Дар як сатр
» » УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАҲДАТ, БА РӮЗИ НЕК РАСИДЕМ»

УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАҲДАТ, БА РӮЗИ НЕК РАСИДЕМ»

6-07-2019, 05:32

Ҳунарро беҳтарин сармояи инсон мегӯянд. Аммо, ба иддаои усто Усмон Раҳматов, аз ҳунар ҳам сармояи гаронарзиштар ваҳдату осоиш, сулҳу салоҳ аст. Зеро ҳунар дар ҷое рушд мекунад, ки дар фазои он макон ҳамдигарфаҳмию ягонагӣ ҳоким асту он ҷо дур аз ҷангу нофаҳмиҳост. Маҳз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ имкон медиҳад, ки ҳунарҳои миллии бостонӣ эҳё ва рушд кунанд, беҳтарин чеҳраҳои ҳунар дар кишвар дарёфт ва ҳунари онҳо ба оммаи васеъ муаррифӣ шавад.

Усмон Раҳматов яке аз чунин ҳунармандони муваффақест, ки бо намунаҳои камназири маҳсулоти заргариаш дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ ва берун аз он шинохта шудааст.

Пайроҳаи ҳунари Усмон аз достонҳои заргарони чирадасти дигар фарқ мекунад. Ҳунари ӯ ирсӣ нест. Чун дигарон аз падар ба мерос нагирифтааст. Ӯ нозукиҳои ин ҳунарро бо ёрии бародари заргараш усто-Раҳмат, ки дар шаҳри Душанбе заргари номдор аст, аз худ кардааст.

Усмон бо шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи кишвари азизамон мегӯяд, ки соҳибистиқлолӣ ӯ ва дигар нафарони ҳунармандро соҳиби ному нон кардааст. Зеро бо доштани ин неъмати бузург ва қалби шоду беғам модарону бонувон метавонанд аз маҳсулоти заргарӣ ва дигар ороишоти занона истифода кунанд, худро зебу зиннат бахшанд.

Дар ноҳияи Панҷ, ки яке аз дурдасттарин ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, намояндагони миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Шавқу рағбати бонувон низ гуногун аст. Усто-Усмон аз таҷрибаи кории хеш мегӯяд, ки зиёда аз бист сол пеш занону модарони панҷӣ ханда аз лабонашон парида буд ва аз маҳсулоти заргарӣ низ кам истифода мекарданд. Шукронаи ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти кишвари азизамон, ки дубора чеҳраҳои занону бонувон кушода ва ғам аз қалбҳои онҳо зудуда шуд.

- Мо, ҳунармандон, низ бо расидан ба ваҳдату ягонагӣ ва тинҷию осудагии кишвар соҳиби кору касб ва зиндагии ширин гардидем. Дар ноҳияи Панҷ то се-чаҳор сол пеш бештар бонувон ба метали тилло таваҷҷуҳ доштанд, имрӯз бошад, аз заргарон бештар ҳалқаву дастбандҳои нуқрагин харидорӣ мекунанд, - мегӯяд устои заргар Усмон Раҳматов. - Бонувон бештар нусхаҳои қадимаи ороишотро фармоиш медиҳанд. Мо ба сохти қадима тарҳи нав ва сангҳои пурҷилотарро омехта карда месозем, ки ба занону бонувон хуш меояд. Азбаски мардуми ноҳияи Панҷ, бахусус занони деҳотҷой, имкони рафтан ба шаҳрҳои Бохтару Душанберо надоранд, мо ҳунармандон кӯшиш мекунем, охирин муди заргариро аз Душанбе омӯхта, бо нархи нисбатан арзон пешкаши фармоишгарон созем.

Бояд қайд намуд, ки ҳунари Усмон Раҳматовро на танҳо дар ноҳияи Панҷ, инчунин дар Ҷайҳуну Фархор низ қадр мекунанду маҳсули дастонаш талабгорони зиёд дорад. Духтароне, ки аз Панҷ ба дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон арӯс шуда мераванд, ба ҳалқаву дастмонаҳо, занҷираву ангуштариҳои нуқрагини сохтаи Усмон Раҳматов мафтун шуда, ба дурии роҳ нигоҳ накарда, барои фармоиш додан меоянд.

То ҳанӯз касе аз даргоҳи ӯ ноумед нарафтааст.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЭЪЛОНИ ҒОЛИБОНИ ФЕСТИВАЛИ «ҲУНАР ОМӮЗ…»

Хабарҳо
Қаламзане аз «Тахти сангин»

Қаламзане аз «Тахти сангин»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

АМАЛИ ХАЙРИ ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТР

Хабарҳо
Ҳунар – меҳвари зиндагӣ

Ҳунар – меҳвари зиндагӣ

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Шаби эҷодии Усмон Билолӣ дар Қӯрғонтеппа

Шаби эҷодии Усмон Билолӣ дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА