Дар як сатр
» » Кӯлоб: ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Кӯлоб: ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

6-07-2019, 05:17

Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти "Зарбдор”, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони иншооти таъйиноти иҷтимоӣ идома доранд.

Дар деҳаи Гулистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Неъматулло Шомадов бунгоҳи дорои чор ҳуҷраи хизматрасонии тиббӣ, дорухона ва сартарошхона мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, и.в.раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром ва дигар масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок карданд.

Қобили зикр аст, бунгоҳи тиббӣ то ин замон дар хонаи истиқоматӣ фаъолият мекард. Айни ҳол деҳа 1358 нафар аҳолӣ дорад. То маркази ҷамоат 3 км роҳ аст. Бунгоҳи тиббӣ аз тарафи оилаи Шомадовҳо бо харҷи 320 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Дар он 4 нафар ҳамшираҳои шафқат фаъолият мекунанд. Ҳамчунин беморхонаи ноҳиявии "Хатлон -1” (дорои ташхисгоҳ) мавриди истифода қарор дода шуд. Беморхона дорои 12 ҳуҷраи бо тарҳи замонавӣ сохташуда бунёд карда шудааст. Сохтмони ин иншоот аз тарафи Дирексияи сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар ин рӯз дар деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти "Кӯлоб” аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Нозимов Ғайратшо нуқтаи шустушӯйи мошинҳо ва толори саққобозӣ бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар назди майдони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бошад, Нишон ва Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Ҳозиринро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ба муносибати 22- солагии Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт. Аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯз бо иқдоми наҷиби роҳбарияти донишгоҳ бунёди Нишон ва Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносию эҳсоси ватандӯстии насли ҷавону наврас ва ҳар як донишҷӯе, ки дар ин даргоҳи муқаддас таҳсил мекунад, таъсири мусбат мерасонад. Чорабиниҳои имрӯза аз тарафи шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб хуш истиқбол карда шуд.

 

Б. Сафаров



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

Ҳаёти иҷтимоӣ

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо
Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА