Дар як сатр
» » Мусодираи 4 ҳазор диски қалбакӣ

Мусодираи 4 ҳазор диски қалбакӣ

17-10-2017, 10:53

Мусодираи 4 ҳазор диски қалбакӣ

Бо мақсади пешгирии фаъолияти ғайриқонунии соҳибкороне, ки ба фурӯши маводҳои аудиовизуалӣ, аз қабили фиттаҳои пастсифату ғайриқонунӣ, қалбакӣ зӯроварӣ, ваҳшоният ва порнографидошта машғуланд, аз ҷониби намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеоии «Тоҷиккино» рейди махсус гузаронида шуд.

Лутфияи Толиб, директори корхонаи фаръии давлатии кино ва видеоии вилояти Хатлон гуфт, ки тибқи нақша дар 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон рейд гузаронида мешавад. - Аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ, Бохтар рейди махсус гузаронида, хушбахтона, ҳеҷ гуна ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ё худ масъалаҳои дар боло зикршуда ба қайд гирифта нашуд.

Чунин рейдҳо аз ҷониби мутасаддиёни соҳа барои коҳиш додани фурӯши дискҳои қалбакӣ дар 20 шаҳру ноҳияи вилоят давом меёбанд.

Бояд гуфт, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 400 рейд гузаронида шуда, беш аз 4 ҳазор фиттаҳои пастсифат мусодира ва нобуд карда шудааст.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Андозро супору осуда бихоб

Андозро супору осуда бихоб

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Доруҳои пастсифатро cӯзонданд (аксу видео)

Доруҳои пастсифатро cӯзонданд (аксу видео)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Муҷозот барои дипломи қалбакӣ

Муҷозот барои дипломи қалбакӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА
Мусодира ва маҳви 110 ҳазор фитаи филмҳои пастсифат

Мусодира ва маҳви 110 ҳазор фитаи филмҳои пастсифат

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА