Дар як сатр
» » БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

26-06-2019, 12:23

Субҳи 20-уми июни соли ҷорӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Хуросон, Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ сафари корӣ анҷом дод.

Сарвазири мамлакатро дар фурудгоҳи муваққатӣ, воқеъ дар деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти «Қизилқалъа»-и ноҳияи Хуросон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло ва роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ истиқбол гирифтанд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ нахуст аз хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳамро», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Қизилқалъа»-и ноҳияи Хуросон, боздид ба амал овард. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ 7 гектарро дар бар гирифта, аз ин ҳисоб дар майдони 5 гектар кишти пунбадона ва дар қитъаҳои боқимонда кишти дигар навъи зироатро ба роҳ мондаанд. Дар натиҷаи боришоти зиёди 2-юми июн хоҷагидорон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда, бештари зироати киштшуда осеб дидааст. Сарвазири мамлакат дар якҷоягӣ бо раиси вилоят аз қитъаҳои замини хоҷагии мазкур дидан намуда, бо деҳқонон дар ин маврид суҳбат оростанд.

Дар ҷамоати деҳоти мазкур Сарвазири мамлакат бо вазъи рӯзгори чанде аз сокинони деҳаи Меҳнатобод, аз ҷумла оилаи Саидаҳмад Ҳаётов, ки бар асари боришот зарари ҷиддӣ дидаанд, шиносоӣ пайдо намуда, ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки кумаки худро ба чунин оилаҳо расонанд.

Зимни боздид аз деҳоти осебдида Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо сокинони ин деҳа суҳбат ороста, аз мавзеъҳои хатарзои соҳили канали дохили деҳот низ дидан кард.

Дар ҷараёни сафари кориаш Қоҳир Расулзода ба шаҳри Бохтар ташриф овард. Дар маркази вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ - Маркази фарҳангиву иттилоотии шаҳр, ки дар кӯчаи Борбад ҷойгир аст, боздид ба амал овард. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва соҳибкорон бунёд мегардад. Тибқи иттилои масъулин дар ин бино маркази ҷавонон, иттилоот, фарҳанг, матбаа ҷойгир карда мешаванд. Бино бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои се толори барҳаво мебошад, ки калонтарин толори он барои 800 нафар пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур соли 2020 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат аз боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаеви шаҳри Бохтар боздид ба амал овард. Масоҳати умумии боғи мазкур 1,5 гектарро дар бар мегирад ва бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳал бунёд мегардад. Дар растаҳои дохили боғ гулҳои зебои ороишӣ шинонида шуда, барои бозӣ ва истироҳати кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар қисмати дигари боғ корҳои ободонии раставу гулгаштҳо, сафолакчинӣ бомаром идома дорад. Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ шинос шуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд дод.

Сарвазири мамлакат дар ин рӯз аз майдони «70-солагии водии Вахш»-и маркази маъмурии вилоят - шаҳри Бохтар дидан намуд. Тибқи Лоиҳа дар ин мавзеъ бунёди шаршараҳои сунъӣ, майдончаҳои истироҳатӣ – фароғатӣ, фаввораҳои замонавӣ, бо тарҳи зебо бунёд мегардад. Масоҳати умумии майдони «70-солагии водии Вахш» 2,5 гектарро ташкил медиҳад ва айни замон 120 нафар сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гаштаанд. Бунёди ин мавзеъи истироҳатӣ - фароғатиро чор ширкатҳои сохт-монии ватанӣ ба ӯҳда доранд ва дар радифи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳал саҳми соҳибкорон дар обод гаштани ин мавзеъ назаррас унвон карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки маркази маъмурии вилоят шаҳри Бохтар бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат симои худро куллан тағйир медиҳад ва рӯз то рӯз ободу зебо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ идома ёфта, аз минтақаи зарардидаи деҳаҳои Пешқадам – 1, Пешқадам – 2- и деҳоти «Намуна»-и ноҳияи Панҷ, минтақаи осебзадаи деҳаи Сурхоби деҳоти «Ғалаба»- и ноҳияи Фархор дидан намуда, ҷиҳати кумаку дастгирӣ ба зарардидагон ба масъулини ноҳияҳои мазкур дастуру супоришҳо дод.

 

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сафари кории сарвазири мамлакат ба Леваканту ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Сафари кории сарвазири мамлакат ба Леваканту ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои хатарзо дидан кард

Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои хатарзо дидан кард

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА