Дар як сатр
» » ДАР ОБҲОИ ТЕЗҶАРАЁН ОББОЗӢ НАКУНЕД

ДАР ОБҲОИ ТЕЗҶАРАЁН ОББОЗӢ НАКУНЕД

6-07-2019, 05:29

Бо фаро расидани фасли тобистон ва оғоз шудани мавсими оббозӣ каналу дарё, ҷӯю обанбор ва обпартоҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ки гармтарин минтақаи Тоҷикистон аст, серодам мегарданд. Дар он ҷойҳо бахусус кӯдакону наврасон хеле зиёданд. Барои онҳо оббозӣ ҳам василаи салқиншавӣ ва ҳам як усули дилхушӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин фасли сол махсусан соҳили каналу ҷӯйборҳои зери назоратгирифта бештар серодам аст. Каналҳои «Хонум» ва «Ҷӯйбор», воқеъ дар шаҳри Бохтар сокинону меҳмонон, аз ҷумла ҷавонону наврасон ба оббозӣ машғул шуда, ба хатарнок будани баъзе мавзеъҳо ва оби ҷараёнашон тез аҳамият намедиҳанд, ки ин дар бисёр ҳолат бо оқибатҳои нохуш меанҷомад.

Аз ин рӯ, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон назоратро дар чунин мавзеъҳои шиноварӣ пурзӯр карда, дар дарёҳои пуртӯғён, ки оббозӣ дар онҳо иҷозат дода намешавад, бо истифода аз ғаввосон ва наҷотбахшони касбӣ навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ мондааст.

- Дар шаш моҳи аввали соли равон дар вилоят 9 нафар ҳангоми оббозӣ дар каналу заҳбурҳо ғарқ шудаанд, ҷасади ҳамагӣ 8 нафарро дарёфт кардем, ки нисбат ба соли гузашта 5 нафар зиёд ғарқ шудааст, - гуфт Муродҷон Муидинов, сардори Бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон. - Сабабҳои асосии ба ҳалокат расидани шаҳрвандон дар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, беэҳтиётӣ, лағжидан дар об, беназоратии падару модарон нисбат ба фарзандон мебошад. Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар мавзеъҳои хавфноки шаҳри Бохтар лавҳаи «Оббозӣ манъ аст!» насб мекунем, лекин онҳоро мешиканад. Дар баробари ин кормандони Раёсат ҳар рӯз бо сокинони минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, ба онҳо қоида ва маконҳои оббозиро шарҳ медиҳанд ва даъват мекунанд, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд.

Ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва рӯйдодҳои нохуш, шумо метавонед ба қисми навбатдории фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо телефонҳои зерин муроҷиат намоед: 93 880 28 89; ё 8 3222 2-35-05;

Ҳамчунин волидонро огоҳ менамоем, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳангоми оббозӣ эҳтиёт шарт аст

Ҳангоми оббозӣ эҳтиёт шарт аст

Тандурустӣ ва экология

ҲУШДОРИ КҲФ ДАР МАВСИМИ НАВИ ОББОЗӢ

Хабарҳо
Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология