Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

8-08-2019, 05:00

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳоти Сари Хосор

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, қаблан дар деҳоти Сари Хосор, ки аз минтақаҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон ба шумор меравад ҷавонону наврасон аз надоштани майдончаи муосири обу тоби бадан танқисӣ мекашиданд.

Акнун дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо соҳиби майдончаи муосири варзишӣ гардиданд.

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин дастгоҳу таҷҳизоти дигар низ барои обутоби бадан насб карда шудааст. Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, на танҳо барои ҷавонону наврасони деҳаи Шайдон, балки барои сокинони деҳаҳои гирду атроф низ имконоти васеи машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзишро фароҳам месозад. Дар назди майдончаи варзишӣ, ҳамчунин барои фароғату истироҳати кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити майдончаи варзишӣ ва суҳбат бо масъулин ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Дар Ҷамоати деҳоти "Сари Хосор” ин якумин майдончаи варзишии муосир аст, ки дар самти оммавигардонии варзиш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи насли ҷавону ояндасози миллат ба машқу тамрин сохта шудааст. Аз ин иқдоми созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватандӯст варзишгарон ва кӯдакону наврасон изҳори хушнудӣ карданд.

Имконият ва шароити арзандаи фароҳамовардашудаи машқу тамрин варзишгарон, хоса ҷавонону наврасони деҳоти Сари Хосорро водор месозад, ки беш аз пеш ба сайқал додани маҳорати варзишӣ талош варзанд.

Ифтитоҳи меҳмонхона, ҳаммом ва маркази

хизматрасонии "Шайдон” дар деҳоти Сари Хосор

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Сипас, дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии "Шайдон” -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он ҳаммом, ҳавзи оббозӣ, буғхона, кошонаи ҳусн ва сартарошхона ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм бошад, меҳмонхона бо 20 ҷой ва дар ошёнаи сеюм ошхона бо 60 ҷой ва толори тенниси рӯи миз ташкил карда шудааст. Корҳои сохтмониро дар бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии "Шайдон” соли 2017 оғоз намудаанд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо шароити зарурӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ таъмин мебошанд.

Дар ин маркази хизматрасонии муосир зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Масоҳати умумии бино зиёда 700 метри мураббаъро дарбар гирифта, дар яке аз маконҳои зебоманзари маркази деҳоти Сари Хосор ҷойгир шудааст ва он хеле назаррабо ба чашм мерасад. Атрофи биноро дарахтони ороишӣ ва нишастгоҳҳо зинат медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити маркази хизматрасонӣ ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ва муаррифии ҳарчи бештари мавзеъҳои тамошобоби Сари Хосор ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.

Деҳоти Сари Хосор дорои табиати зебо ва мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ буда, ҳамасола аз он теъдоди зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан мекунанд. Дар ояндаи наздик ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор боз бунёди 5 адад меҳмонхонаи замонавии дигар низ ба нақша гирифта шудааст. Мавзеи Сари Хосор барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳати экологӣ, кӯҳгардӣ ва шикор созгор мебошад. Деҳоти Сари Хосор бо имкониятҳои зикршуда дар кишвар яке аз минтақаҳои зебои сайёҳӣ аз лиҳози экологӣ тоза, иқлими мусоид ва ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ мебошад. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани марказҳои хизматрасонӣ ва суҳбат бо кормандону масъулин иншооти ба истифодадодашударо туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми деҳоти Сари Хосор дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои

сокинони деҳоти Сари Хосор

6 август,  ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон аз гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои сокинон дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва ҳунарҳои мардумӣ, ки расму анъанаҳои қадимаи миллати тоҷикро таҷассум мекунанд, ба маъраз гузошта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои кадбонуҳои ин минтақаи дурдасти мамлакатро шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши он ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунару анъанаҳои миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешавад ва таваҷҷуҳи ҷавондухтарон тайи солҳои охир ба омӯзиши онҳо бештар гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, шуғли асосии сокинони деҳоти Сари Хосор кишоварзӣ буда, аҳли заҳмат ҳамасола бо васеъ намудани майдони зироати гуногуни кишоварзӣ ва боғоти мевадиҳанда маҳсулоти зиёд ба даст меоранд, ки ин омил дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ замина мегузорад.

Дар намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯрпарварони деҳоти Сари Хосор намудҳои гуногуни асали табииро, ки дар ин гӯшаи дорои табиати дилфиреб истеҳсол карда мешавад, муаррифӣ намуданд. Иқлими минтақа барои занбӯрпарварӣ хеле мувофиқ буда, кишоварзон ҳамасола бо афзун намудани оилаҳои занбӯри асал маҳсулоти зиёде аз ҷиҳати экологӣ тозаву табобатӣ ба даст меоранд.

Деҳоти Сари Хосор дорои меваҳои шаҳдбор, аз қабили чормағз, тутҳои гуногун, хуч, зилол, маҳлаб, чанд намуди олуча, нок, себ, зардолу, ангур, гелос ва ғайра мебошад. Мавзеи Сари Хосор барои рушди кишоварзӣ, пеш аз ҳама, картошкапарварӣ, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ имконияти ниҳоят васеъ дорад. Сохтмони босифату саривақтии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор барои рафтуомади сокинон, ба гардиши кишоварзӣ даровардани замин, истифодаи босамари ҷангалзор ва ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот мусоидат менамояд.

Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдон бо сокинони касбу кори гуногуни деҳоти Сари Хосор мулоқот намуданд. Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат ба корҳои созандагию ободонӣ ва муҳайё гардидани шароити арзандаи кору зиндагӣ ба сокинон баҳои баланд дода, дар самти боз ҳам бештар рушд бахшидани бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ба масъулон тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Сокинон дар навбати худ барои дастгириҳои пайваста ҷиҳати муҳайё гардидани имконияти мувофиқи кору зиндагӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдории самимии хешро баён доштанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ТАБИАТ БАРОИ МО, БЕМУБОЛИҒА, ЯК ГӮШАИ БИҲИШТРО ОФАРИДААСТ»

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ТАБИАТ БАРОИ МО, БЕМУБОЛИҒА, ЯК ГӮШАИ БИҲИШТРО ОФАРИДААСТ»

Хабарҳо, Сиёсат
САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Хабарҳо, Сиёсат
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рушди туризм дар Балҷувон

Рушди туризм дар Балҷувон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА