Дар як сатр
» » Хонандагон дар муассисаи замонавӣ таҳсил мекунанд

Хонандагон дар муассисаи замонавӣ таҳсил мекунанд

5-07-2019, 04:56

Дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ толибилмону омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №38-и Ҷамоати деҳоти "Бустонқалъа”-и ноҳияи Кӯшониён соҳиби мактаби нави замонавӣ гардиданд.

Деҳаи Эргаш дурдасттарин деҳаи ноҳияи Кӯшониён ба ҳисоб рафта, то имрӯз хонандагон дар як бинои куҳнаи дорои ҳамагӣ 6 синфхона таълим мегирифтанд.Тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин деҳаи дурдасти кӯҳӣ бинои хушсохти дуошёнаи ҳозиразамон қомат афрохт. Аз ин падидаи нек хурсандии толибилмон, омӯзгорон ва сокинони деҳкадаро ҳадду канор набуд. Дар ҳақиқат мактаб махзани муқаддаси омӯзиши илму маърифат аст. Дар тантанаи баистифодадиҳии иншооти муҳими хоҷагии халқ муовини аввали раиси вилоят Амоннуло Хайрулло, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобо Раҳматулло ва сокинони деҳаи Эргаш ширкат доштанд.

Муассисаи мазкур бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи беш аз 3,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Ин буд, ки зимни тантанаи ифтитоҳи муассиса муовини аввали раиси вилоят аз хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди маориф ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки даҳҳо дастуру барномаҳои қабулгардида баҳри рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва беҳтар намудани шароити донишандӯзии наврасон равона гардидааст.

Чуноне ки дар ҷамъомад таъкид рафт, беш аз 19 фоизи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба соҳаи маориф равона гардидааст. Аз ҷумла 17 фисади маблағгузории буҷети ноҳия низ ба ин самт нигаронида шудааст. Мактаби мазкур ҳамзамон дорои 10 адад компютер ва синфхонаи компютерӣ гардид. Дар ин муассиса дар як баст 144 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Омӯзгорону волидайни хонандагон миннатдории хешро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда, таъкид доштанд, ки баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар  ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ
Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ