Дар як сатр
» » АЗМИ БУНЁДИ 360 ИНШООТ ТО СОЛИ 2021

АЗМИ БУНЁДИ 360 ИНШООТ ТО СОЛИ 2021

5-07-2019, 05:20

Дар ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо менамояд.

Аз 360 адад иншооти таъиноти гуногун, ки сохтану ба истифода доданашон то таҷлили ҷашни мазкур ба нақша гирифта шудааст, дар айни замон қисмати муайяне мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншоотҳои боқимонда корҳо бомаром идома доранд. Яке аз чунин иншоот бинои шуъбаи маорифи ноҳия мебошад, ки масоҳаташ 300 метри мураббаъро ташкил намуда, бунёди онро ширкати сохтмонии «Абураҳмон-2013» ба уҳда гирифтааст. Дар қитъаи мазкур сохтмончиён пас аз бунёди таҳкурсии иншооти ҷашнӣ, ки баландиаш 2 метру 20 см-ро дар бар мегирад, ошёнаи якуми бинои маорифро бо сифати баланд сохта, алҳол ба сохтмони ошёнаи дуюми иншооти ҷашнӣ машғуланд. Онҳо ҷидду ҷаҳди хешро ба он равона кардаанд, ки то 1 сентябри соли ҷорӣ бинои сеошёнаи шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритузро мутобиқи талаботи муосири сохтмонӣ сохта, мавриди истифода қарор диҳанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДӮСТӢ. ОМОДАГӢ БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо

ШАҲРИТӮС: СОХТМОНИ 363 ИНШООТИ ҶАШНӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо