Дар як сатр
» » РАИСИ ВИЛОЯТ: «РАФТИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ РУШДИ ОИЛА МУВОФИҚИ МАТЛАБ НЕСТ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «РАФТИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ РУШДИ ОИЛА МУВОФИҚИ МАТЛАБ НЕСТ»

5-07-2019, 04:47

28 июни соли равон Иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум баргузор гардид. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасии вакилон қарор гирифт:

1.Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016, №40 "Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

2. Ҳисоботи сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3. Масъалаҳои ҷорӣ:

А) Оид ба тасдиқ намудани қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз "Дар бораи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Шаҳритуз шаҳраки Шаҳритуз”.

Б) Оид ба тасдиқ намудани қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ "Дар бораи пешниҳод  оид ба тағйир додани сарҳади шаҳраки Балх аз ҳисоби пурра ҳамроҳ намудани деҳаҳои Ёш-Ленинчӣ, Тимошенко, Ғалаба ва қисман деҳаҳои Гагарин, Истгоҳи Киров, Максим Горкий ва Ленингради деҳоти Ҳалевард ба ҳудуди шаҳраки Балх ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии деҳоти Ҳалевард”.

Масъалаҳои кадрӣ.

 

Иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷумро раиси вилоят, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилот Қурбон Ҳакимзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи Иҷлосия ошно намуд. Аз рӯи масъалаи асосии рӯзномаи Иҷлосия рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016, №40 "Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода гузориш дод.

Тавре ки равшан гардид, дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016 №40 "Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қабул гардида, барои корбарӣ ба мақомотҳои сохторҳои дахлдор ирсол гардидааст. Барномаи мазкур аз панҷ қисм иборат буда, заминаҳои қонунгузории ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо дарназардошти хусусиятҳои муосир, оила ҳамчун муҳити иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, заминаҳои иқтисодиву иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таъмини пойдории оила, ҳамчунин танзими оила ва солимии репродуктивиро дар бар мегирад. Тавре ки муовини раиси вилоят ироа дошт, тайи солҳои 2016-2019 дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 308700 сомонӣ барои амалӣ гардидани Барномаи мазкур пешбинӣ гардидааст.  Дар соли 2016-ум 42 фисад, соли 2018-ум 52 ва дар панҷ моҳи соли 2019-ум  54,9 фоиз ё ин ки 26138 сомонӣ маблағ ба ин самт равона гардидааст.

Дар вилояти Хатлон тибқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шумораи оилаҳо, хоҷагиҳои аҳолинишин дар соли 2018-ум  461207 оиларо ташкил додааст. Зимни суханронӣ нотиқ таъкид дошт, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, "Дар бораи бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва Кодекси оила ҳамчунин, пешгирии ҷудошавии оилаҳои  ҷавон, ҷалби духтарон ба таҳсил, роҳҳои пешгирии худкушӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин мавзӯъ бо иштироки кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, аъзоёни Шӯрои занони вилоят, маориф, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, САҲШ ва занони фаъол пайваста миёни аҳолӣ ва хонандагон вохӯриву мулоқотҳо доир гардидааст.

Дар ин баробар тайи солҳои амалишавии Барнома  то панҷ моҳи соли равон чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор гардидааст. Таҳти унвони "Маҳфуми оила ва нақши он дар ҳаёти инсон”, "Оила ва вазифаҳои ҷамъиятии он”, "Нашъамандӣ вабои аср”, "Ватандорӣ ин имондорист”, "Ман аз ватанам ифтихор дорам”, "Асрори хушбахтӣ”, "Нақши оила дар тарбияи фарзанд” даҳҳо семинару конфронс ва мизҳои мудаввар баргузор гардидааст.

Дар самти дастгирии ятимони кулл ки дар вилоят 750 нафар, аз ҷумла 548 нафар то 18-сола ба қайд гирифта шудааст, корҳои назаррас ба анҷом расонда шудааст. Аз ин шумора 229 нафар ба васоят ва 351 нафар ба парасторӣ ва 150 нафар ба фарзандхонӣ қабул карда шудааст,  79 нафари дигар дар муассисаҳои интернатӣ тарбия меёбанд. Чуноне ки дар Иҷлосия таъкид рафт, бо мақсади болоравии сатҳи  зиндагӣ ва некӯаҳволии ҳар як оила, ба шуғл фаро гирифтан ва ба омӯзиши касб ҷалб намудани духтарони хонанишин дар вилоят муассисаи давлатии  "Маркази таълимии калонсолон”  таъсис ёфта, филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Ш. Шоҳин, Фархор, Қубодиён, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара, Темурмалик ва филиалҳои корхонаҳои воҳиди давлатии "Маркази омӯзиши модулӣ” дар шаҳри Кӯлоб, "Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ” дар шаҳри Норак ва 7 намояндагӣ аз рӯи 34 ихтисос фаъолият  менамоянд, ки 23 намуди ихтисосҳо касбу ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 3965 нафар барои гирифтани ихтисосҳои гуногун ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат ҷалб гардиданд, ки 67,3 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби занону духтарони хонанишин дар курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ 735, дӯзанда-гулдӯз 175, бофандагӣ 254, зардӯзӣ 94, адрасбофӣ 189, қолинбофӣ 144, тоқидӯзӣ 27, либосдӯзӣ 16, гулдӯзӣ 322, кошонаи ҳусн 20, попурӣ 17, чакандӯзӣ 207, мӯҳрабофӣ 40, қуроқдӯзӣ 401, дӯхти либосҳои миллӣ 20, сабадбофӣ 60, гилембофӣ 37, дӯхти либосҳои мактабӣ 402, ҷуроббофӣ 40, қаннодӣ 93, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ 30, муҳосибот 39, омӯзиши компютер 126 нафар тариқи ройгон омӯзонида шуда, шаҳодатномаи хатми курсҳои мазкурро гирифтанд.

Ҷиҳати аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ба Раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2016-15798 (+8635 зиёд), соли 2017-14809 (-989 кам), соли 2018-16935 (+2126 зиёд), дар панҷ моли соли 2019-8380 (-865 кам) нафар таъмин гардиданд. Ба касбомӯзӣ дар соли 2016-4873 (+156 зиёд), соли 2017-4474 (-399 кам), соли 2018-4872 (+398 зиёд), дар панҷ моҳи соли 2019-3201 (-210 кам) нафар фаро гирифта шуданд.

Ҳамин тавр дар Иҷлосия таъкид гардид, ки қабули барномаи мазкур бодарназардошти нақши калидии оила дар таъмини суботу якдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, ба тарбияи дурусти фарзандон ҳуҷҷати муҳим дар самти тақвияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад гашт. Пас аз маърӯза вакилон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба музокира баромада,  нисбати иҷроиши Барнома дар шаҳру ноҳияҳо ибрози назар намуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳанӯз ҳам дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят рафти амалишавии Барномаи рушди оила мувофиқи матлаб нест. Аз ин рӯ, масъулини шаҳру навоҳӣ ва шуъбаю бахшҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро, ки бевосита иҷрокунандагони Барномаи номбурда мебошанд, ҷиҳати амалишавии талаботи Барнома муваззаф намуд.

Ҳамчунин комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои илм ва маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон ва варзиш, маҷлисҳои вакилони халқ, ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016 "Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, барои  иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи Барнома муваззаф гардиданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми Иҷлосия ҳисоботи сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбоншоҳ Ҳакимов оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд.  Тавре ки таъкид гардид дар панҷ моҳи соли равон мутахассисони Сарраёсат дар 130 ташкилоту корхонаҳо санҷишҳои эътимоднокии маълумотҳои омориро гузарониданд. Натиҷаи санҷишҳо муайян намуд, ки ҳанӯз ҳам камбудиҳо оид ба пешниҳоди саривақтии ҳисоботи оморӣ ба назар мерасад.  Соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Дар ин самт корҳои омодагӣ дар шаҳру ноҳияҳо анҷом ёфта истодааст. Баҳисобгирии омории дақиқ ва саривақтии сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, таъкид дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва афзуд, ки ҳанӯз ҳам дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саноат, сохтмон ба ҳисоботҳои оморӣ диққати аниқ дода намешавад. Садҳо иншоотҳои тозабунёд ҳанӯз ба ҳисоботи оморӣ ворид нагардидаанд. Аз ин рӯ, раиси вилоят ба масъулини соҳа ва мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки ҷиҳати сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои омори давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида чораҳои судмандро амалӣ намоянд. Ҳамин тавр вакилон қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро  тасдиқ намуданд. Дар рафти Иҷлосия як қатор қарорҳои раиси вилоят низ тасдиқ гардиданд. Бо ҳамин Иҷлосияи 18-уми  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба кори хеш хотима бахшид.

А. сАФАРОВА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода:«Ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар наму ...

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода:«Ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар наму ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «ҳосили дастранҷи деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «ҳосили дастранҷи деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад»

Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Ҳокимияти давлатӣ

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

Хабарҳо
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА