Дар як сатр
» » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

8-08-2019, 05:36

Субҳи рӯзи 7-уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ аз раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд.

Сокинони сарбаланди ноҳияи Ховалинг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро босамияти афзун ва рӯҳияи болида истиқбол гирифанд.

Ноҳияи Ховалинг дорои таърихи бою рангин буда, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти мамлакат рушд намуда, симои ноҳия дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан дигаргун гардидааст.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №4 дар деҳаи Лоҳутӣ

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ


 

7 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг нахуст муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро дар деҳаи Лоҳутии деҳоти Лоҳутии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 Муассисаи мазкур дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.

Аснои шиносоии Роҳбари давлат аз шароити ин даргоҳи илму маърифат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ аз 13 синфхона иборат буда, барои 920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, иброз доштанд, ки роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои насли ояндасози миллат тадбирҳои муассирро амалӣ намуда, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.

Насли наврасро зарур аст, ки аз ин ҳама имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода намуда, илмҳои муосирро аз худ намоянд ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Лоҳутӣ аз ду ошёна иборат буда, дар баробари синфхонаҳои компютерӣ, химия, биология ва физика, ҳамчунин дорои толори барҳавои варзишӣ бо муосиртарин лавозимоти машқу тамрин ва обутоби бадан барои хонандагон, толор бо 200 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни мактабӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва дигар ҷамъомадҳо ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст мебошад.

Корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, дар рафти он беш аз 90 нафар аз мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

 Мактаби куҳнаи деҳаи Лоҳутӣ ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гардида, барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гардида буд, вале дар он 426 нафар таҳсил менамуданд.

Мушикилоти мавҷударо ба инобат гирифта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саҳми шахсони ватандӯст дар як давраи кӯтоҳ муассисаи наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки мушкилот ба пуррагӣ рафъ гардид ва фарзандони ду деҳаи Деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг илмҳои муосирро дар синфхонаҳои барҳавою муҷҷаҳаз бо аёниятҳои таълимӣ аз худ мекунанд.

Устодону хонандагони ин муассисаи навбунёд аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Устодону хонандагони мактаб ифтитоҳи ин муассисаи наву замонавиро туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

Ин даргоҳи илму маърифат дар баробари соҳибилм намудани насли ояндасози кишвар, ҳамчунин ба ободии ин деҳаи дурдасти мамлакат зебогии дигар зам намудааст.

Ба истифода додани маркази хизматрасонӣ

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

 


Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лоҳутии деҳоти Лоҳутӣ Маркази хизматрасониро, ки дар масоҳати 150 метри мураббаъ қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои Маркази хизматрасонӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он барои дӯхти сарулибос, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ба сокинон шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар ошёнаи 1-уми бино толори намоиш ва фурӯши сарулибос ва ҳунарҳои миллӣ, сартарошхона ва ошхона ҷойгир буда, дар қисмати дигари он либосҳои мактабӣ, тиббӣ, ҳарбӣ ва сарулибоси миллӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Ошёнаи 2-юми Маркази хизматрасонӣ аз коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад. Коргоҳи мазкур бо наздики 30 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сарулибос муҷаҳҳаз аст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ беш аз 30 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба таъкиди масъулин, ба хотири қонеъ кардани талаботи мизоҷон то мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ 10 нафар занону ҷавондухтарони деҳаи Лоҳутӣ дар пойтахти мамлакат ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ҷалб гардида, нозукиҳои ин касбро омӯхтанд.  

Зимни шиносоӣ бо шароити Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро шоёни дастгирӣ хонданд ва аз занони соҳибкасб даъват ба амал оварданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ саҳми хешро гузоранд.

 

Ифтитоҳи беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутӣ

 

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

 


7-уми август дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг, ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутиро расман ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои сохтмонӣ дар он бо маблағи 1,2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар мутахассисон ва коргарон аз ҳисоби ҷавонони маҳаллаҳои аҳолинишини деҳоти Лоҳутӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар таҳхонаи бинои беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутӣ таҳлилгоҳ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи дандонпизишк ҷойгир карда шудаанд. Дар ошёнаи 1-ум бошад, утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои хатна, муоинаи ултрасадоӣ, ҳуҷра барои ташхиси бемориҳои занона ва қайдгоҳ мавҷуд мебошад. Инчунин, ҳуҷраҳои табиби оилавӣ, табобати рӯзонаи калонсолон ва кӯдакон бо 13 кати хоб дар ошёнаи 2-юми бино пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони ин деҳаро шоистаи таҳсин хонда, аз кормандони соҳаи тиб даъват намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва шароите, ки дар ин беморхона муҳайё карда шудааст, хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтару хубтар ба роҳ монанд ва дар таъмини солимии ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти

«Лоҳутӣ» дар ноҳияи Ховалинг

 

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

 


Дар Ҷамоати деҳоти "Лоҳутӣ”-и ноҳияи Ховалинг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти "Лоҳутӣ”- мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти "Лоҳутӣ” бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш"-и ноҳияи Ховалинг пешниҳод гардида, корҳо ба тариқи ҳашар иҷро гардидаанд.

Бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти "Лоҳутӣ”-и ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, иншооти мазкур дорои имконоти муосири кору фаъолият мебошад.

Маврид ба зикри хос аст, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат аст ва шароити хуби кориро  барои кормандони Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ фароҳам меорад. Дар ошёнаи 1-ум утоқҳои корӣ ва дар қабати дуюм маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияту хизматрасонӣ ба сокинон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муҳайёгардида, дар бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти "Лоҳутӣ”-и ноҳияи Ховалинг сокинон ва кормандони ҷамоатро ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот табрику таҳният гуфта, онҳоро барои татбиқи босамари сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои садоқатмандонаи масъулияти базимадоштаашон ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ,

Нишон ва Парчами давлатӣ

 

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ


 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг, ҳамчунин бо бардоштани парда Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро, ки дар ҳудуди он Нишон ва Парчами давлатӣ ҷойгир мебошад, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо назардошти нақшаи меъморӣ дар масоҳати 2,35 гектар бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ноҳия бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд карда шудааст. Ба таъкиди масъулин, корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ҶСК "Спестехника” тайи қариб як сол бо ҷалби беш аз 60 мутахассис ва сохтмочиёни маҳаллӣ ба анҷом расонидааст.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо назардошти Нишон ва Парчами давлатӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг бунёд гардида, баробари мавриди истифода қарор гирифтанаш, ба ҳусни ноҳия зебогии дигареро зам намудааст.

Ҳамчунин, дар ин макони зебову обод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо баландии 24 метр қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд. Нишони давлатӣ бо назардошти эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ  бунёд гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи мазкур дар шафати Нишони давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо баландии 53 метр қомат афрохтааст, ба истифода доданд. Ба иттилои масъулин паҳноии Парчами давлатӣ 7 ва дарозиаш ба 14 метр баробар аст.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия баҳои баланд дода, қомат афрохтани Нишон ва Парчами давлатиро дар маркази ноҳия барои баланд бардоштани ҳиси ифтихормандии насли ояндасози кишвар иқдоми саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Лозим ба таъкид аст, ки Боғи фарҳангӣ ва фароғатии ноҳияи Ховалинг бо ҷойгиркунии пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар боғи мазкур ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони ноҳия 58 адад чароғакҳои равшанидиҳанда, як фаввора, айвон, 30 курсӣ барои нишасти истироҳаткунандагон, 3 адад нақбҳои бо чароғакҳои ранга муҷаҳҳаз гардонидашуда, инчунин 500 адад обпошакҳо барои сабзкунонии майдони иншоот насб карда шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти лоиҳаи иншоот дар дохили боғ дар масоҳати умумии 7,5 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сохта шуда, майдони 18 ҳазор метри мураббаъ сабзапӯш карда шудааст. Ба хотири зебогии боғ, инчунин 200 ҳазор гулҳои мавсимӣ ва 400 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Шабона низ боғи мазкур зебогии ба худ хос дошта, сокинону меҳмонон метавонанд озодона дар он сайругашт намуда, истироҳату фароғат намоянд. Зеро ки Боғи фарҳагӣ-фароғатӣ дар шафати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд шуда, имконияти таъмин намудани фароғати сокинони ноҳияро шабонгаҳ низ дорад. Бо назардошти ин, боғи мазкур туҳфаи арзанда ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ховалинг мебошад.


 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Хабарҳо, Сиёсат
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар  ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Ба истифода додани мактаби №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара

Ба истифода додани мактаби №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт