Дар як сатр
» » РАИСИ ВИЛОЯТ: «ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ»

20-06-2019, 11:52

16 июни соли равон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  арзи чанде  аз сокинони ноҳияҳои Ёвон, Кӯшониён, Вахш ва шаҳри Бохтарро шунид. Раиси вилоят-ро дар   рӯзи  қабули шаҳрвандон  роҳбари дастгоҳ, муовинони  раиси вилоят, намояндагии ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру  ноҳияҳои болозикр ҳамроҳӣ  дош-танд.

Сафаралӣ  Беков аз ноҳияи Ёвон оид ба  мушкилоти норасоии об    ба раиси вилоят  арз намуд.  Ба иттилои ӯ  корношоям шудани таҷҳизоти обёрикунанда  боиси мушкил гаштани обёрии заминҳои кишоварзӣ гаштааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки ҳарчи зудтар  ин мушкилотро бартараф  ва  заминҳои кишоварзиро бо об таъмин намоянд. 

Зулайхо Бекова, оилаи ниёзманд, Маҳмадшариф Муродов, хоҷагидор ва Насрулло Шарифов, маъюб аз ноҳияи Кӯшониён оид  ба эҳтиёҷоташон ба  замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд. Тибқи иттилои онҳо ҳар яке зиёда аз 10 сол мешавад, ки барои гирифтани  замини наздиҳавлигӣ ариза намудаанду то ҳол мушкилашон ҳалли худро наёфтааст. Илова бар  ин гуфта шуд,  ки шумораи оилаҳои ба қитъаи замин ниёздошта  дар ноҳияи Кӯшониён, алалхусус ҷамоатҳои   шаҳраку  деҳоти  "Бохтариён”,, "Сарвати Истиқлол” ва "Навбаҳор” зиёд аст.  Дар ин маврид Қурбон Ҳакимзода масъулинро муаззаф намуд,  ки гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд  ва мушкилоти сокинонро  бартараф  намоянд.

Ҳамчунин Фариштамо Давлатова - аз ноҳияи Ҷайҳун, Болтаев Қурбон - аз шаҳри Бохтар барои ҷарроҳии фарзандонашон, ки маблағи калонро ташкил медиҳад, аз раиси вилоят кумак хостанд.  Раёсати тандурустӣ ва Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи  вилоят муаззаф шуданд, ки барои анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ ва зиёд намудани нафақапулии онҳо тибқи қонун кумак расонанд.

Истиқоматкунандаи  ноҳияи Кӯшониён Идибек Бобоев аз Ҷамоати шаҳраки "Бохтариён”  оид ба вазъи нохуби иқтисодии оилавиашон ба  раиси вилоят арз кард. Ӯ ятими кул ҳисоб меёбад ва  соли таваллудаш 1986, бекор, муҷаррад  аст ва ниёзмандии зиёд ба қитьаи замин барои сохтмони манзил дорад. Ба иттилои  Идибек онҳо  дар як оила 3 нафаранд: як духтару  ду  писар ва дар тарбияи амакашон ба камол расидаанд. Қурбон Ҳакимзода барпо намудани тӯйи домодии Идибек Бобоевро ба уҳдаи худ гирифта,  масъулини ноҳияи Кӯшониёнро вазифадор намуд,  ки  оилаи онҳоро бо қитъаи замин таъмин кунанд.

Оид ба надоштани манзили зист ва замини наздиҳавлигӣ як гурӯҳ сокинон аз шаҳри Бохтар-Гулмоҳ Шарифова, Маҳбуба Эргашова ва Гуландом Эшмирзоева аз раиси вилоят Қурбон  Ҳакимзода кумак хостанд.      

Қурбон Ҳакимзода  оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҷиҳати кумаку дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъ-юбон ва ятимону  ашхоси яккаву танҳо  ёдовар шуда, қайд дошт,  ки дар доираи шароиту  имконияти мавҷуда  ва талаботи қонунҳои  амалкунанда мушкилоти  сокинон бартараф  карда мешавад.

Оймоҳ Ҳасанова




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қ. ҲАКИМЗОДА РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ  ФУТБОЛИ ВИЛОЯТ ИНТИХОБ ШУД

Қ. ҲАКИМЗОДА РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТ ИНТИХОБ ШУД

Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш

Диёрро сарсабзу хуррам мегардонем

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ҷашни Наврӯзро сазовор истиқбол мегирем

Фарҳанг ва адабиёт

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ