Дар як сатр
» » ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ ШУҲРАТИ ПЕШИНИ САНОАТРО БАРҚАРОР КАРДАНИАНД

ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ ШУҲРАТИ ПЕШИНИ САНОАТРО БАРҚАРОР КАРДАНИАНД

6-07-2019, 05:21

Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар самти ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ ва ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат корҳои муайяне ба иҷро расидаанд. Ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ сол аз сол афзоиш ёфта, алҳол 53,8%-ро ташкил медиҳад.

-Дар гузаштаи наздик ноҳияи Ҳамадонӣ яке аз ноҳияҳои муваффақи саноатӣ маҳсуб мешуд, - иброз дошт раиси ноҳия Б. Одиназода дар мулоқот бо намояндагони доираи соҳибкорони маҳаллӣ. - Ба даст овардани шуҳрати пештараи ноҳия ва ноил шудан ба дастовардҳои бештар дар шароити истиқлолияти комили кишвари азизамон вазифаи ҳар яки мо мебошад.

Дар соли 2018 корхонаҳои саноатии ноҳияи Ҳамадонӣ ба маблағи 82,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 (3,2 миллион сомонӣ) 25 баробар ва нисбат ба соли 2015 (60,5 миллион сомонӣ) бошад, 136% зиёд гардидааст. Аз рӯйи нишондиҳандаи дурнамо соли 2019 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 69,3 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки айни ҳол ин нишондиҳанда ба 82,3 миллион сомонӣ расонида шудааст. Суръати афзоиш 118,7%-ро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 63 корхонаи мухталифи саноатӣ, ки самти асосии истеҳсоли онҳо коркарди ашёи хоми маҳаллист, фаъолият менамояд. Дар ин корхонаҳо 367 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар корхонаҳои саноатии ноҳия асосан коркарди пахта, истеҳсоли намаки ошӣ, масолеҳи сохтмонӣ (сангу шағал) ва маҳсулоти хӯрокворӣ (қаннодӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ) ба роҳ монда шудааст.

Филиали №60 БДА «Амонатбонк» дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла саноат, хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намудааст. Дар панҷ моҳи соли 2019 ба соҳаи пахтакорӣ 128500 сомонӣ (ба 35 нафар), чорводорӣ 53000 сомонӣ ба (16 нафар), занбуриасалпарварӣ 40000 сомонӣ (ба 4 нафар), боғдорӣ 38700 сомонӣ (ба 7 нафар), 259800 сомонӣ қарзҳои судманд (ба 68 нафар), ҳунарҳои мардумӣ 32200 сомонӣ (ба 7 нафар) қарзҳо дода шудаанд. Соли 2019 дар маҷмӯъ ба 144 нафар 579600 сомонӣ қарзи бонкӣ дода шудааст.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вазорати саноат ва технологияҳои нав:  «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ  ...

Вазорати саноат ва технологияҳои нав: «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ ...

Иқтисоду тиҷорат

Соли 2019 дар Кӯлоб бунёди 15 коргоҳ ва 3 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст

Иқтисоду тиҷорат

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА