Дар як сатр
» » Баррасии муроҷиатҳо-омили пешравӣ

Баррасии муроҷиатҳо-омили пешравӣ

17-10-2017, 10:41

Баррасии муроҷиатҳо-омили пешравӣ


Муаррифинома

Комилов Муқим Маҳмадович Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айниро соли 1983 бо ихтисоси таърих ва ҷомеашиносӣ хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983-1985 ба ҳайси омӯзгор дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Бохтар оғоз намуда, сипас солҳои 1985-1995 муовини директори мактаби номбурда шуда кор кард. Соли 1995-2000 муовини мудири шуъбаи маънавиёти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, 2000-2013 мудири шуъбаи бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, 2013-2015 муовини директори осорхонаи вилоятӣ, 2015-2017 мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иштимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон адои вазифа намудааст. Аз соли 2017 инҷониб мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Хатлонро ба уҳда дорад. Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳачун кафили Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, пайваста таъкид менамоянд, ки дар шароити кунунӣ мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатиро бояд ҳуқуқу озодиҳои инсон муайян созанд. Баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон, риоя гардидани ҳуқуқҳои онҳо бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад.

Бо мақсади гирифтани тафсилоти бештар оид ба масъалаи мазкур бо мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Комилов Муқимҷон Маҳмадович ҳамсуҳбат шудем.

-Муҳтарам Комилов, дар бораи тартиби қабули шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маълумот медодед.

-Тартиби қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбария-ти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар асоси қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2016, таҳти №250 тасдиқ гардида, қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони аввал дар рӯзҳои шанбеи охири ҳафта ва ҳамарӯза аз тарафи муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят дар рӯзҳои кории ҳафта муайян шудааст. Тибқи он барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имконият фароҳам оварда шудааст, ки аз ҷониби роҳбарият қабули муроҷиати шаҳрвандон доир карда шавад.

- Оё тартиби қабул аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят танҳо дар бинои мақомот доир карда мешавад?

- Дар баробари дар бинои мақомот қабул намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон тартиби дигари қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба имзо расонида шудааст, ки он «Тартиби қабули сайёри шаҳрвандон» ном дорад. Тибқи тартиби мазкур роҳбарияти вилоят на танҳо дар биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин дар маҳалҳо, аз ҷумла дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ муроҷиатҳои шаҳрвандонро шунида, масъалаҳои пешниҳоднамудаи онҳоро ҳаллу фасл менамоянд.

-Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси вилоят то имрӯз дар кадом шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шудааст?

- Роҳбари аввали вилоят дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷайҳун, Панҷ, Фархор, Муъминобод, Балҷувон, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Дӯстӣ ва ҷамоатҳои деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш, «Яккатут»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор намуда, муроҷиатҳои шаҳрвандон шунида ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо мусоидат карда шуданд ва ин иқдом дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

- Оё аз ҷониби шаҳрвандон ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муроҷиати хаттӣ ворид мегардад?

- Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маҷмӯъ 1740 адад муроҷиатҳои инфиродию дастаҷамъӣ дар масъалаҳои гуногун ба шакли хаттӣ ворид гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016-ум, 75 адад муроҷиатҳои шаҳрвандӣ кам ба қайд гирифта шудааст.

- Ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷ-роияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» соли ҷорӣ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Данғара, Ҷайҳун, Муъминобод, Бохтар, Хуросон, Ёвон, Қубодиён, Шаҳритуз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қӯрғонтеппа, Ховалинг ва як қатор муассисаю ташкилотҳои вилоятӣ мавриди омӯзиш қарор ёфта, қисме аз камбудиҳо дар ҷояш ислоҳ ва нисбати ҳалли дигар масъалаҳо маслиҳатҳо дода шуд.

- Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар давраи сипаригаштаи соли ҷорӣ аз тарафи раисон, муовинони онҳо ва роҳбари дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят чанд адад муроҷиатҳои шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст?

- Мавриди зикр аст, ки дар давоми соли ҷорӣ аз тарафи роҳбарони номбурдаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 22345 муроҷиатҳои шаҳрвандон баррасӣ гардида, муроҷиати 12206 нафари онҳо қаноатбахш гардонида, ба 9833 нафар шаҳрвандон тартиби дурусти ҳалли масъалаҳо тибқи қонунҳои амалкунанда фаҳмонда дода, 306 муроҷиати шаҳрвандон дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

- Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тозагӣ ба тасвиб расидааст, чӣ гуна корҳои омӯзишӣ роҳандозӣ гардидааст?

- Тибқи реҷаи баргузории семинарҳои машваратию омӯзишӣ оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии дар боло зикргардида, ки аз ҷониби раиси вилояти Хатлон тасдиқ гардидааст, то ба имрӯз дар 14 шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои мазкур аз тарафи кормандони шуъба доир гардида, дар шаҳру ноҳияҳои боқимонда омӯзиш тибқи реҷа идома дорад.

Мусоҳиб М. МУРОДОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Н. Маҳмудзода: “Муроҷиати шаҳрвандон бояд сари вақт баррасӣ шаванд”

Н. Маҳмудзода: “Муроҷиати шаҳрвандон бояд сари вақт баррасӣ шаванд”

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муъминобод: Қабули сайёри раиси вилоят

Муъминобод: Қабули сайёри раиси вилоят

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вохӯрии раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Хуросон

Вохӯрии раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Хуросон

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷаласаи корӣ бо роҳбарони дастгоҳҳо

Ҷаласаи корӣ бо роҳбарони дастгоҳҳо

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА