Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

9-08-2019, 05:08

Мулоқот бо сокинони деҳоти Сари Хосор

6 август, ҳамчунин дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ин деҳоти кӯҳистони мамлакат мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд.

Дар мулоқот аз рушду тараққиёти деҳоти Сари Хосор ва дар маҷмӯъ, ноҳияи Балҷувон сухан рафта, таъкид гардид, ки дар деҳоти Сари Хосор бо мақсади амалисозии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии тамоми паҳлуҳои ҳаёти сокинони деҳот тасдиқ карда шудааст, ки татбиқи саривақтиву босифати он боиси пешравии соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми деҳоти Сари Хосор мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти иҷрои аксари бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар деҳоти Сари Хосор изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки мо танҳо ба азму талоши дастҷамъона ва меҳнати садоқатмандона метавонем дар рушду пешрафти ватани азизамон саҳми муносиб гузорем ва дар тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоем.

Барои беҳтарсозии шароити инфрасохтории деҳот, рушди кишоварзӣ, хусусан коркарди меваю гиёҳои шифобахш, таъминоти барқу об, маориф ва сайёҳӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят вазифадор карда шуданд.

Сокинони деҳоти Сари Хосор ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорию дастгириҳои пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ ва нақшаю тадбирҳои бузурги ободонию бунёдкории Ҳукумати мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.

Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар деҳоти Сари Хосор

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ, дар доираи сафари корӣ,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароит ва имконоти муассисаи нав шинос шуда, бо хонандагон аз наздик суҳбату мулоқот карданд.

Иттилоъ дода шуд,  ки дар гузашта хонандагон аз набудани таълимгоҳ дар дохили бунгоҳи тиббӣ таълиму тарбия мегирифтанд ва дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти онҳо ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо намуду толибилмон соҳиби муассисаи таълимии наву замонавӣ гаштанд.

Барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ хонандагон ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуда, қавл доданд, ки шароити фароҳамовардашударо самаранок истифода хоҳанд бурд.

Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 соли 2018 оғоз ёфта буд ва дар ин давра бо назарадошти талаботи ҷорӣ 40 нафар сохтмончӣ иншооти мазкурро бунёд намуданд. Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ "Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ "Файзи Истиқлол” ба анҷом расонид.

Мактаб аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки дар ду баст то 300 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирад. Ҳамчунин, ба хотири дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиш синфхонаҳои алоҳидаи таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз буда, як синфхонаи дигар бо 10 адад компютер таъмин гардидааст. Дар маҷмӯъ, муассисаи нави таълимӣ дорои 12 синфхона буда, ҳамчунин барои роҳбарият ва омӯзгорон утоқҳои алоҳидаи корӣ бунёд ёфтааст. Роҳрав ва синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 ба хатти алоҳидаи гармидиҳӣ пайваст буда, буғхонаи бунёдгардида дар таълимгоҳ ба воситаи ангишт фаъолият хоҳад кард.

Ҳамчунин, корҳои ободонӣ ва сабзкунонӣ дар гирду атрофи таълимгоҳ сомон ёфта, барои обутоби ҷисмонии хонандагон  як майдончаи хурди варзишӣ низ дар назди муассиса бунёд ёфтааст.

Роҳбари давлат аснои шиносоӣ хонандагонро вазифадор намуданд, ки чунин шароитро самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд. Қайд гардид, ки то таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар минтақаҳои кишвар дар ҳудуди деҳоти Сари Хосор низ сохтмони боз чандин иншооти дигари таъйиноташ гуногун дар назар дошта шудааст, ки ба ин васила марҳила ба марҳила мушкилоти аҳолӣ дар тамоми бахшҳо ҳалли худро ба пуррагӣ  пайдо хоҳад кард.

Ба истифода додани меҳмонхона

дар деҳоти Сари Хосор

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар мавзеи Пушти Боғи деҳоти Сари Хосор меҳмонхонаи наву замонавии "Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бо имконоту шароити он аз наздик шинос шуданд.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, меҳмонхона аз 3 ошёна ва нимтаҳхона иборат буда, дорои 30 ҳуҷра мебошад. 3 ҳуҷраи он дорои имкониятҳои дараҷаи олӣ буда, як ҳуҷраи дигар барои қабули меҳмони олиқадр пешбинӣ гардидааст.

Иншооти мазкур дар доираи дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандӯсте, ки имрӯз дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти самаранок доранд, сохта ба истифода дода шуд.

Меҳмонхонаи "Сари Хосор” бо назардошти талаботи муосир бунёд ёфта, дар он барои будубоши мизоҷон шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили меҳмонхона дорои лифт буда, ҳуҷраҳои он бо кондитсионер, телевизор, ҷевон барои сарулибос ва пойафзол таъмин мебошад ва дар як вақт имконият дорад, ки ба 60 нафар мувофиқи талаботи ҷорӣ ва бо сифати баланд хизмат расонад. Утоқҳои хоб, роҳрав ва дигар иншооти меҳмонхона бо сатҳу сифати баланд ва усули муосири меъморӣ оро ёфта, намуди берунаи он бо санъати баланди сохтмонӣ бунёд ёфтааст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ҳамзамон, меҳмонхона дорои ошхонаи алоҳида буда, дар ин ҷо барои меҳмонон хӯрокҳои хоси миллӣ пешниҳод карда мешаванд ва он дар як вақт метавонад, ки ба 40 нафар хизмат расонад.

Ҳамзамон, дар дохили меҳмонхона утоқи шустушӯи сарулибос, утоқи шикорчӣ ва утоқҳои корӣ фаъолият мекунанд.

Дар иншооти мазкур зиёда аз 10 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардида, барои расонидани хизмати саривақтиву босифат ба меҳмонон онҳо аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шудаанд. Хизматрасонӣ дар меҳмонхона мувофиқ ба талаботи муосир ба роҳ монда шуда, шароити зарурӣ барои меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Бояд қайд кард, ки иншооти мазкур дар мавзеи назаррабову зебои ин минтақа - дар назди Шаршара ҷойгир буда, макони дилрабову мавзеи сайру сайёҳат барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Ин макон табиати нотакрору зебо дошта, бунёди инфрасохтори мазкур бошад, бешак ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат хоҳад кард. Дар фазои кушоди назди меҳмонхона майдончаи алоҳида барои бозиҳои футболу волейбол ва теннис бунёд ёфта, аз чунин имкониятҳои муосир меҳмонон метавонанд, ки ба таври васеъ истифода баранд. Гирду атрофи меҳмонхона пурра чароғон карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу оро ёфтааст.

Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва имкониятҳои меҳмонхонаи "Сари Хосор” баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки дар ин ҷо хизматрасонии сатҳи олӣ ва босифатро барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба роҳ монанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Хабарҳо, Сиёсат
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар  ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рушди туризм дар Балҷувон

Рушди туризм дар Балҷувон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА