Дар як сатр
» » Қурбон Ҳакимзода: «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ МОДЕЛИ НАВИ СУЛҲОФАРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН АСТ»

Қурбон Ҳакимзода: «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ МОДЕЛИ НАВИ СУЛҲОФАРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН АСТ»

5-07-2019, 09:55

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як силсила иншооти ҷашниро дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Бохтар рамзи ободкорӣ, ваҳдатгароӣ ва заҳматнописандии мардуми тоҷик номида, зикр кард, ки ҳар як сокини вилояти Хатлон бояд бо шукронаи сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар ҳамеша барои таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намояд.

Ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки инак, бори 22-юм дар саросари Тоҷикистон таҷлил мешавад, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи даҳҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурию маишӣ, майдонҳои варзишӣ, ҳаммому қаҳвахонаҳо, боғҳои фароғатию сайргоҳҳо барпо гардид.

Дар ин рӯз, дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, ки барои бунёдаш 240 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст, мавриди истифодаи умум қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин майдончаи варзишӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Хол, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода иштирок доштанд. Бунёди чунин майдончаҳои зебову замонавии варзишӣ аз ҷумлаи амалҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маркази маъмурии вилоят ба ҳисоб меравад, ки дар заминаи дастуру супоришҳои варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегарданд.

Маҷмааи «Ваҳдат», воқеъ дар маҳаллаи даромадгоҳи шаҳри Бохтар, низ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ буд, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тарҳи зебову замонавӣ ба истифода супорида шуд. Масоҳати умумии ин маҷмааи хизматрасонӣ 8707 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин гулгашти зебо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони Бохтар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Роҳраву нишастгоҳҳо бо тарҳи муосир бунёд ва сарсабзии гирду атроф, растаҳо таъмин гардидааст, тамоми паҳнои гулгашт бо чароғҳои рангоранг оро дода шудааст.

Шоми 26 июн чорабинии марказии вилоятӣ ба муносибати таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаеви шаҳри Бохтар барпо шуд.

Боғи мазкур пас аз таҷдид ва барқарорсозӣ дубора дар вазъияти мутантан ва хотирмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар расми кушодашавии ин маркази фароғатӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки боғи фароғатӣ-фарҳангии мазкур дар заминаи ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозӣ гардида, тарҳи замонавӣ гирифту қабои сабз ба бар кард.

Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, барои навсозии боғи марказии шаҳр аз буҷаи маҳаллӣ як миллион сомонӣ ҷудо гардида, бо ҷалби қариб се миллион сомонии дигар атраксионҳои замонавӣ харидорӣ ва насб карда шудаанд. Баъди навсозӣ гардидани боғ, дар баробари фароҳам омадани шароит барои истироҳат, наздик ба 70 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Масоҳати умумии боғи марказии шаҳри Бохтар, ки дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор ва бо тарҳи муосир бунёд гаштааст, якуним гектарро дар бар мегирад ва дар як қисмати боғ барои бозии кӯдакон арғунчаку атраксионҳо насб карда шуда, барои фароғати калонсолон низ дар дохили боғ шароити созгор фароҳам гардидааст. Бо мақсади сарсабзии дохили боғ 40 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ, 107 бех дарахтони ороишӣ, дар 13 нукта арғунчак, 77 нишастгоҳ ташкил карда шуда, масоҳати дуюним ҳазор метри мураббаи дохили боғро майсазор ташкил медиҳад. Ба қавли манбаъ, бахше аз ин бунёдкориҳо бо ташаббуси соҳибкори шаҳр Салоҳиддин Муҳсиддинов сомон дода шуда, қисмати дигари корҳои ободонию созандагӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузорӣ гардидааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода пас аз ифтитоҳи расмии боғи марказӣ ва тамошои ҳунарнамоии кӯдакон-толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр, ба минбар омада, паёми шодбошии худро ба ифтихори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба аҳли ҷамъомад ва дар шахси онҳо ба тамоми сокинони вилоят ироа намуд.

- Мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, ки маркази даргириҳо буд, оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардида буд, фаромӯш накардаанд, - зикр кард раиси вилоят. – Хушбахтона, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи халқи кишварамон сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гардид.

Дар идомаи нутқи худ раиси вилоят Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсияти бузурги таърихӣ ва бунёдгузори модели нави сулҳофарӣ дар минтақа ва ҷаҳон номид, зеро ӯ тавонист низои мушкили дохилиро дар муҳлатҳои ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ тариқи сулҳу созиш бартараф намояд.

Қурбон Ҳакимзода бо воқеияти даврони ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон хубтару наздиктар ошно гардидани насли имрӯзаи ҷавонро хеле зарур шуморида, афзуд, ки онҳо бояд сабабҳои аслии бохтҳои давлати ҷавони худро аз диди ақлу дил дарк кунанд ва дар фазову рӯҳияи баланди ватанпарастиву ватандорӣ таълиму тарбия бигиранд, зеро ҳамдилию ягонагӣ аз ҳарвақта дида барои ҳамаи мо зарур буда, дар шароити кунунии пурзӯршавии равандҳои ҷаҳонишавӣ омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.

Раиси вилояти Хатлон сухани табрикиашро бо таъкид ба ҳифзи сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон, муттаҳидии халқи тоҷику тоҷикистонӣ, вусъати ободкориҳо ва ёдоварӣ аз ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатми алангаи ҷанги шаҳрвандию барқарории сулҳу ваҳдат, таъмини амнияту субот дар кишвар ба поён расонид. Дар интиҳо ба мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон Рӯзи Ваҳдати миллиро табрик гуфта, барояшон рӯзгори босаодат, саломатии бардавом ва осмони софу беғуборро таманно намуд.

Барномаи адабию ҳунарии аҳли санъати вилоят идомабахши чорабинии идона дар боғи марказии бозсозишудаи шаҳри Бохтар буд, ки онро дар баробари раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, роҳбарияти шаҳри Бохтар, инчунин сокинону меҳмонони сершумор тамошо карданд.

НосирҷонМаъмурзода,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ

СУЛҲУ ВАҲДАТ АСОСИ ХУШБАХТИВУ СОЗАНДАГИҲОИ МИЛЛАТ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ

БОХТАР. НАВСОЗИИ БОҒИ МАРКАЗӢ

Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо

Амалҳои инсондӯстона дар шаҳри Бохтар

Хабарҳо