Дар як сатр
» » УМРЕ ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ

УМРЕ ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ

6-07-2019, 05:23

Он нафаре, ки дар борааш қисса мекунем, воқеан дилошнои зиндагист. Бо рафтору кирдор, бо пиндори беолоиш, бо табъи болида ва гуфтори зарофатомезаш намунаи инсони зиндадил аст. Ҳеҷ гоҳе надидаам, дигарон ҳам надидаанд, ки ӯ хастадилу абрӯгирифта ва аз «даву ғеҷ»-и рӯзгор безору бемадор шуда бошад. Ҳамеша дар лабонаш табассум гул мекунад, табассуме, ки дар худ зиндагиро, меҳрро, муҳаббатро таҷассум менамояд.

«Одамгарӣ кардан», «аз ноодамӣ парҳез намудан», аз шодиву нишот ва хушбахтии дигарон шод шудан, дар паҳлуи ғамшарики мусибатзадагон будан, ба роҳи росту дуруст раҳнамоӣ кардани ҷавонон, бо маслиҳати хирадмандонае осон кардани мушкилоти ҳар нафари дар кораш чигилафтода, аз роҳи каҷ баргардонидани раҳгумзадагон, дар хизмати халқ ва ҷомеа камар бастан, дар ҳаёти худ ва дигарон ҷорӣ намудани панду андарзи ҳакимону раҳёфтагон барин хислатҳои ҳамида барои ин дилошнои зиндагӣ маънии зиндагианд.

Шояд хонандаи гиромӣ суол кунад: "Кист он рафиқи шафиқ ва он дӯсти меҳрубону мушфиқ?”

Ӯ Эмомалӣ Алимардонов аст, ки даврони ҷавонию камолоти умрашро бедареғ ба хидмати халқу диёр бахшидааст ва имрӯз ҳам дар паҳлуи ҷавонмардони бо ору номус, солору босалобат худафрӯзӣ мекунад, то рисолати худро, масъулияти худро дар назди ҷомеа бекаму кост, сарбаландона адо намояд.

Солномаи рӯзгори ӯро варақгардон мекунему мебинем, ки пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун омӯзгори фанни математика дар тӯли понздаҳ сол чандин наслҳоро аз деҳаҳои Чароғчӣ, Ҳасанӣ, Оҳуҷар ва Навободи ноҳияи Ёвон тарбия кардаву ба камол расонидааст. Дар давоми солҳои омӯзгориаш вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ, аз ҷумла панҷ сол муовинии директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 9 ва 44 ва ҳашт сол директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44-ро ба уҳда дошт. Соли 1986 ба ҳайси вакил дар Анҷумани VII омӯзгорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзидааст ва хизматҳояш дар ҷодаи таълиму тарбия бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаанд. Шогирдони бешумораш, ки бархе аз онҳо имрӯз роҳбари ин ё он муассиса ҳастанду бархе дигар бо ҳунару истеъдоди худ гули сари сабади ҷомеа мебошанд, боиси ифтихори устоданд.

Насаби «Алимардонов»-ро ӯ тавассути чашмикордонӣ, ташаббускорӣ, дурандешӣ, ақлу заковат ва иродаву матонати камназираш дар водии Ёвон маълуму машҳур гардонидааст. Тайи ҳафт соле, ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов муовини раис буд ва боз ҳафт соли дигаре, ки ҳамчун раис дар ҷамоати мазкур фаъолият дошт, бо ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ, ки гувоҳи кордонияш мебошанд, аҳолии деҳаҳои Тутак, Дастгираки Боло, Дӯстӣ, Навобод, Чашмасор-1, Чашмасор-2, Ширинчашма, Меҳристон, Чормағзак ва Гулибодомро бо оби ошомидании чашмаҳои кӯҳсорони атроф таъмин кардааст. Ба туфайли ана ҳамин бунёдкориҳояш, ҳар як сокини деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов ӯро самимона ҳурмату эҳтиром мекунанду аз шунидан ё ба забон овардани насаби «Алимардонов» эҳсоси тафохур менамоянд.

Ҳар инсонеро дар ҳаёт рисолате ба дӯш аст, рисолате, ки барои иҷрои он Офаридгор кумакаш мекунад, яъне меҳри он кору он рисолати ҳаётиро дар дилаш ҷой медиҳад ва барои амалӣ сохтани он ҳунару истеъдодаш мебахшад. Ба андешаи ман, рисолати ҳаётии Алимардонов мубаллиғӣ ё худ, ба ифодаи сиёсӣ, идеолог аст. Хуш ба ҳоли ӯ, ки ин ҷавҳари истеъдоди фитрии худро дарёфта, муддати сенздаҳ сол дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон кору фаъолият кард ва тайи ин солҳо бо нутқи гиро, гуфтори пурмантиқ, лафзи ширин ва суханони нишонрас миёни мардум, аз минбарҳои баланд таблиғи некиву накӯкорӣ, футуввату ҷавонмардӣ, ростиву растагорӣ, саховатпешагию хайрандешӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ватандӯстӣ мекунад. Ҳар маҳфиле, маҷлисеву ҷамъомаде аз ҳузураш шукуҳманд мегардад.

Суҳбати дилкушову ширин дорад. Дар ҳар куҷое, дар ҳар вазифае, ки кор кардааст, ҳамин кирдору амалаш ӯро гули сари сабад кардаасту азизи дили ҳамкорон. Дар маъракаву нишастҳое, ки Алимардонов ҳозир бошад, аз он ҷо ғаму ғусса ва яъсу ноумедӣ мегурезанд. Зарофатгӯиву шӯхиҳои намакинаш хотирҳоро болида ва дилҳоро пурфараҳ месозанд.

Шахсан барои ман Эмомалӣ Алимардонов мояи ибрат ва сармояи панду андарзҳои бепоён аст. Тайи нуҳ соле, ки дар шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия якҷоя кор кардем, аз ӯ ҳам усули кор омӯхтаму ҳам сабақи зиндагӣ.

Имрӯз, ки ин марди рӯзгор ва дилошнои зиндагӣ пас аз фаъолияти беш аз чилсолаи меҳнатӣ бо сари баланд ба синни мубораки нафақа расидааст, барояш сиҳатмандии комил, хотири осуда, рӯҳи болида ва саодати минбаъдаи ҳаётӣ хоста, таманно мекунам, ки баъд аз ин натанҳо дар ҳалқаи фарзандону наберагон рафоҳият ёбаду фароғат кунад, балки доиман бо табассуми рӯҳафзо ва суҳбатҳои пур аз зарофату саршор аз меҳру муҳаббаташ шамъи фурӯзони маҳфилҳои дӯстону ҳамкорон боқӣ бимонад.

Файзиддини Муҳаммадӣ,

сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Накуном зист, некном рафт

Накуном зист, некном рафт

Чеҳранигорӣ

Сулолаи омӯзгор

Маориф ва илм
Пешвои миллат: «насли дорои эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастиро тарб ...

Пешвои миллат: «насли дорои эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастиро тарб ...

Ҳокимияти давлатӣ
Ташаккур, барои сулҳу ваҳдат!

Ташаккур, барои сулҳу ваҳдат!

Чеҳранигорӣ
Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ