Дар як сатр
» » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ ВАҲДАТ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ ВАҲДАТ

26-06-2019, 11:15

«Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Эмомалӣ Раҳмон,

ноябри соли 1992, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Хуҷанд

 

Фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аст. Аз рӯзу соати аввали ҳамчун Роҳбари давлат интихоб шуданаш ҳама талошашро барои эъмори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон равона сохт, ки қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаи ин ҷонфидоиҳояш буд.

Ҳанӯз 12 декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон бо муроҷиатнома ба унвонии халқи шарифи Тоҷикистон баромад намуда, таъкид дошт, ки дар ин давраи барои Ватан хеле душвор беш аз пеш ба ақлу заковати мардуми Тоҷикистон, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷиканд, бовар дорад. «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам», - зикр кард Пешвои миллат.

Ҳодисаи фараҳбахше, ки миллати тоҷик, ҳамаи тоҷикистониён ва дӯстони дуру наздики давлати мо ҳангоми имзои ҳуҷҷати таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз сар гузарониданд, моҳиятан як давраи томи таърихро дар худ таҷассум менамояд.

Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои мардум барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маҳз дар рӯзи 27 июни соли 1997 ҷомаи амал пӯшид. «Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик, ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз фирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷой гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад…

Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид», - гуфта буд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномааш ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ.

Албатта, 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги бародаркуши миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд.

Мусолиҳаи миллӣ дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад. Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда таҳти роҳбарии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дас-товарди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.

Дар ҳақиқат, метавон гуфт, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи умумимиллӣ дар радифи мафҳумҳои озодиву истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шудааст ва дар тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон чун омили мувозинати ҳамаи тарафҳои сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад.

Андешаи сулҳу ваҳдат ва фалсафаи таҳаммулгароӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷисму равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу одоб, фарҳангу маданият ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби андеша ва ҳувияти баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буда, роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии миллати куҳанбунёди мо мебошад. Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад.

Халқи мо дар фаросӯи таърихи хеш ба шарофати андешаи солим ва созандаи миллӣ, ҳамчунин фарҳанги ғановатманди моддиву маънавӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ, ки дар давраи Сомониён ба авҷи камолоти худ расида буд, бо вуҷуди фишори суннатҳои фарҳангӣ, забон ва анъанаҳои бегонагон худро аз нобудшавӣ ҳифз намуд.

Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст. Ин рисолати деринаи фарҳангӣ халқи моро ба фарҳангсолорӣ оварда мерасонад, ки дар ин бобат Рӯдакӣ гуфтааст:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Имрӯз аз фарҳанги сулҳ ва рисолати сулҳпарварӣ натанҳо ояндаи кишвари мо, балки тақдири ояндаи ҷомеаи башарӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, мо, тоҷикон, ки таърихан миллати фарҳангиву сулҳпарвар ҳастем, ҳаёти осоишта, зиндагии озоду ором ва меҳнати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми доимии худ қарор дода, ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарзи зиндагии дунявӣ пеш меравем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштироки худ дар тантанаҳои идона ба муносибати 11-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) 27 июни соли 2008 зикр намуда буданд, ки аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣ имрӯз дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Бохтар, на танҳо аз харобиҳои он даврони ноором осоре боқӣ намондааст, балки дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ нисбат ба солҳои пешин хеле ободу зеботар шудааст. «Миллати мо дар сурате номдор, давлати мо дар сурате пешрафта ва ҳар фарзанди тоҷик дар сурате сарбаланд мегардад, ки мо ба қадри ваҳдати ҷовидонаи халқи худ расем ва барои устувору пойдор нигоҳ доштани он ҳамеша талош намоем. Барои ин, пеш аз ҳама, нангу номус, сатҳи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ зарур аст», - таъкид намуданд Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинони Бохтари бостонӣ.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ, бешак, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.

 

Дуруду ҳамд бар меъмори Ваҳдат,

Сано бар ворису ғамхори Ваҳдат.

Зи хишти меҳру аз обу гили мо,

Ба гардун мерасад девори Ваҳдат.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Санади тақдирсоз

Санади тақдирсоз

Номаҳои Шумо
Тоҷикон сулҳи бесобиқа доранд

Тоҷикон сулҳи бесобиқа доранд

Хабарҳо
Ваҳдати миллӣ мароми мост

Ваҳдати миллӣ мароми мост

Номаҳои Шумо
Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо