Дар як сатр
» » Раиси вилоят тӯйи арӯсии Идибек ва Балхиннисоро барпо намуд

Раиси вилоят тӯйи арӯсии Идибек ва Балхиннисоро барпо намуд

5-07-2019, 04:52

Рӯзи 30 июни соли 2019 барои  Идибек Бобоев ва Балхиннисо Ҳакимова рӯзи пурфайзу нишот, рӯзи сайид ва хотирмон буд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода боз як иқдоми ҷавонмардонаю хайрхоҳона ба анҷом расид.

Оилаи Бобоевҳо -Идибек, Мусалмон ва Ситорамоҳ аз соли 1996 ятими кулл буда, дар хонаи амакашон истиқомат мекарданд. Ин ятимонро амакашон Бозорбой Бобоев нигоҳубин мекард. Оилаи онҳо иборат аз 7 нафар буда, шароити хуби рӯзгор надоштанд, хонаашон таъмирталаб буд. Гарчанде ки синну соли Идибек аз 30 боло рафта буд, вале бо набудани шароит оиладор шуда натавонист.

Бо иқдоми раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода Идибек соҳиби ҳамсари хубу меҳрубон гардид. Тамоми хароҷоти маърака, таъмиру тармими хонаву ҳавлиро бо таъмини асбобу анҷоми рӯзгор дар як фурсати начандон тӯлонӣ ба ҷо оварда, ин ҷавонмардро ба орзуи деринааш расониданд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ятимону бепарасторон таъкид медорад: "Ман шуморо танҳо намегузорам”. Дар ҳақиқат сиёсати инсондӯстонаву ятимпарваронаи Роҳбари давлат имрӯз ҳар як шахси баору номусро водор месозад, ки дасти дармондаеро бигирад, сари ятимеро сила намояд. Беҳуда нагуфтаанд:

Падармурдаро соя бар сар фикан,

Ғубораш биафшону хораш бикан.

Воқеан, рӯзи якшанбе чеҳраи хандони Идибек ба  тӯйи арӯсӣ зиннати дигар мебахшид. Кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар хизмати тӯйи арӯсии Идибек Бобоев ва арӯси хонадон Балхиннисо Ҳакимова қарор доштанд. Яке меҳмононро пазироӣ мекарду дигаре ба ороиши тахти арӯсиву домодӣ машғул буд. Аз чеҳраҳои хушҳоли арӯсу домод, ки ба зиндагии мустақилона қадамҳои нахустини хешро гузошта буданд, як ҷаҳон маънӣ бардоштем. Шукргузорӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, сипосгузорӣ аз иқдоми неки раиси вилоят.

Идибек дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтумонӣ машғул буда, арӯси нозанинаш омӯзгор аст. Ӯ мехоҳад, ки дар муҳити оилаи солим фарзандони солим ба дунё оварад ва дар ин баробар дар тарбияи насли наврас низ саҳмгузор бошад. Зеро арӯси хонадон Балхиннисо Ҳакимова омӯзгор аст. Дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, касби падарро идома медиҳад. Мехоҳанд ки оилаи солиму бунёдкор таъсис дода, чун оилаи намунавӣ дар деҳаи Шириншоҳ Шоҳтемури ноҳияи Кӯшониён соҳиби иззату эҳтироми ҳамагон гарданд. Дар базми хурсандии ин ҷуфти ҷавон кормандони идораи фарҳанги ноҳияи Кӯшониён низ ширкат варзида, хотири ҳамагонро бо шеъру тарона шод намуданд. Меҳмонон мерақсиданду хушҳолӣ доштанд ва дуогӯи он буданд, ки ин оилаи навбунёди ҷавон зери осмони софу беғубори ватани соҳибистиқлоламон зиндагии ширин ба сар дошта бошанд ва фарзандони солеҳу солимро  ба камол расонанд.

Вахшона,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ  ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ»

Ҳокимияти давлатӣ
Гулбӯй бо дӯхти либоси гулдӯзиаш баҳорро меорад

Гулбӯй бо дӯхти либоси гулдӯзиаш баҳорро меорад

Чеҳранигорӣ
Ҳадяи либосҳои зимистона ба ятимони кулл

Ҳадяи либосҳои зимистона ба ятимони кулл

Ҳокимияти давлатӣ

Маҳфили «оилаи ибратомӯз»

Хабарҳо
Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА