Ин иншоот бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои миллӣ оро дода шуда, ба маркази шаҳрак ҳусни дигаре бахшидааст. Барои истироҳату фароғати мизоҷон дар назди меҳмонхона варзишгоҳ ва 3 адад суҳбатгоҳҳо бунёд шудаанд, ки инфрасохтори маҷмааи мазкурро такмил медиҳанд.

Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароити меҳмонхона ба сифати корҳо баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин меҳмонхонаҳо боиси боз ҳам рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мегардад.

Тамоми саҳни меҳмонхона чароғон буда, намои он шабонгоҳ хеле ҳам ҷолибу диданӣ ба назар мерасад.

 Фаввораҳо ва дарахтони сояафкан, ки дар саҳни меҳмонхона ва шафати он мавҷуданд низ ҷузъе аз зебогиҳои ин меҳмонхона мебошанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхонаи «Чилчанор» дар маркази ноҳияи Ховалинг 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар баробари утоқҳои истироҳатӣ ҳамчунин дар ин меҳмонхона дигар биноҳои ёрирасон, аз қабили ошхона ва ҳаммом мавҷуд аст.

Роҳбари давлат зимни суҳбат бо кормандону масъулони меҳмонхона таъкид намуданд, ки бояд бо мизоҷон хушмуомила бошанд ва одоби меҳмондории тоҷиконаро ба сайёҳони дохиливу хориҷие, ки барои сайёҳат ба ин инҷо ташриф меоранд, муаррифӣ созанд.

Соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов иқдом гирифт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати ҳамин меҳмонхона як бинои иловагии 5-ошёна бо 100 ҷойи хоб бунёд менамояд.

Ифтитоҳи Амфитеатр дар ноҳияи Ховалинг

  

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ


Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Амфитеатр, ки барои ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 4 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саймумин Юсуфов бунёд шудааст.

Амфитеатр бо тарҳи зебову муосир бунёд гардида, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ имкони мусоидеро фароҳам кардааст.

Дар рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур, ки моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд, 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

 Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин иншооти фарҳангиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд ва масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ барои сокинон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Барои ҳунармандон дар ин амфитеатри навбунёд шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳамчунин ду утоқи корӣ ва ивазнамоии либоси ҳунармандон низ дар он мавҷуд аст.

Атрофи ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо як завқи баланди зебоипарстӣ гулкорӣ карда шудааст.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзандае ба сокинони ноҳияи Ховалинг маҳсуб меёбад.

Имрӯзҳо дар ноҳияи Ховалинг аз ҷониби соҳибкорону шахсони ватандӯст баҳри ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди созандагиҳо вусъат дода мешавад.

Ифтитоҳи Маҷмааи варзишӣ ва ҳаммом дар ноҳияи Ховалинг

 

Рӯзи 7-уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҳамчунин Маҷмааи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш байни ҷавонон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зафар Сафаров дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҷмааи мазкур дорои се майдончаи вазишӣ барои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти варзишӣ 4 моҳ идома ёфта, дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ҷалб шуда, аз ҳазор сомонӣ боло маош мегирифтанд.

Сарвари давлат зимни боздид аз ин маҷмаа ба сифати корҳои анҷомдода баҳои баланд дода, иқдоми ин соҳибкорро намунаи хуби ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар ободии гӯшае аз Ватан арзёбӣ намуданд.

Майдончаи бозии футбол 44 метр дарозӣ ва 22 метр паҳноӣ дошта, дар он шароити муосири машғул шудан ба ин намуди варзиш мавҷуд аст.

Майдони варзишии баскетбол бошад, бо дарозии 22 метр ва паҳноии 11 метр бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки дар оянда низ чунин тадбирҳоро бештар анҷом дода, шароити муосири машғул шудан ба варзишро барои ҷавонони маҳаллӣ муҳайё намоянд.

Мавриди зикр аст, ки тадбири мазкур дар татбиқи нақша -чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мусоидат намуда, боиси боз ҳам такмил ёфтани инфрасохтори варзишӣ дар деҳот мегардад.

Атрофи майдончаҳо чароғон карда шуда, имкони шабона машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш низ мавҷуд мебошад.

Дар ин маҷмаа ҳамчунин ду ҳавзи болопӯшида мавҷуд аст, ки яке барои калонсолон ва дигаре барои хурдсолон пешбинӣ шудааст.

Роҳбари давлат ба фаъолияти ин ду ҳавзи шиноварӣ низ оғози расмӣ бахшиданд.

Ҳавзи шиноварӣ, ки барои калонсолон пешбинӣ шудааст, бо дарозии 25 ва паҳноии 15 метр бунёд шуда, умқаш 1 метру 80 сантиметрро ташкил медиҳад. Минбаъд сокинон имкон доранд, ки дар чунин иншооти муосир ба шиноварӣ машғул шуда, дар баробари омӯхтани ин намуди варзиш ҳамчунин солимии худро барқарор намоянд.

Ҳавзи шиноварии кӯдакона бошад, бо дарозии 5 метр ва умқи 50 сантиметр имкони мусоидро барои ба шиноварӣ машғул шудани кӯдакону наврасон фароҳам овардааст.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо шароити ин ду иншоот таъкид намуданд, ки солимии ҷомеа пайваста дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, иншооти мазкур дар ин самт мусоидати фаъол менамояд.

Дар назди маҷмааи варзишӣ ҳамчунин аз ҷониби ин соҳибкори ватандӯст як ҳаммоми замонавӣ низ бунёд ёфтааст, ки дар ин рӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд.

Ҳаммом, ки дорои шароити муосири хизматаросонӣ мебошад, имкон дорад, дар як вақт 25 нафарро қабул намояд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, дар рафти сохтмони он 10 нафар бо маоши аз 1000 то 1500 сомонӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Ҳаммом дар масоҳати 15 садяк замин бунёд гардида, айни замон дар ин ҳаммом сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Дар ҳаммом 10 ҳуҷра, аз ҷумла хазина, утоқи истироҳати кормандон, 2 утоқ барои истироҳату фароғати мизоҷон, утоқи иваз намудани сару либос, 2 ҳуҷра барои шӯстушӯй ва 2 буғхона мавҷуд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти хизматрасонӣ баҳои баланд дода, барои саҳм гузоштан дар ободии ин макон ба соҳибкор изҳори миннатдорӣ намуданд.

Иштирок дар чорабинии фарҳангӣ

дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Ховалинг» бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони сарбаланду меҳандӯсти ноҳия баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин чорабинии фарҳангӣ, нахуст миннатдории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тамоми мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди ноҳияи Ховалинг барои пуштибонӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат баён доштанд.

Таъкид гардид, ки бо заҳмати пайвастаи сокинон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номуси диёр маркази ноҳияи Ховалинг дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бамаротиб ободу зебо гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти нави хидмативу маишӣ ва варзишию фарҳангиро, ки дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат гирифтаанд, намунаи ибратбахш аз талошҳои сокинони ин ноҳияи мамлакат арзёбӣ карданд.

  

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

 

Сокинони ноҳияи Ховалинг аз чорабинии фарҳангии «Шоми Ховалинг», ки бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Ватан ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома кард, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонида, дар фазои сулҳу оромии диёр бо ҳам шодию хурсандӣ намуданд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Хабарҳо, Сиёсат
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Хабарҳо, Сиёсат
САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Хабарҳо, Сиёсат
Ба истифода додани бинои нави меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ёвон

Ба истифода додани бинои нави меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ёвон

Хабарҳо
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Хабарҳо