Дар як сатр
» » ОФТОБИ УМЕДИ МАРДУМ НУРАФШОН ШУД

ОФТОБИ УМЕДИ МАРДУМ НУРАФШОН ШУД

6-07-2019, 05:27

Вақте аз саргузашти талхи мардуми тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар мешавем, мақсад ҳаргиз дубора рӯ занонидани ҳиссиёти манфии мардум нест, балки сабақомӯзи наслҳои имрӯзӣ аз хатоҳо ва дарки даҳшати он даргириҳост, то аз такрори он ҷанги мудҳиши таҳмилӣ ҷилвагирӣ шавад.

Бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҷойҳои харобгашта ҳама ободу барқарор, зиндагии мардум тинҷу осоишта гардиданд. Вале, доғи ҷанг ҳанӯз аз дилҳо зудуда нашудааст. Қадри Ваҳдати миллиро ҳамоне медонад, ки барои расидан ба он саҳми хешро гузошта бошад.

Абдулло Нарзуллоев, сокини 84-солаи деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, нафарест, ки бо чашми худ ваҳшонияти ҷангро дидааст. Ӯ имрӯз шукрона аз он мекунад, ки шоҳиди Ваҳдати миллӣ ва замони сулҳу осоишта гардидааст.

Борҳо ӯ аз ҷониби гурӯҳҳои мухолифин таҳдидҳо дида, дар ин миён ду ҷиянашро аз даст додааст.

- Дар он рӯзҳои наҳс мардумро бераҳмона қатл мекарданд, ба ёд меорад даҳшати ҷангро Абдулло Нарзуллоев. – Садои тиру туфанг ва гиряи мардум хомӯш намешуд. Аз тарси ҷон манзили хешро тарк гуфта, аз ватан фирор мекарданд.

Бобои Абдулло сабаби асосии ин ҷанги таҳмилиро дар якдигарнофаҳмӣ ва маҳалгароӣ маънидод мекунад. Дар ин нобасомониҳо ҳазорон оила бесаробон монданд, волидон бо дили реш дар ёди фарзандони ҳалокгардидаи худ то ба ҳол ашк мерезанд.

Абдулло Нарзуллоев мегӯяд, ки дар он рӯзҳо одамон ба ҳама азоб тоқат карда, барои хушбахтии имрӯзиён онҳо ҷоннисорӣ кардаанд. "Сулҳу субот, айёми созандагӣ, рӯзҳои нек фаро расиданд, ҳама аз пайи зиндагӣ ва ободкорианд. Баъди вазъ ба эътидол омадан маҳз бо кӯшишу талошҳои Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон алангаи ҷанг хомӯш гардид, гурезаҳо як – як, гурӯҳ – гурӯҳ ба макони зист баргардонида шуданд”, - меафзояд бобои Абдулло.

Аз сарнавишти талхи миллати тоҷик, дар он айём ҳама огоҳанд. Зеро ин таърих аст. Он барои насли оянда, махсусан мардуми диловару шуҷоатманди мо аз аҳамият холӣ нест. Ҳар қадар таърихи миллату меҳанро хуб бидонем, ҳамон андоза ба қадру манзалати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ мерасем.

Фирдавс УМАРОВ,

Сорбони САЙМУРОД,

Набиҷони САИДАБРОР,

таҷрибаомӯзони "Хатлон”




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Поёни шаби сиёҳ сафед аст

Поёни шаби сиёҳ сафед аст

Мусоҳибаи мо
Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан

Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷанг ва сулҳ аз нигоҳи як ҳамсоли ваҳдат

Ҷанг ва сулҳ аз нигоҳи як ҳамсоли ваҳдат

Ҷавонон ва варзиш
Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо