Дар як сатр
» » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

8-08-2019, 05:52

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва шиносоӣ бо рафти парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»

 

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ


 

7 август ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо ҷараёни парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1» дар деҳаи Доробии Деҳоти Ҷомбахт шинос шуданд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаи меҳнати сокинон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар заҳматкашони ноҳияи Ховалинг ба таври густурда муаррифӣ карда шуд.

Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ зикр шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз чор ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, саҳми заҳматкашони ноҳияи Ховалинг низ дар роҳи расидан ба ин ҳадафи олӣ назаррас мебошад.

 Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ховалинг дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 16 ҳазору 577,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 дарсад зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ кишоварзони ноҳия намунаҳо аз маҳсулоти гуногуни истеҳсолиро, ки аз майдонҳои киштзори ин минтақаи дилфиребу дорои табиати нотакрори диёр гирдоварӣ гардидааст, ба маъраз гузоштанд.

Кишоварзони ноҳияи Ховалинг дар мавсими соли 2018-2019 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи пурсамаи замин дар майдони 8 ҳазору 161 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳориро дар асоси маслиҳати мутахассисон ва интихоби тухмиҳои баландсифат анҷом додаанд, ки аз ин ҳисоб ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд.

Аснои боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи кишоварзони ноҳияи Ховалинг зикр гардид, ки меҳнаткашони ноҳия соли равон 751 тонна картошка, 146 тонна сабзавот, 302 тонна гӯшт, 1709 тонна шир, 2,6 тонна пилла, зиёда аз 7 ҳазору 276 тонна хӯроки дурушти чорво ба даст овардаанд ва ҷамъоварии ҳосил феълан низ идома дорад.

Ноҳияи Ховалинг бо меваҳои хуштаъму лазиз ва асали табиии аз ҷиҳати экологӣ тозаю табобатиаш низ имрӯз, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ шуҳрати зиёд дорад.

Феълан, дар ноҳия масоҳати боғҳо ба 3 ҳазору 42 гектар мерасад, ки аз ин 87 гектараш токзор мебошад.

Боғпарварони ноҳия соли гузашта аз 1630 гектар майдони боғоти ҳосилдеҳ 6 ҳазор тонна мева истеҳсол ва пешниҳоди сокинон кардаанд.

 Аҳли заҳмати ноҳия дар заминаи тадбирҳо дар самти истифодаи пурсамари талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҳамасола майдони боғотро васеъ мекунанд ва соли равон 137 гектар боғи нав бунёд карданд.

Ҳангоми боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи занбӯриасалпарварон зикр гардид, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 4 ҳазору 143 адад мерасад ва ҳамасола то 60 тонна асали хушсифат истеҳсол мегардад.

Соли равон занбӯриасалпарварон 35 тонна асал ба даст овардаанд ва ният доранд, ки бо гирдоварии пурраи маҳсулот ин нишондодро то ба 70 тонна расонанд.

Тайи солҳои охир ба рушди моҳипарварӣ низ дар ноҳияи Ховалинг таваҷҷуҳ зиёд гардида, феълан дар 6 гектар ҳавз парвариши моҳиҳои сазан, "Амури сафед”, гулмоҳӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо навъи моҳиҳое, ки аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Меҳринигор» дар намоиш ба маъраз гузошта шуда буд, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани ин соҳа ва афзун намудани истеҳоли маҳсулоти моҳӣ ба масъулин дастур доданд.

Дар намоишгоҳ, ҳамчунин чорвои хушзот низ ба маъраз гузошта шуд ва зикр рафт, ки давоми се соли охир саршумори чорвои калон дар ноҳияи Ховалинг ба 23 ҳазору 390 сар ва моли майда ба 34 ҳазору 298 сар баробар гардидааст.

Пешвои миллат зимни боздид аз гӯшаи чорвои хушзот дар ин намоишгоҳ бо таваҷҷуҳи хосса ба парвариши чорвои хушзоти хурду калон дастур доданд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши он дар ноҳия васеъ ба роҳ монда шавад.

Зимни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ соли 1994 дар майдони 5 гектар замин таъсис ёфта, феълан дорои 21 гектар замин мебошад.

Аз майдони умумии заминҳои кооператив 10 гектарашро обӣ, 9 гектар лалмӣ ва ду гектари дигарро чарогоҳ дарбар мегирад.

Заҳматкашони Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг, аслан, ба зироаткорию боғпарварӣ машғул буда, соли равон дар майдони 5 гектар картошка кишт кардаанд, ки феълан нашъунамои хуб дорад ва умед аст, ки то 300-сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз рафти парвариши сабзавоти гуногун дар ин кооператив ҷиҳати истифодаи пурсамари замин, кишту парвариши зироати ба обу иқлими ноҳия мувофиқ ва интихоби тухмиҳои серҳосил ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Зикр гардид, ки меҳнаткашони ин кооператив дар кишту парвариши дигар навъи зироат, аз ҷумла гандум, пиёз, зироатҳои техникӣ, полезӣ ва боғпаварӣ низ таҷрибаи хуб дорад.

Дар кооператив зиёда аз 10 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошад.

Роҳбари давлат зимни боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва шиносоӣ бо рафти кишту парвариши сабзавот дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг масъулинро ҷиҳати боз ҳам боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам вазифадор намуданд.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳия

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинг, инчунин майдончаи хурди  варзишиеро, ки дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шудааст.

Ин иншооти варзишӣ дар маркази ноҳия танҳо барои бозии футбол пешбинӣ гардида, дорои беҳтарин шароит барои ин намуди бозӣ мебошад. Майдончаи хурди бозии футбол дар ноҳияи Ховалинг бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ бунёд шуда, дар он 35 адад таҷҳизоти хурду бузурги равшандиҳӣ насб карда шудааст. Илова бар ин, барои зебогии гирду атрофи иншооти мазкур дарахтони ороишиву сояафкан ва дар масоҳати 60 метри мураббаъ гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони маркази ноҳияи Ховалинг беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, Роҳбари давлат аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода намоянд, то ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Ифтитоҳи бинои Маркази ҷавонон дар маркази ноҳия

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар маркази ноҳияи Ховалинг бинои нави Маркази ҷавононро, ки дар масоҳати умумии 1200 метри мураббаъ, ки бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст, бо бардоштани парда аз болои лавҳа ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қудратӣ»-и ноҳияи Данғара бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ ба анҷом расонда шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои мақсаднок истифода намудани иншооти навбунёд ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якуми он бахши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ, технологияи инфарматсионӣ ва маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.

Шароити фароҳамгардида дар иншооти нав дар самти ҷалби ҷавонони ноҳия ба забономӯзӣ, аз худ намудани нозукиҳои технологияи муосир ва баргузории чорабиниҳои гуногун мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар ошёнаи дуюми бино бошад, утоқҳои корӣ, нуқтаи хизматрасонӣ, бахшҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва китобхона муҳайё мебошад.

Дар таҳхонаи Маркази ҷавонон ошхона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, заргарӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.

Ифтитоҳи чунин бинои хуштарҳу замонавӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг мушкилоти қаблии ҷавононро рафъ намуда, барои фаъолияти пурсамари онҳо замина мегузорад.

Дар маркази навбунёд имкониятҳои фаррох фароҳам оварда шудааст, ки шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити хубу арзанда, ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд, то ки онҳо дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо намуда, дар таҳкими аркони давлатдорӣ, истиқлолияти давлатӣ ва рушду пешрафти ватани азиз саҳм гузоранд.

Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ

 

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ


 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ, гӯшаи имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Ховалинг, харитаи хатсайри сайёҳии он бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид.

Инчунин дар намоишгоҳ лоиҳаи Консепсияи рушди сайёҳии ноҳия барои солҳои 2019-2025, аз ҷумла «Эко-туризм дар Ховалинг» таҳия шудааст, ки дар он маълумот оид ба мавзеъҳои таърихӣ ва табиати дилангези ин ноҳия ҷой дода шудааст.

Ховалинг, ки маркази сайёҳӣ ва яке аз гӯшаҳои бостонӣ ва зебои табиати Тоҷикистон аст, бойигариҳои табиию таърихӣ ва фарҳангии он дар намоишгоҳи мазкур ба таври васеъ муаррифӣ гардид.

Мавриди тазаккур аст, ки дар ноҳияи Ховалинг касбу ҳунарҳои зиёди мардумӣ, аз қабили заргарӣ, оҳангарӣ, чармгарӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, қамчинбофӣ, намадбофӣ, сабадбофӣ, рафидадӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ эҳё ва густариш ёфтааст, ки намунаҳои маҳсули дастранҷи мардуми он дар ҳар як гӯшаи намоишгоҳ ба тамошо гузошта шуда буд.

Дар ин чорабинӣ, ҳамчунин аз ҷониби кадбонуҳои ноҳия даҳҳо навъи нонҳои миллӣ, аз ҷумла чапотӣ, фатир, кулча, қалама, гирдача, орзуқ, чагалдак, таомҳои миллӣ, аз қабили умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ бо маҳорати нотакрор ва ҳунари волои миллӣ омода ва дар ин намоишгоҳ пешкаш гардид.

Намоишгоҳро дастовард-ҳои ҳунармандони чирадасти ноҳияи мазкур ҷаззобу диданибоб гардонид, ки ин раванд шаҳодат аз таърихи қадимаи ин гӯшаи зебоманзари диёрро медод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати кадбонугии занону духтарони ноҳияи Ховалинг, рафти омода намудани таомҳои миллӣ ва нонпазӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ ва тарғиби онҳо дар миёни ҷомеа ҳидоят намуданд.

www.president.tj




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Данғара

Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара

Хабарҳо
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат»-и ҷамоати д ...

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат»-и ҷамоати д ...

Ҳокимияти давлатӣ
Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои ки ...

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои ки ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ
Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи  ...

Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ
Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ