Дар як сатр
» » ЗАМИН МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТ АСТ

ЗАМИН МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТ АСТ

6-07-2019, 05:08

Замин, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Ҷиҳати муҳиммият ва арзишманд будани истифодаи замин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст: "Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад”.

Ҳар ваҷаб, ҳар пораи хоки поки ватан барои мо азизу муқаддас аст. Зеро 93 фоизи кишвари моро кӯҳсор ташкил карда, ҳамагӣ 7 фоизашро заминҳои ҳамвори корам ташкил медиҳад. Ёдрас мешавем, ки Сарвари давлат ҳанӯз 30 ноябри соли 2012 вақти суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Паёми худ аз 26 декабри соли 2018 "Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид намуда буданд, ки ҳар як ваҷаби замини корам, бояд ҳамчун омили таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллатамон ба ҳисоб меравад, истифода бурда шавад. Бе истифодаи дурусти замин ва таъмини самараноки он масъалаи афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ғайриимкон аст.

Вилояти Хатлон аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ ҳамчун вилояти аграрӣ-саноатӣ маҳсуб ёфта, ҳар як шаҳрванди вилоятро мебояд заминро оқилона, пурра ва самаранок истифода бурда, ҳифзи онро таъмин намояд. Хурсандибахш аст, ки дар давраи Истиқлолият бо саъю кӯшиш ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар ин ҷода корҳои шоистае анҷом ёфт.

Дар давраи Истиқлолият бо саъю кӯшиш ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити зист 135 ҳазор гектар замин ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда шудааст. Яъне беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар соҳиби қитъаҳои замин шудаанд. Дар ин замина, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2018, таҳти №1168 ва ҳамчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2019, таҳти №1172 дар бораи сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2019 Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин таъсис дода шуд.

Раёсати мазкур бевосита иҷрои талаботҳои қонунгузории заминро дар миқёси ҷумҳурӣ назорат мекунад. Дар прокуратураи вилоят бошад, бахши назорати иҷрои қонунгузории замин таъсис дода шудааст. Таҳлилу ҷамъбасти натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузории замин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муайян намуд, ки масъулини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, Кумитаи идораи замин, КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, меъморон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминистифодабарандагон ба ҷойи таъмин намудани истифодаи босамари заминҳои кишоварзӣ дар баъзе мавридҳо даст ба тақсими ғайриқонунӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва хариду фурӯши замин мезананд. Дар натиҷа садҳо гектар заминҳои ҳосилхез бе бозгашт аз гардиши кишоварзӣ берун мемонад.

Дар асоси банди 2-и нақша-чорабиниҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи самараноку оқилонаи замин, ки аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод тасдиқ карда шудааст, бо фаъолон ва масъулини иҷрои қонунгузории замин пайваста вохӯриҳо баргузор менамоем. Агар дар давоми соли 2018 ҳамагӣ дар самти қонунгузории замин 325 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида бошанд, он гоҳ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аллакай 147 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Бо натиҷаи 136 санҷиши прокурорӣ дар ҳудуди вилоят дар давоми 1 солу се моҳи охирунвонии раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои дахлдор 262 пешниҳод дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда , 307 амр дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ирсол намуда, бо натиҷаи баррасии онҳо баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкунии замин чораҳои дахлдор андешида шудаанд. Дар баробари ин, 171 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, 240 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 518 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ҷаримабандӣ карда шудаанд. Барои бекор кардани санадҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ 441 эътирози прокурорӣ оварда шудааст. Нисбати шахсони гунаҳгор 472 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Танҳо дар давоми соли 2018 ва се моҳаи соли ҷорӣ нисбати 72 нафар шахсони масъул ва мансабдор, ки худ бояд иҷроиши қонунгузории заминро таъмин мекарданд, парвандаҳои ҷиноятӣоғоз карда шудааст. Аз онҳо 14 нафар кормандони Кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, 24 нафарашон раисон ва кормандони ҷамоатҳо, 25 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 9 нафари дигар шахсони мансабдор мебошанд.

Дар маҷмӯъ, дар соли 2018 ҳамагӣ 6002 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, аз он 390 ҷиноят вобаста ба замин мебошад, ки 6,5%-и шумораи тамоми ҷиноятҳои ба қайдгирифтаро ташкил медиҳад.

Мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, Кумитаи идораи замин, ҳифзи муҳити зист ва заминистифодабарандагон-хоҷагиҳои деҳқонӣ уҳдадоранд назорати давлатии истифодаи ҳифзи замин ва мувофиқи мақсад истифодабарии онро назорат кунанд.

Дар ҳудуди вилоят баъзе кормандони Кумитаи идораи замин, мақомоти меъморию шаҳрсозӣ, ҷамоатҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шахсони мансабдор ба ҷойи назорат намудан баръакс худ заминҳои таъиноти кишоварзиро бо ҳар роҳу восита ғайриқонунӣ тақсим ва ё ба ивази маблағҳои калони пулӣ ба шаҳрвандон фурӯхтаанд.

Чунончӣ, раиси хоҷагии деҳқонии "Бек”-и ноҳияи Кӯшониён Миразизов Рустам Аламович, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Аслонов Содиқҷон даромада, бо баҳонаи ҷудо карда додани замини наздиҳавлигӣ маблағи 12200 (дувоздаҳ ҳазору ду сад) доллари ИМА гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода намудааст. Нисбати номбурда барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Наҷмудин Рустамов бошад, дар вазифаи мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант кор карда, дидаю дониста, яъне медонад, ки ваколати ба шаҳрвандон ҷудо карда додани заминро надорад, қитъаи замини зери сохтмони нуқтаи обтаъминкуниро тобистони соли 2016 ғайриқонунӣ ба 16 нафар эҳтиёҷмандон барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ҷудо карда додааст. Санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он дар прокуратураи вилоят идома дорад.

Мувофиқи муқаррароти моддаҳои 6 ва 55 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мақомоти асосие, ки назорати истифодаи самараноку оқилонаи замин ба зиммааш вогузор шудааст, Кумитаи идораи замин ва сохторҳои он дар маҳалҳо мебошад. Мақомоти мазкур вазифадор шудааст, ки риояи бемайлони қонунгузории замин, истифода ва ҳифзи онро аз тарафи тамоми заминистифодабарандагон, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон таъмин намоянд.

Баъзе аз масъулини Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо ба ҷойи иҷрои вазифаҳои ба зимаашон вогузоршуда баръакс худ ба тақсимоти ғайриқонунии заминҳои таъиноти кишоварзӣ даст задаанд. Раисони Кумитаи идораи замини ноҳияҳои А. Ҷомӣ Б.Ғуломов, Вахш З. Назаров, Фархор С. Сафаров ва мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар Дилшод Кенҷаев бар ивази маблағҳои калони пулӣ заминҳои таъиноти кишоварзиро ба шаҳрвандон барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ тақсим карда додаанд.

Зарифов Мирзомуддин дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон кор карда, даст ба содир кардани ҷинояти сохтакории хизматӣ зада, ҳангоми вобаста намудани қитъаи замини зери бино ва таваққуфгоҳи намояндагии Иттифоқи автомобилчиёни ноҳия ба ҷойи 7 нафар аъзоёни комиссияи ноҳиявӣ ҳуҷҷатҳоро сохтакорона тартиб дода, бо мӯҳру имзоҳои аъзоёни комиссия тасдиқ кардааст.

Оид ба ин ҳодиса прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбати М. Зарифов барои сохтакорӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо натиҷаи баррасии судӣ ҷазои сазовор гирифтааст.

Таҳлилҳо нишон дод, ки кормандони Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳру ноҳияҳо дар тақсимоти ғайриқонунии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва заминҳои истифодаи умум даст доранд.

Масалан, мутахассиси Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи А. Ҷомӣ Қурбонов Алишер дар давраи соли 2018 майдони 0,60 га заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии "Файзалӣ Саидов”-ро ба 6 нафар шаҳрвандон ба ивази 18000 доллар барои сохтмонҳои манзили истиқоматӣ фурӯхтааст, ки дар натиҷа ӯ барои ин амали ғайриқонуниаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 8 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот” назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро дар маҳалҳо ҷамоатҳо амалӣ менамоянд.

Мутаассифона, бархе аз масъулини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо ба ҷойи пешгирӣ ва ҳифз намудани заминҳои пурқиммати ҳосилхез худашон даст ба тақсимоти ғайриқонунии заминҳо задаанд. Чунончӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён аз ҳавзаи интихоботии "Меҳнатобод-10” Ҳурматов Раҷабалӣ Шарифович аз 2 майи соли 2014 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод” кор карда, барои ба рӯйхати эҳтиёҷмандони қитъаи замини наздиҳавлигӣ дохил намудан ва додани пешниҳоди ҷамоат оид ба додани 0,03 га замин аз шаҳрванд Зокирҷон Юсуфхонов 4500 доллари ИМА талаб намуда, гирифтааст. Ҳоло нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад.

Раиси Ҷамоати деҳоти "Сарвари Истиқлол” О.Р. Саидов майдони 1,08 га қитъаи замини корами обиро ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим карда додааст. Ҳолати мазкур саривақт ошкор карда, то оғози сохтмон дар асоси амри прокурори ноҳияи Кӯшониён майдони 1,08 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии "Бобои Ҳайдар” ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст. Барои ин кирдорҳо О. Саидов ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

Содиркунии ҷиноят аз ҷониби шахсони масъули ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Панҷ, Хуросон, Ёвон ва А. Ҷомӣ 4 ҳолатӣ, Фархор, Шаҳритуз, Восеъ, Вахш 3 ҳолатӣ ҷой доранд ва нисбати онҳо низ чораандешӣ карда шудааст. Тибқи талаботи моддаҳои 7 ва 26 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон додан ва вобастакунии қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешаванд. Қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ҳуҷҷати калидии ҳуқуқи истифодаи замин буда, истифодаи дурусти замин аз асоснок ва қонунӣ қабул гардидани онҳо вобастагӣ дорад. Мутаассифона, баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо талаботи қонунгузорӣ оид ба заминро риоя накарда, ҳангоми додан, вобаста кардан, аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани замин қарорҳои беасос ва ғайриқонунӣ қабул менамоянд.

Дар давоми соли 2018 ва семоҳаи аввали соли 2019 аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо, бо натиҷаи омӯзиши санадҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба 285 (2018-189, 2019-960 қарорҳои ғайриқонунӣ қабулнамудаи раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда, бо натиҷаи баррасӣ онҳо бекор ва ё ба талаботи қонун мутобиқ гардонида шудаанд. Аз ҷумла, ба қарорҳои раисони ноҳияҳои Шаҳритуз 25- то, Вахш 24, Кӯшониён 23, Ҷайҳун 23, Ҳамадонӣ 17, Восеъ 17, Дӯстӣ 14 ва ғайраҳо эътироз оварда қарорҳо бекор ва тағйир дода шудаанд.

Яке аз сабабҳои бекоршавии қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо дар он аст, ки шахсоне, ки барои омода кардани қарор масъул мебошанд, аз ҷумла муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дастгоҳ, ҳуқуқшиносон, меъморон ва раисони Кумитаи идораи замин ба иҷрои вазифаҳои худ бемасъулиятӣ зоҳир намуда, ба раисони шаҳру ноҳияҳо хулосаҳои нодуруст пешниҳод менамоянд ё худ лоиҳаи қарорҳоро мавриди омӯзиш қарор надода, ба он имзо мегузоранд, ки ин амал боиси дар аксар мавридҳо қабули қарорҳои ғайриқонунӣ мегарданд.

Пас аз қабули Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 1996 роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ҳуқуқи ҷудо намудани қитъаи заминро надоранд. Вале санҷишҳо ҳолатҳои то ҳоло аз тарафи роҳбарияти корхонаю ташкилотҳо ҷудо намудани қитъаҳои заминро ошкор карданд. Ба ғайр аз ин дар бисёр ҳолатҳо роҳбарони хоҷагию ташкилотҳои кишоварзӣ бо роҳи сохтакорӣ ба шаҳрвандон қарорҳоро омода карда, дар онҳо дарҷ кардаанд, ки гӯё солҳои пеш ба ин шаҳрванд қитъаи замин ҷудо карда шуда бошад.

Масалан,раиси хоҷагии деҳқонии "Гулистон”-и ноҳияи Кӯшониён Қ. Валиев майдони 8 га заминҳои корами обии хоҷагиро ба маблағи 32300 доллар ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ тақсим намуда, дар соли 2017 фурӯхтааст.

Дар ҳудуди баъзе шаҳру ноҳияҳо як гурӯҳ шахсони масъул ва шаҳрвандон махсус хариду фурӯши ғайриқонунии заминро ба кирдори муқаррарӣ ва доимии худ табдил додаанд.

Ин ҳолатҳо дар ноҳияи А. Ҷомӣ (дар мисоли собиқ раиси Кумитаи идораи замин Б. Ғуломов), дар ноҳияи Вахш (шаҳрванд Исматулло Каримов), дар ноҳияи Шаҳритуз (роҳбари хоҷагии деҳқонии "Хуршед” Х. Нормуродов ва шаҳрванд Қ. Давлатов), дар ноҳияи Фархор (раиси ҷамоати деҳоти "Даркад” Алишер Неъматов) ва дигарон ошкор карда шудааст.

Чунончӣ, шаҳрванд Қ. Давлатов аз шаҳрванд М. Алимқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз 45 ҳазор сомониашро гирифта, ваъда медиҳад, ки 4,94 га қитъаи замини хоҷагиашро ҳамчун замини хоҷагии деҳқонӣ ба ӯ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Аммо на ҳуҷҷат тартиб медиҳад ва на маблағи гирифтаашро бозпас мегардонад. Нисбати шахсони зикршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Мувофики муқаррароти моддаи 246 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофи ҳуқуқи моликӣ ба сохтмонҳои худсарона ба ваколати судҳо дохил мешавад. Вале то ҳол раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ин талаботи қонунро сарфи назар намуда, ба қарорҳои худ сохтмонҳои худсарона бунёднамудаи шаҳрвандонро ҳамчун моликияти онҳо бо роҳи вобастакунӣ эътироф менамоянд. Бинобар ин, бо қарорҳои раиси шаҳру ноҳияҳо эътирофи соҳибмулкӣ ба сохтмонҳои худсаронаро мо бояд хотима бахшем ва пеши роҳи ин "таҷриба” бояд гирифта шавад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ танҳо ваколати раисони шаҳру ноҳияҳо мебошад. Раисони ҷамоатҳо ва раисони хоҷагиҳо ваколати ҷудо кардани қитъаҳои заминро надоранд.

Ҳуқуқи истифодаи замин бошад, бо шаҳодатномаи дар бораи бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин ва қаблан бо Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин тасдиқ карда мешуд. Баъди қабули қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи ҷудо ва вобаста кардани қитъаи замин барои ҳар гуна сохтмон ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дода мешавад.

Дар ҳолати пас аз гирифтани шаҳодатнома дар сурати дар давоми се сол ба сохтмон шурӯъ накардан ва баъд аз ду сол ба истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ машғул нашудан, бо пешниҳоди кумитаи идораи замин ва аризаҳои даъвогии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо қароҳои суд ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин қатъ мегардад. Аммо ин меъёри қонун дар таҷриба кам истифода шуда истодааст.

Санҷишҳои гузаронида нишон доданд, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Левакант, Кӯшониён, Вахш ва Фархор талаву тороҷи заминҳои ҳосилхез аз байн нарафта, роҳбарону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар заминистифодабарандаҳо аз беэътиноӣ ва бемасъулиятии мақомотҳои назоратӣ истифода бурда, заминро ғайриқонунӣ бо объекти хариду фурӯш табдил додаанд.

Танҳо бо як санҷиши нақшавӣ соли ҷорӣ аз ҷониби Бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилоят дар шаҳри Левакант 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ” аз 25 июли соли 2000, таҳти № 335 аз ҳисоби заминҳои корами обӣ ҷудо намудани қитъаҳои наздиҳавлигӣ, сохтмони манзил ва иншоотҳои ғайриистеҳсолӣ манъ карда шудааст.

Аз ин рӯ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва сохторҳои дахлдори маҳаллиро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирӣ кардан ва минбаъд роҳ надодан ба тақсим ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин, ҳифз ва таъмини истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои кишоварзӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, талаботи фармони роҳбари кишварро таъмин намоянд.

Бо мақсади ҳифз, самароноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои муомилоти ғайриқонунии қитъаҳои замин 25 марти соли 2011 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда, барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолшуда ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Мо-мақомотҳои дахлдор бояд фаъолияти худро, пеш аз ҳама, ва асосан ба пешгирию ошкор кардани қонунвайронкуниҳо дар марҳилаи аввали оғози сохтмон (рехтани санг, қум, шағал, шинондани ниҳол ва ғайра) равона карда, ҷиҳати саривақт ба ҳолати аввала баргардонидани заминҳои худсарона ишғолгардида чораандешӣ намоем ва кирдорро то ҷиноят набарем.

Дар як вақт прокуророни шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки фаъолияти худро ба пешгирӣ, воқеан бартарафсозӣ ва комилан аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо равона созанд. Дар ин раванд ҳисоботи ҳар як муҳандис-заминсозони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, нозирони минтақавӣ, мутахассисони мақомоти идораи замин ва меъморию шаҳрсозиро оид ба ишғоли худсаронаи замин, сохтмонҳои худсарона ва дигар қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин ҳар моҳ шунида, аз натиҷаи чораҳои андешида ҳар 15 рӯза ба прокурори вилоят ахбороти муфассал пешниҳод намоянд.

Ҳанӯз, бо супоришҳои қаблӣ аз раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, нозирони минтақавӣ, раисони Кумитаи идораи замин ва меъморон талаб карда шуда буд, ки ҳар як ҳолати оғози сохтмони манзили истиқоматӣ ва дигар иншоотро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш мунтазам ба прокуратура ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд. Мутаассифона, ин талабот аз ҷониби раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, Кумитаи идораи замин, меъморон ва нозирони минтақавӣ ба таври дахлдор ба иҷро расонида намешаванд. Нафарони номбаршуда вазифадор ҳастанд, ки минбаъд аз натиҷаи санҷишҳо ва муоинаашон ҳангоми ошкор намудани вайронкунии талаботи қонун мунтазам ба прокурори шаҳру ноҳияҳои дахлдор ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд. Бинобар ин, талаб карда мешавад, ки дар сурати ошкор гардидани қонунвайронкунии замин дар ҳудуди муайян масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони номбаршуда гузошташаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ин аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон майдони 4653,0 га заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки аз он 3863 гектарашро заминҳои корами обӣ ва 790 гектарашро заминҳои корами лалмӣ ташкил медиҳад. Ин нишондод аз ҳама зиёд ба ноҳияҳои Қубодиён 779 га Ҷ. Балхӣ 656 га, А. Ҷомӣ 585 га, Ҷайҳун 542 га, Дӯстӣ 495 га, Н. Хусрав 464 га ва Фархор- 253 гектар рост меояд. Дар натиҷаи ғайриқаноатбахш ташкил намудани корҳои хоҷагидорӣ дар ноҳияҳои Вахш 10 га, Қубодиён 25 га, Ҷ. Балхӣ 10 га ва Фархор 9 га заминҳои корами обӣ аз истифодабарӣ берун мондаанд.

Ташвишовар он аст, ки бо сабаби шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 621 гектар, аз кор баромадани насосҳо 1181 гектар, набудани об 1206 гектар ва нагузаронидани корҳои мелиоративӣ 42 гектар ва селоб зер кардан 759 гектар аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Дар ин замина, дар асоси банди 1-и супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019, Прокуратураи генералӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани миқдори ҳарчи бештари заминҳои бекорхобида тадбирҳо андешида, ба ҳолатҳои аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани заминҳои корам ва барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ додани заминҳои саноатӣ хотима бахшидан, баҳисобгирӣ ва тақсимоти заминҳоро аз рӯи гурӯҳ ва намудҳо дуруст ба роҳ мондан, бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани ҳисобот ва нақшабандии заминҳои корами обӣ ҳолати воқеии обёрии заминҳоро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Ҳамчунин, муҳим аст, ки баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахусус дар байни кормандони соҳа бо роҳи гузаронидани ченакҳои санҷишӣ заминҳои азхудкардашудаи навро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, ҷиҳати истифодаи мақсадноку самарабахши заминҳои корами обӣ, инчунин ба дигар масъалаҳоибеҳтаршавии ҳолати мелиоративии заминҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бинобар ин, баҳри таъмини босифату саривақтии супориши мазкур прокуророни шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки масъалаҳои мазкурро мунтазам зери назорати қатъӣ қарор дода, баҳри пешгирию ошкор намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт чораҳои қонунӣ адешанд.

Таҳлили муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои замин нишон медиҳад, ки аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои идораи замин, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баррасии пурраю ҳаматарафа ва холисона бо онҳо таъмин карда нашуда, боиси ба мақомотҳои болоӣ такрор ба такрор муроҷиат намудани онҳо гаштааст.

Танҳо дар соли 2018 аз ҷониби прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 3285 муроҷиат баррасӣ гардидаанд, ки аз ин миқдор 1206 ё 36, 7 % муроҷиатҳо вобаста ба замин мебошад.

Омӯзиши муроҷиатҳо ошкор сохтанд, ки сабабҳои шикояти шахсони воқеию ҳуқуқӣ асосан тақсими ноодилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳми аъзоёни хоҷагиҳои кишоварзӣ, ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди манзили истиқоматӣ, саривақт баррасӣ накардани муроҷиатҳо ва ғайра мебошанд. Чунин мисолҳо асосан ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ,Фархор, Кӯшониён , Вахш, А. Ҷомӣ ва дигарон дахл доранд.

Аз ин рӯ, диққати масъулинро ба ин масъала ҷалб намуда, баррасии пурраю ҳаматарафа ва холисонаи ҳар ваҷҳи муроҷиатҳоро таъмин ва баҳри дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳаллу фасл гардидани онҳо чораандешӣ намуда, истифодаи самараноку мақсаднок ва оқилонаи заминҳои ҳудуди вилоятро таъмин намоянд.

Дар ин асос баҳри баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ вобаста ба самаранок ва оқилона истифода бурдани замин бояд чораҳои лозима андешида шуда, дониши ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба донистани моҳияти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии доири замин қабулгашта бояд боло бурда шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят дар давраи мазкур зиёда аз 110 вохӯрию суҳбатҳо вобаста ба шарҳу эзоҳи қонунгузориҳои замин дар байни аҳолӣ анҷом дода шуда, ҳамчунин тариқи ВАО зиёда аз 30 хабару мақолаҳо чоп гаштааст.

Айни замон бо ташаббуси бахши иҷрои қонунгузории замин ва гурӯҳи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуоти прокуратураи вилоят ва Раёсати телевизион ва радиои вилоят дар ТВ Хатлон барномаи нави мизи муддавар вобаста ба фаҳмонидани қонунгузориҳо оид ба замин ташкил карда шудааст. Чунин барномаҳо бешаку шубҳа имконият медиҳанд, ки донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шуда, пеши роҳи қонуншиканиҳо дар ин самт гирифта шавад.

Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон,

прокурори вилояти Хатлон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 3 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар Хатлон

Беш аз 3 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
61 эътирози мардум ба  қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

61 эътирози мардум ба қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА