Дар як сатр
» » ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

5-07-2019, 04:38

Дар доираи силсилачорабиниҳо бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати меҳмонони расмӣ ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои тиббӣ ва майдончаи варзишӣ иштирок намуданд. Иншоотҳои мазкур бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд гардида, мақсади он ҳифзи саломатии аҳолӣ ва оммавигардонии варзиш мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон ва дигар меҳмонон дар ифтитоҳи дарвозаи навбунёди даромадгоҳи ноҳияи Дӯстӣ низ ширкат варзиданд.

Ин иншоот бо тарҳу намои миллӣ қомат афрохта, барои бунёди он қариб 800 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, ҳамчун ҷойи мувофиқ ва зебо барои қабули меҳмонони расмӣ истифода мешавад.

Ҳамчунин бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти "Деҳқонобод”, бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур, ки дар паҳлуи он дорухона мувофиқ ба меъёрҳои замонавӣ бунёд ёфтааст, аз ҷониби соҳибкори саховатпеша Файзалӣ Тӯраев, бо лоиҳаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, дар хидмати сокинон қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии сохтмон 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар бунгоҳ кормандони собиқадор ва мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб шуда, ба сокинони деҳа, ки беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хидмати тиббӣ мерасонанд.

Мақсад аз амалӣ намудани тадбири мазкур дастрасии аҳолии деҳоти дурдаст ба хизматрасонии таббӣ, пешгирӣ аз бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак, фароҳам овардани шароити хуби тиббӣ ва дар муҳити созгор анҷом додани хатнаи кӯдакон ба ҳисоб меравад.

Дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ  дар деҳаи Найсони Ҷамоати деҳоти "Ҷиликӯл”  иншооти дигар-бунгоҳи тиббӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ин муассисаи тиббӣ бо сарфи беш аз 500 ҳазор сомонӣ дар доираи барномаи «Литака»-и Ҷопон оид ба «Таҳкими низоми тандурустӣ» бунёд гардидаст, ки аз 4 ҳуҷра иборат буда, дар он 5 нафар ба ҷойи кор таъмин шуданд.

Мақсади бунёди бунгоҳҳои тиббии замонавӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ дар деҳотҷой мебошад, ки ин тадбир дар доираи эълон гардидани Солҳои 2019-2020 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» амалӣ гашта истодааст. Минбаъд сокинони деҳаи Найсон барои дастрасӣ ба кумаки аввалияи тиббӣ маблағ хароҷот карда, ба маркази ноҳия намераванд, зеро чунин хизматрасонӣ дар деҳаи

онҳо муҳаё гардид.

Иншооти дигаре, ки тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дустӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят ва Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсиияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ин майдончаи варзишӣ буд. Иншооти мазкур замонавӣ ва болопӯшида буда, дар сатҳи он барои бозии футболи хурд майсаи сунъӣ гузошта, имконот фароҳам оварда шудааст, то дар ҳама фаслҳои сол ҷавонон ба варзиш машғул шаванд. Дар бунёди майдончаи варзишӣ соҳибкори муваффақ Саидов Саидмуъмин 400 ҳазор сомонӣ харҷ намудааст.

Зимни суҳбат раиси вилояти Хатлон қайд намуданд, ки бо бунёди майдончаҳои варзишӣ, таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба варзиш бештар гардида, сафи гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро кам мешавад. Зеро ҷавонон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ саргарм шуда, ба доми фиреби ифротгароён намеафтанд ва дар як вақт онҳо ҷисми худро обутоб дода, ҳамчун ҷавонмардони солиму ҷасур ба камол расида, дар хидмати халқу ватан камар мебанданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дӯстӣ аз рафти корҳои сохтмонии боғи фарҳангию фароғатӣ шиносоӣ пайдо кард. Иттилоъ дода шуд, ин макони сайру гашти оммавии сокинон аз рӯи лоиҳаи тасдиқшуда бо харҷи 3 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Айни ҳол дар иншооти мазкур беш аз 30 нафар сохтмончиён бо истифода аз техникаву механизмҳои сохтмонӣ ба кор машғуланд. Ҳудуди боғ 2 гектару 82 сотихро дар бар мегирад, ки дар он бунёди фаввораҳо, гулгаштҳо ва насби чароғпояву нишастгоҳҳо дар назар аст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулини ноҳияи Дӯстӣ дастур дод, ки барои зеботар шудани ин макон бинои фарҳанги ноҳия аз таъмир бароварда шавад ва иншооти ёрирасони ҳудуди боғ, ки аз аҳди Шӯравӣ ба мерос мондаасту корношоям мебошад, дар шакли замонавӣ сохта шаванд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки мутахассисон дар ҳудуди боғ масъалаи насби пояи Парчам ва Нишони давлатиро дида бароянд. Дар маҷмӯъ баъди ба истифода додани боғи мазкур сокинони ноҳияи Дӯстӣ метавонанд, дар муҳити тозаву замонавӣ ва зебо истироҳат намоянд.

Баъди боздиди меҳмонон аз боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия дар шаҳри Бохтар раиси вилоят ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ иштирок намуданд. Тавре ки таъкид гардид, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи таъсисёбӣ, зери ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳсозии зиндагӣ ва шароити хизматии ҳайати шахсӣ эътибор медиҳад.

Бо ин мақсад дар ҳудуди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон майдончаи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд, ки кормандон берун аз вақту соати корӣ ба таври мунтазам ба машқу тамрин ва обутоби ҷисмонӣ машғул мешаванд.

Тамоми корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ, кабудизоркунӣ, насби таҷҳизоти варзишию истироҳатӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа дар доираи лоиҳаи тасдиқгардида бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Ҳамчунин дар Раёсат барои кормандон ошхонаву дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ва хобгоҳ барои 12 нафар сохта шудааст, ки ҳама ҳуҷраҳо бо телевизор, кондитсионер, ҷевон, кати хоб ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳадаф аз ба вуҷуд овардани шароити кору истироҳат баланд бардоштани самаранокии меҳанат ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир биноҳои корӣ мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифта, ҳуҷраҳои он ба тамоми техникаҳои замонавӣ таъмин мешаванд.

Дар робита ба иншооте, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, гуфта шуд, ки ин ҳама дастовардҳо самараи сулҳ ва истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд. Минбаъд ҳам чунин ободкориҳо зина ба зина идома меёбад, то барои сокинон шароити зиндагии арзанда ва шоиста муҳаё гардад.

Б. МИРОВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қурбон Ҳакимзода: «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ МОДЕЛИ НАВИ СУЛҲОФАРӢ ДАР МИН ...

Қурбон Ҳакимзода: «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ МОДЕЛИ НАВИ СУЛҲОФАРӢ ДАР МИН ...

Ҳокимияти давлатӣ

ДӮСТӢ. ОМОДАГӢ БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо

Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

Ҳаёти иҷтимоӣ
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар Қӯрғонтеппа

Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР