Дар як сатр
» » ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НИШОНИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НИШОНИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

6-07-2019, 05:04

Дар сартосари ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла вилояти Хатлон 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоссава омодагиҳои ҳамаҷониба ҷашн гирифта шуд.

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конфронси илмӣ таҳти "Ваҳдати миллӣ нишони пойдорӣ ва устувории миллат аст" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ки дар маҷлисгоҳи хурди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, занони собиқадор, олимон, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Собиқадори меҳнат Туҳфа Аҳмадова дар мавзӯи "Нақши занон дар Ваҳдати миллӣ”, профессор, доктори илмҳои филология Табассум Тағоева оид ба мавзӯи "Нақши занон дар таҳкими ваҳдати миллӣ”, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Бибиноур Хушвахтова дар мавзӯи "Бузургии занон аз ваҳдат аст”, Дилбар Талбова, мудири шуъбаи кор бо занон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, вобаста ба мавзӯи "Ваҳдат бақои миллат” , Наргис Нурализода, номзади илмҳои иқтисодӣ, дар мавзӯи "Нақши ваҳдат дар пешрафти иқтисодиёти кишвар” маърӯза намуданд. Дар ҳақиқат зимни маърӯзаҳо доир ба хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризои-яти миллӣ, ободониву сарсабзии ватани соҳибистиқлоламон -Тоҷикистони азиз таъкид ба миён рафт.

Чуноне ки Роҳбари давлат таъкид медорад Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллатамонро таҳким бахшем. Иштирокдорони конфронс бори дигар таъкид ба миён оварданд, ки баҳри нигоҳдории Ваҳдати миллӣ, ки беҳтарин муқаддасоти инсонӣ ба шумор меравад, бояд саҳмгузор бошем ва дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ободкорӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода зимни суханронии хеш дар мавзӯи "Неруи миллат дар Ваҳдат аст” иброз дошт, ки дар ҳақиқат самараи Ваҳдати миллӣ имрӯз дар ҳар қадам эҳсос мегардад. Садҳо иншоотҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд гардида, Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо ва дилрабо гардида, диққати аҳли ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Тавасути хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 22 соли охир ватани азизи мо ба комёбиҳои бузургу назаррас ноил гардида, иншоотҳои аҳамияти стратегидошта, аз қабили НОБ-и "Сангтӯда-1”, "Сангтӯда-2”, Неругоҳи барқи обии "Роғун” , нақбҳои Шаршар, Хатлон, Истиқлол бунёд гардидааст. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи Ваҳдати миллӣ буда, нерубахшандаи миллат ваҳдат аст,- таъкид дошт Раъно Раҳимзода зимни суханронӣ.

Ҳамин тавр Бибинисо Табарова, Зебо Сатторова, Шаҳло Ҳасанзода, Асалмо Сафарова ва дигарон низ нисбати арзишҳои Ваҳдати миллӣ, азму талошҳои Роҳбари давлат дар ҷодаи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолият ва самараи неки Ваҳдати миллӣ сухан ронданд.

ВАХШОНА,




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Саҳми занон дар рушди илми муосир

Саҳми занон дар рушди илми муосир

Ҳаёти иҷтимоӣ
Мақоми зан дар замони истиқлол

Мақоми зан дар замони истиқлол

Ҳокимияти давлатӣ
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм
Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА