Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

8-08-2019, 22:54

Субҳи рӯзи 6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳаи хушманзараи Калтачанори ноҳия роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол намуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҷаҳду талоши созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш беҳтару хубтар шуд.
Истиқболи самимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати созандагию ободонии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.

Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувон

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

6 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ нахуст дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 60 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд ва аз он 4 ҳазор аҳолии деҳаҳои Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон истифода хоҳанд бурд.

Дар қитъаи обтаъминкунӣ барои таъмини саривақтии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ насосҳои пурқуввату баландсифати обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, насб карда шуд ва тариқи он об ба ду ҳавзи захиравӣ тақсим мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки сокинони 3 деҳаи ноҳияи дурдасти мамлакат аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ, солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд.

Дар партави дастгирӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мушкилоти мавҷудаи сокинони Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашт бартараф карда шуд ва акнун сокинон аз оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мебаранд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардид ва барои сари вақт ва дар муҳалати муайяншуда анҷом ёфтани он 50 нафар мутахассис ва коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки давоми солҳои охир дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат, татбиқи барномаҳои нави соҳавӣ ба 8 деҳаҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон хатти оби тозаи ошомиданӣ гузаронида шуда, аз рӯи нақша корҳои лоиҳакашии таъмини хатти оби нӯшокӣ дар чанд деҳаи дигар идома дорад.

Татбиқи «Даҳсолаи нави байналмилалии амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” ва дигар ташаббусҳои шоистаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ меёбад.

Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии

«Элегант-Балҷувон» дар деҳоти Тоҷикистон

 

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Рӯзи 6-уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд.

Самти асосии коргоҳ коркарди сангҳои маҳаллӣ мебошад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд ёфтааст.

 Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳ моҳи ноябри соли 2018 оғоз шуда, он имрӯз сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, бо истифода аз он сангҳои маҳаллӣ коркард карда мешаванд. Дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ, аз ҷумла санги хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба фаъолияти коргоҳ таъкид доштанд, ки дар ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат бунёди чунин иншоот ва пурра коркард кардани сангҳои маҳаллӣ саривақтӣ буда, он боиси бо ҷойи кор таъмин кардани сокинон ва дастрасӣ пайдо кардани аҳолӣ бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ мегардад.

Айни замон, бо ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Тибқи маълумот иқтидори коркарди сангҳои ороишӣ дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» дар марҳилаи аввал 12 ҳазор метри мураббаъ буда, дар оянда доираи фаъолияти он васеъ карда шуда, то ба 40 ҳазор метри мураббаъ расонида мешавад. Роҳбарияти коргоҳ нақша доранд, ки дар оянда дар ин ҷо коргоҳи хурди саноатӣ-аграрӣ бунёд намуда, чанд нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин созанд.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар ноҳияи Балҷувон сокинон сангҳои ороишии истеҳсолкардаи корхонаро бе харҷи зиёд харидорӣ менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ ба дастгирии бахши хусусӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди корхона боғи интенсивии себ ва ангур бунёд гардидааст. Инчунин, гармхона барои парвариши қаламчаи дарахтони интенсивӣ сохта шуда, дар оянда дар майдони як гектар ҳавзи моҳипарварӣ ташкил карда мешавад.

Истиқбол дар деҳоти Сари Хосор

6 августи соли 2019 дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Сари Хосор ташриф оварданд.

Дар деҳаи Шайдон сокинони ин минтақаи дурдасти мамлакат Сарвари давлатро бо ихлосмандии зиёд ва муҳаббату самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти хушманзар ва дорои табиати мафтункунандаи Сари Хосор, иштирок дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти ҳаётан муҳим ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон мебошад.

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди гиёҳҳои

шифобахши «Сари Хосор»

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши "Сари Хосор"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии "Хӯҷаи сабз" дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ, асосан, занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1000 сомонӣ таъмин шудаанд. Дар мавсими ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои ҷангалзори минтақа бошад, зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мегардад.

Иншоот дар маркази деҳоти Сари Хосор, дар масоҳати 285 метри мураббаъ бунёд гардида, аз анбори аввалия, сехҳои коркард ва банду басти гиёҳҳои шифобахш ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши "Сари Хосор", ҳамчунин, аз меваи дарахтони ҷангалзори минтақа, аз ҷумла бодоми талхдона, чормағз, писта, ангат, канадона, инчунин ҳосили зироати зағир ва ғайра равғани табобатӣ истеҳсол карда мешавад. Дар ин корхона, ки ба таври муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ бунёд гардидааст, 8 дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши кӯҳсори Тоҷикистон, аз ҷумла дастгоҳ барои гиёҳмайдакунӣ, гиёҳордкунӣ, бандубасти халтачаҳои полоишӣ, дастгоҳи равғанкашӣ ва ғайра насб карда шудааст. Маводи доруворие, ки дар ин корхонаи муосир истеҳсол мегардад, тамғагузорӣ мешавад ва ба талаботи стандарти байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 800 қуттии шартӣ маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахш ва беш аз 100 литр равғани табобатӣ аз меваи дарахтони ҷангалӣ мебошад. Тибқи иттилоъ дар минтақаи Сари Хосор зиёда аз 100 намуд гулу гиёҳҳои шифобахш мерӯяд ва аксари он дар корхонаи мазкур коркард ва бандубаст мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешакардаи дастандаркоронро шоистаи таҳсин ҳисобида, барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ҳарчи бештар ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои ҷангалии шифобахш ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи роҳи автомобилгарди Кангурт - Балҷувон - Ховалинг

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

6-уми августи соли равон дар ноҳияи Балҷувон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти, Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бояд таъкид намуд, ки роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг валангор шуда буд ва ронандагону мусофирон ҳангоми рафтуомад ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Роҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта, ба истифода дода шуд.

Тибқи иттилоъ роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон- Ховалинг қариб 43 километрро ташкил дода, паҳнои он 7 метр мебошад. Роҳи автомобилгард имрӯз пурра асфалтпӯш карда, бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Гранти Бонки Осиёии Рушд сохта шудааст.

Ронандагон таъкид медоранд, ки аз сабаби валангор ва таъмирталаб шудани роҳ рафтуомади нақлиёт дар фасли зимистон дар бисёр маврид қатъ мегардид. Пудратчии роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг Ширкати Чайнароуди Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Тибқи лоиҳа дар масофаи 43 километри роҳ 6 пул бо дарозии 455 метр, 5 истгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда, роҳ ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ карда шудааст.

Ду кӯпрук бо дарозии 339 метр аз нав сохта шуда, 4-тои дигар бо дарозии 114 метр таъмир карда шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, пеш аз муҳлат бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои расидан ба ҳадафи стратегӣ-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дар соҳаи нақлиёт барномаву лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давраи татбиқи лоиҳа зиёда аз 100 адад техникаи роҳсозӣ ба кор ҷалб гардида, 365 нафар ба кор таъмин карда шуданд. Аз ин шумора 315 нафари онҳоро коргарону мутахассисони маҳаллӣ ташкил доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми боздид аз роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд асфалтпӯш кардани роҳ баҳои баланд дод. Сохта ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани роҳи автомобилгард туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони ноҳияҳои Балҷувон-Ховалинг дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар рафти иҷрои корҳои роҳсозӣ масолеҳи истифодашаванда, аз ҷумла асфалт санҷида шуда, баъди хулосаи мутахассисон ба истифода дода шуд. Бо мақсади таъмин кардани бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҷойҳои зарурӣ аломатҳои роҳ насб гардида, инчунин дар канори роҳ деворҳои ҳимоявӣ сохта шудааст.

Сохта ба истифода додани роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани сифати роҳ имконият фароҳам меорад, ки нақлиёти боркаш ва мусофирбар дар тамоми фасл бе мушкилӣ рафтуомад намояд. Сокинон таъкид медоранд, ки аз нав сохтани роҳи автомобилгард масофаи роҳро кӯтоҳ ва харҷи сӯзишвориро ҳам кам намуд.

Акнун тавассути роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ҳаҷми боркашонӣ афзоиш ёфта, он барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Хабарҳо
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рушди туризм дар Балҷувон

Рушди туризм дар Балҷувон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА