Дар як сатр
» » СУЛҲУ ВАҲДАТ АСОСИ ХУШБАХТИВУ СОЗАНДАГИҲОИ МИЛЛАТ АСТ

СУЛҲУ ВАҲДАТ АСОСИ ХУШБАХТИВУ СОЗАНДАГИҲОИ МИЛЛАТ АСТ

26-06-2019, 14:19

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон

 Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Мо - насли калонсол хуб огаҳӣ дорем ва шоҳид ҳастем, ки дар баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари мудохилаи ошкор аз хориҷи кишвар, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид. Мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, ки маркази даргириҳо буд, оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик ба мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Бадхоҳони миллати тоҷик тавонистанд корро то дараҷае биёранд, ки бародар ба муқобили бародар сангар гирифта, мардуми кишвар овораю пароканда ва гуреза шуданд.

Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба даст овардаем, ин аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад».

Боиси тазаккур аст, ки инсоният дар тӯли ҳаёт, бо такя ба ақли солиму хиради олӣ тавонист хусумату бадбинӣ, кинаву адоват ва носозгориву ноҷӯриҳоро аз байн бибарад ва дасти оштиву мусолиҳаро ба ҳам диҳад.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони бонуфузи ҷонибҳои муқобил, ҳаракату созмон ва ақаллиятҳои миллиро даъват намуд, ки барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини суботи ҷомеа савганд ёд кунанд ва садо баланд намоянд. Вале бо вуҷуди аз тарафи вакилони иҷлосия қабул гардидани қарор дар бораи эълон гардидани рӯзи 26 ноябри соли 1992 чун «Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарроҳони ин ҷанги хонумонсӯз нақшаҳои дигаре таҳия менамуданд.

Хушбахтона, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расида, бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи халқи кишварамон сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гардид.

Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти бузурги таърихӣ тавонист бунёдгузори модели нави сулҳофарӣ дар минтақа ва ҷаҳон гашта, низои мушкили дохилиро дар муҳлатҳои ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ тариқи сулҳу созиш бартараф намояд.

Хеле зарур аст, ки насли имрӯзаи ҷавони давлати мо ба воқеияти даврони ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон хубтару наздиктар ошно гардида, сабабҳои аслии бохтҳои давлати ҷавони худро аз диди ақлу дил дарк кунанд ва дар фазову рӯҳияи баланди ватанпарастиву ватандорӣ таълиму тарбия бигиранд. Зеро, фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем. Зеро, ҳамдилию ягонагӣ аз ҳарвақта дида барои ҳамаи мо зарур буда, дар шароити кунунии пурзӯршавии равандҳои ҷаҳонишавӣ омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.

Хатару таҳдидҳое, ки рушди босуботи кишварҳоро думболагир аст, хусусияти фарогир дошта, қодиранд қудратҳои устуворро аз байн баранд.

Дар ҳолате, ки давлати Тоҷикистон воқеан ҳам ба мутахассисони соҳаи техникӣ, махсусан технологияи муосир эҳтиёҷ дорад, мувофиқи матлаб аст, ки аз рӯзи аввалине, ки падару модарон фарзандонро ба расму ойин ва дину мазҳаб ошно сохтанӣ мешаванд, дарк кунанд, ки тафаккури рӯшану озод доштани насли наврас талаботи замон аст.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ то ба имрӯз мо ба як қатор дастовардҳои назаррас, аз ҷумла рушди соҳаҳои энергетика, роҳсозиву алоқа ва сохтмону кишоварзӣ ноил шудем, ки ҳамаи онҳо барои аҳли ҷомеа мисли оина равшан аст.

Мардуми кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардидани рушди босуръати саноатикунонии кишварро хуб қабул намуда, барои амалӣ гардидани ин ҳадаф самимона кӯшиш намуда истодаанд. Бинобар ин, ҳар як сокини вилояти Хатлон бояд бо шукронаи сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар ҳамеша барои таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намоянд.

Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро оянда муайян созем.

Баҳри амалигардии ин ҳадафҳои неки давлату Ҳукумати Тоҷикистон моро хеле зарур аст, ки кору пайкори созанда ва меҳнати арзандаро ба роҳ монда, ваҳдату ягонагии миллатро пойдор ва зиндагии шоис-таи мардумамонро таъмин намоем.

Бо ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - мардуми заҳматкаши вилояти Хатлонро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба шумо саломатӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Сарбаланду саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Санади тақдирсоз

Санади тақдирсоз

Номаҳои Шумо
Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Ҳаёти иҷтимоӣ
Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Дар сулҳофарию ватандӯстӣ намунаи ибрат бошем

Номаҳои Шумо
Асоси ҳамаи хушбахтиву бунёдкориҳо сулҳу ваҳдат аст

Асоси ҳамаи хушбахтиву бунёдкориҳо сулҳу ваҳдат аст

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо