Дар як сатр
» » ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР КӮЛОБ

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР КӮЛОБ

21-06-2019, 08:03

Мардуми Кӯлоби бостонӣ аз гузашта то имрӯз бо меҳмоннавозию фарҳанги воло, ҳунару ҳунармандӣ ва диловарию қаҳрамониаш маълуму машҳур аст. Аспи хуталӣ писанди оламиён буду диловарию ғаюрии мардумаш зинати достону ашъори шоирону таърихнигорон.

Ваҳдату дӯстӣ ва тинҷию оромӣ, осоиштагӣ, фароҳам будани шароити  муфид дар  фаъолияти сармоягузорӣ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, сармоягузорони хориҷиро ба Тоҷикистон, махсусан ба вилояти Хатлон - шаҳри Кӯлоб кашид. Бори дуюм аст, ки дар ин ҷо форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мегардад.

Мардуми фарҳангдӯсту ҳунарманди Кӯлобшаҳр ба ин чорабинӣ-баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорӣ тайёрӣ диданд. Рӯзи 14 июн мардуми шаҳри Кӯлоб барои қабули меҳмонони хориҷӣ, сармоягузорон ва дигар ашхоси масъули давлатӣ оид ба корбаст дар самти сармоягузорӣ омода буданд. Меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб ва даромадгоҳи шаҳр роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо сарварии муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабзода истиқбол намуданд.

Сараввал, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. М. Ҳамрализода бо директори иҷроияи Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Айман Амин Сеҷинӣ ва ҳайати Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат вохӯрӣ доир намуда, бори дигар аз мақсаду баргузории форуми мазкур ёдовар шуда, барои ташрифашон ба меҳмонон изҳори ташаккур намуд.

Баъдан, меҳмононро дар даромадгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, ки баргузории форум дар ин ҷо муқаррар гардида буд, бо нону намак истиқбол намуданд. Ба хотири ташрифи меҳмонон аҳли ҳунари шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб лаҳзае бо суруду наво ва рақсҳои дилошӯб хас-тагии меҳмононро рафъ намуданд.

Сипас, иштирокчиёни форум аз намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, саноату ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ин ҷо ташкил гардида буд, дидан ба амал оварданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин намоишгоҳ аз кулли муассисаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои фермерӣ ва ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ маҳсулоти гуногун ба маърази тамошо ва харидорӣ гузошта шуда буд. Ба иштирокдорони форум – тамошобинон махсусан маҳсулоти омоданамудаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Суғдиён»-и шаҳри Кӯлоб (роҳбараш Сорбон Шарифов) қобили қабул буд. Дар намоишгоҳи ин корхона баробари маҳсулоти тайёркардаи аҳли колллектив, аз қабили орд, комбикорма, хӯроки чорво, ҳамчунин, намунаи маҳсулоти захиравии корхона: марҷумак, нахӯд, шакар ва ғайра пешкаши тамошобинону харидорон гардид. Дар ин раванд, ҳамчунин  маҳсулоти корхонаи трансформаторбарории шаҳри Бохтар, Ҷамъияти саҳҳомии ноҳияи Восеъ, ҶДММ ресандаи шаҳри Кӯлоб, ҶДММ «Дук»-и ноҳияи Шаҳритӯс, ҶДММ «Водии меваҳо»-и шаҳри Исфара писанди меҳмонону тамошобинон гардид.

Баъд аз тамошои намоишгоҳ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ҷамъомади иштирокчиёни форум баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ифтитоҳ намуд. Дар ҳамоиш навори видеоии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон манзури иштирокдорони форум гардонида шуд. Баъдан, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабзода, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм, директори иҷроияи Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Айман Амин Сеҷинӣ дар мавзӯи «Маблағгузории исломӣ ҳамчун шакли алтернативии рушди бахши хусусӣ», президенти ширкат оид ба захираҳои «Тибет-Эверст» аз Ҷумҳурии мардумии Чин Хуан Тсзян Жунг ва дигар меҳмонон баромад намуданд.

Дар идомаи ҷамъомад дар ҳузури иштирокчиёни ҷамъомад байни корхонаю муассисаҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Афғонистону Эрон оид ба чанд бахши хоҷагии халқ ва савдову сайёҳӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин аз самарбахшии фаъолияти форуми онрӯза шаҳодат медод.

Сипас, иштирокдорони форум, масъулин ва роҳбарони ширкату корхонаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, рушди истеҳсолоти саноату ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун маърӯза ва суҳбатҳо доир намуданд.

Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар давоми кори худ натиҷаи нек бахшид ва он имкон фароҳам овард, ки минбаъд бар асари шартномаҳо дар ин ҷо корхонаю муассисаҳои хурду бузург  бунёд гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, дар ин раванд иқтисодиёти вилояти Хатлон боз ҳам густариш дода шавад.

 

А. САФАРОВА,

Н. САФАРОВ,

шаҳри Кӯлоб




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ
Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Арсаи кишоварзӣ
Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА