Дар як сатр
» » САИДҶОН ҲАКИМЗОДА - ШОИРИ ВАТАНПАРВАР

САИДҶОН ҲАКИМЗОДА - ШОИРИ ВАТАНПАРВАР

6-07-2019, 05:18

Бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯзи 15 июни соли ҷорӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Саидҷон Ҳакимзода ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» бахшида ба 80 - солагии шоир Саидҷон Ҳакимзода баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки пеш аз оғози конфронс як гурӯҳ адибони тоҷик Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Парда Ҳабиб, Алиакбар Абдулло, Абдуқодир Раҳим, нависанда Абдулҳамид Самад, адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманонов бо сарварии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба аёдати хонаводаи шоир рафта, бо завҷаи марҳум ва аҳли оилаи онҳо дидорбинӣ намуданд. Сипас, ба муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53, ки номи устод Саидҷон Ҳакимзодаро дорад, ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи мактаб меҳмононро бо як гулчини шеъру суруд, ки аз офаридаҳои Саидҷон Ҳакимзода иборат буд, хонандагони мактаби мазкур ботантана пешвоз гирифтанд.

Баъдан, гурӯҳи меҳмонон ба Донишгоҳи давлати Кӯлоб, ки макони баргузории конфронс қарор дода шуда буд, ташриф оварданд. Конфронсро Ректори донишгоҳ – Абдулло Ҳабибулло, доктори илмҳои физика – математика, узви вобастаи АИ ҶТ ифтитоҳ намуда оид ба ҳаёти ибратбахши шоири ширинбаён ва зарофатгӯю хоксор шодравон Саидҷон Ҳакимзода ёдовар гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки конфронс баъди ҷаласаи ифтитоҳӣ кори худро дар 2 бахш идома дод, ки дар он олимону пажӯҳишгарон аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, коллеҷи омӯзгорӣ ва ҳаводорони шеъри шоир Саидҷон Ҳакимзода ширкат карда, маърӯзаҳои илмии худро пешкаши ҳозирин гардониданд.

Дар конфронс завҷаи шодравон Саидҷон Ҳакимзода ва фарзандону пайвандони шоир иштирок доштанд.

БахтиёрСафаров




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили 1160-солагии рӯдакӣ дар ддб

Таҷлили 1160-солагии рӯдакӣ дар ддб

Фарҳанг ва адабиёт

Гиромидошти хотираи П. Сатторӣ

Хабарҳо

Қомат афрохтани муҷассамаи Рӯдакӣ

Хабарҳо
«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА