Дар як сатр
» » ЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН УСУЛҲОИ ИНЪИКОСИ МАВЗӮИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛАРО ОМӮХТАНД

ЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН УСУЛҲОИ ИНЪИКОСИ МАВЗӮИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛАРО ОМӮХТАНД

5-07-2019, 05:34

Гурӯҳе аз журналистони ҷавони вилояти Хатлон аз давраи омӯзишии якрӯза дар мавзӯи «Инъикоси мавзӯи зӯроварии хонаводагӣ дар воситаҳои ахбори омма» гузашта, назокатҳои бозтоби ин мавзӯи ҳассоси иҷтимоиро дар расонаҳои хабарӣ омӯхтанд.

Тренинги мазкур чанде пеш дар шаҳри Бохтар бо ибтикори Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV), ки аз ҷониби филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ амалӣ мешавад, дар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.

Ҳадафи аслии тренинги мазкур мусоидат ба такмили малакаю маҳорати рӯзноманигорони ҷавони вилояти Хатлон дар инъикоси мавзӯи зӯроварии хонаводагӣ дар ВАО, ҳамчунин боло бурдани маҳорати журналистон дар навишти матнҳои хос барои расонаҳои электронӣ унвон мешавад. Ин тренинг беҳтар кардани дониш ва маҳорати иштирокдорони давраи омӯзишӣ дар омодасозии мавод доир ба мавзӯи хушунати оилавӣ: мушкилот ва дурнамои онро вазифаи худ қарор дода буд. 15 хабарнигори ҷавон аз расонаҳои мухталифи вилояти Хатлон, магистрантон ва устодони кафедраи журналистикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар он ширкат варзиданд.

Дар омӯзиш бо истифода аз усулҳои минилексия, "ҳуҷуми мағзӣ”, саволу ҷавоб, нишон додани графикаҳо доир ба зарурати ҷалби таваҷҷуҳи журналистон ва ВАО ба масъалаи зӯроварӣ дар оила, шарҳи мафҳуми зӯроварӣ дар оила, намудҳои зӯроварӣ дар оила: зӯроварии ҷисмонӣ, зӯроварии рӯҳӣ, зӯроварии шаҳвонӣ, зӯроварии иқтисодӣ, субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, оқибатҳои зӯроварӣ маълумот дода шуда, ҷиҳати инъикоси ин мавзӯъ дар матбуот тавсияҳои амалӣ ироа гардид.

Маълумот дода шуд, ки дар сатҳи вилоят Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода амал мекунад. Ҳамчунин дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо - 16 гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ таъсис дода шуда, 258 мутахассиси гурӯҳи кории байниидоравӣ аз омӯзиши ҷанбаҳои асосии фаъолияти байниидоравӣ гузаштаанд.

Аз моҳи октябри соли 2017 то сентябри соли 2018 аз ҷониби гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ба қайд гирифта шуд:

• 1164 муроҷиат, аз он ҷумла 760 муроҷиат аз тарафи ҷабрдидагони хушунати оилавӣ. 594 нафари онҳо (78%) занон, як нафар кӯдак ва 165 (22%) нафар мард будаанд;

• 239 нафар барои машварат гирифтан ба шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила, 185 нафар ба хотири маслиҳати ҳуқуқӣ, 79 нафар бо мақсади суҳбат бо кормандони иҷтимоӣ муроҷиат кардаанд. Дар натиҷаи 245 муроҷиат амрномаҳои муҳофизатӣ дода шудааст;

• Лоиҳаи PDV гурӯҳҳои кории байниидоравиро тавассути иловатан ҷалб намудани 8 корманди иҷтимоӣ, ду ҳуқуқшинос ва 4 тренер дастгирӣ мекунад.

Иштирокчиёни тренинг бо тавсия ва роҳнамоии тренер меъёрҳои журналистии инъикоси мавзӯи зӯроварӣ дар оиларо коркард намуданд, ки аз беғаразӣ, таҷрибадор будани журналист барои мусоҳиба бо ҷабрдидаи зӯроварӣ; риояи меъёрҳои ахлоқӣ, бетарафӣ, ба эъибор гирифтани рӯҳияи қаҳрамони мавод, кор бо сарчашмаҳои муътамад, созанда будани матлаб (ба ҷабрдида зарар нарасонад), баҳодиҳӣ накардан дар мақола, оммафаҳм будани матн, истифода аз шарҳу тафсири коршиносон/уламои дин, эҳтироми ҳаёти шахсӣ иборат буд.

Ба журналистони ҷавон доир ба чӣ тавр бо ҷабрдидагони хушунат саволу ҷавоб кардан тавсияҳои амалӣ дода шуд. Зикр гардид, ки ҳарчанд баъзе занҳо танҳо бо махфӣ нигоҳ доштани номи худ розиянд, ки ҳамаи ҳодисаи рухдодаро қисса кунанд, аммо яке аз вазифаҳои журналист пешбинӣ кардани хатарҳои баъди нашри мақола ба қаҳрамон/ҷабрдидаи хушунат аст.

Дар бахши "Ҷанбаҳои ахлоқии инъикоси мавзӯи зӯроварӣ дар оила” аз ҷумла зикр гардид, ки ҳамаи журналистон ва кормандони касбии ВАО уҳдадоранд, ки дар фаъолияти худ волотарин меъёрҳои ахлоқӣ ва касбиро риоя карда, ҷиҳати ҳарчи васеътар тавассути ВАО интишор гардидани маълумот оид ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва аҳамияти он барои фаъолияти мустақили рӯзноманигорӣ мусоидат кунанд. Созмонҳои журналистӣ бояд ҳодисаҳои поймол шудани ҳуқуқҳои кӯдак ва масоили вобаста ба бехатарии кӯдакон, ҳаёти шахсии онҳо, ҳимоя, таълимот, сиҳатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва тамоми навъҳои истисмори кӯдаконро ба ҳайси масоили барои таҳқиқ ва муҳокимаҳои ҷамъиятӣ хеле муҳим пайгирӣ кунанд. Ба иштирокчиён инчунин оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва этикии мусоҳиба маълумот дода шуд. Иштирокчиён ба саволҳои худ посухи қаноатбахш дарёфтанд.

Дар умум метавон гуфт, ки гурӯҳи иштирокдорони омӯзиш ҳама мутахассисони ҷавон ва ояндадори соҳаи худ буданд. Фаъолнокии иштирокчиён аз дараҷаи касбияти онҳо ва ҳавасмандиашон барои омӯхтани мавзӯи тренинг дарак медод. Ҳамаи онон дар мубоҳисаҳо фаъол буданд.

Зимни табодули афкор миёни иштирокдорон ва коршиносони ҷалбшуда ба тренинг чунин андеша баён шуд, ки ҳанӯз ҳам мушкилоти кадрӣ дар маҳал (норасоии равоншиносони таҳсилдида, ҳуқуқшиносон, кормандони иҷтимоӣ, ки мутахассисони кумак ба қишрҳои осебпазиранд) боқист. Аз ин рӯ, Лоиҳаи PDV минбаъд низ дастгирии лоиҳавиро идома медиҳад. Инчунин, паноҳгоҳҳое, ки ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила барои дарозмуддат он ҷо нигоҳубин карда шаванд, мавҷуд нестанд. Шумораи марказҳои машваратӣ барои кор бо ҷабрдидагони зӯроварӣ ва агрессорҳои оилавӣ нигаронида шудаанд, кофӣ нест. Қолабҳо (стереотип)-и гендерӣ (аз он ҷумла дар миёни мутахассисон ва роҳбарон) ҳоло ҳам боқианд, ки аз мо тадбирандешиҳои доимӣ ва бештарро барои огоҳонӣ ва омӯзиш талаб мекунанд.

Зикр шуд, ки баргузории чунин давраҳои омӯзишии касбӣ доир ба инъикоси мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва боздидҳои расонаӣ ба ҳуҷраҳои машваратӣ дар оянда низ барои рӯзноманигорони ҷавон пешбинӣ гардидаанд.

И. ҲАНГОМА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

М. Хидирзода: «зӯроварӣ дар оила зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани ...

М. Хидирзода: «зӯроварӣ дар оила зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани ...

Ҳаёти иҷтимоӣ
Июл - моҳи тренингҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Июл - моҳи тренингҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Хабарҳо
Силсилаи омӯзишҳо барои кормандони миёнаи тиб

Силсилаи омӯзишҳо барои кормандони миёнаи тиб

Тандурустӣ ва экология
Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила

Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА