Дар як сатр
» » ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН №151 АЗ 30.05.2019

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН №151 АЗ 30.05.2019

5-07-2019, 15:56

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН №151 АЗ 30.05.2019

Дар асоси мактубҳои Кулуби футболи "Равшан”-и шаҳри Кӯлоб аз 1-уми майи соли 2019, №28 ва Кулуби футболи "Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз 10-уми майи соли 2019, №4 мутобиқи моддаҳои 19, 20, 21 – и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва 25- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” қарор мекунам:

1. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон вазифадор карда шавад, ки барои нигоҳдории дастаҳои футбол аз ҳисоби бақияи озоди буҷети вилоятӣ ба 1 январи соли 2019 ба маблағи 400000 (чорсад ҳазор) сомонӣ, аз ҷумла ба Кулуби футболи "Равшан”-и шаҳри Кӯлоб 300000 (сесад ҳазор) сомонӣ ва ба Кулуби футболи "Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор 100000 (сад ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

2. Кулуби футболи "Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ва Кулуби футболи "Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор вазифадор карда шавад, ки маблағи ҷудошударо мақсаднок истифода намуда, аз натиҷааш ба Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳисобот пешниҳоднамояд.

3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод карда шавад.

4. назорат аз болои рафти иҷрои қарори мазкур ба зимаи муовини соҳавии раиси вилоят вогузор карда шавад.

 

 

Раиси вилояти Хатлон:                       Қурбон Ҳакимзода


 

 

 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қ. ҲАКИМЗОДА РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ  ФУТБОЛИ ВИЛОЯТ ИНТИХОБ ШУД

Қ. ҲАКИМЗОДА РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТ ИНТИХОБ ШУД

Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

Хабарҳо
Нуралӣ хоркашев: “мушкилиҳои футболи хатлон монеаи асосии пешрафти футболи  ...

Нуралӣ хоркашев: “мушкилиҳои футболи хатлон монеаи асосии пешрафти футболи ...

Ҷавонон ва варзиш, Мусоҳибаи мо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Ҳосилот» ҳайаташро муайян кард

«Ҳосилот» ҳайаташро муайян кард

Хабарҳо