Дар як сатр
» » ДӮСТӢ. ДАСТОВАРДИ КИРМАКПАРВАРОН НАМОЁН АСТ

ДӮСТӢ. ДАСТОВАРДИ КИРМАКПАРВАРОН НАМОЁН АСТ

5-07-2019, 05:22

Кирмакпарварони ноҳияи Дӯстӣ сарбаландона дурнамои истеҳсоли пилларо, ки 26700 килограмм муқаррар шуда буд, иҷро намуданд.

Бо таъкид ба яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ шудани соҳаи кирмакпарварӣ дар кишвар, сардори ҶСФ «Пиллаи Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадлатиф Эшонқулов гуфт, ки имсол тибқи шартнома аз ҶДММ «Тоҷ-Силк» 540 қуттӣ тухмӣ дастрас ва ба 1340 нафар кирмакпарварон тақсим карда шуд. Мутахассисон аз ҳолату парвариши кирмак ва танидани пилла ҳамеша хабар гирифта, ба талаф ёфтани он роҳ надоданд. Ҳамин гуна муносибати ҷиддӣ дар нигоҳубини дарахтони тут ва ҳар кирмакпарварро бо барги он таъмин кардан низ ба роҳ монда шуд. Ҳамаи ин ба таъмини дастовард мусоидат кард.

Бо назардошти тухмӣ нархи ҳар як кило пилла 10-11 сомониро ташкил дода, ба супорандагони пилла саривақт пардохт гардидааст. Манбаъ афзуд, ки дар иҷроиши нақша пеш аз ҳама кирмакпарварони хоҷагиҳои калони ноҳия, ба мисли Эргаш Султонов (Ҷамоати деҳоти «Ҷиликӯл»), Эшбек Сатторов, Уралбобо-2014 (Ҷамоати деҳоти «Нури Вахш», Ҷамоати деҳоти «Деҳқонобод») саҳми бориз гузоштанд.

М. НОСИРҶОН,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИСТЕҲСОЛИ ПИЛЛА ДАР ХАТЛОН РӮ БА АФЗОИШ АСТ

ИСТЕҲСОЛИ ПИЛЛА ДАР ХАТЛОН РӮ БА АФЗОИШ АСТ

Арсаи кишоварзӣ
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «ҳосили дастранҷи деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «ҳосили дастранҷи деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад»

Ҳокимияти давлатӣ

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА