Дар як сатр
» » ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ДЕМОКРАТИИ СОТСИАЛИСТИИ ШРИ-ЛАНКА БА ШАҲРИ НОРАК ТАШРИФ ОВАРД

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ДЕМОКРАТИИ СОТСИАЛИСТИИ ШРИ-ЛАНКА БА ШАҲРИ НОРАК ТАШРИФ ОВАРД

20-06-2019, 10:48

14 июни соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барои иштирок дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёи Миёна ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар доираи сафари худ, барои бо шароити гидроэнергетикии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намудан ба шаҳри Норак омад. Меҳмонони олиқадрро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло ва раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло дар Неругоҳи барқи обии «Норак» пешвоз гирифтанд.

Сипас, Майтрипала Сирисена дар Неругоҳи барқи обии «Норак» аз фаъ-олияти  гидроэнергетикии мамлакат ошно гардид. Зимни тамошои обанбори неругоҳ меҳмонон бештар ба захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба фаъолияти силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш маълумот пайдо намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка дар ин неругоҳи пуриқтидори мамлакат бо фаъолияти сохтори идоракунии дастгоҳҳои он шинос шуд.

Дар ин сафар ба ҳайати меҳмонон доир ба иқтидори Неругоҳи барқи обии «Норак», низоми истеҳсолӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ин иншооти гидроэнергетикӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки диққати меҳмононро манзараҳои дилфиреби шаҳри Норак ба худ ҷалб кард. Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена таассуроти хешро чунин баён намуд:

«Дар бораи Тоҷикистон бисёр шунида будам, вале он чизе, ки дар ин ҷо дидам, маро боз ҳам бештар ба ваҷд овард. Табиати зебо, обанбор, обу ҳавои тоза як биҳиштро мемонад. Агар имкон пайдо кунам ҳар вақт барои тамошои манзараҳои дилфиреб ба Тоҷикистон ташриф меорам».

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулин меҳмононро бо манзараҳои зебо ва ҳолати гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии «Норак» ошно намуданд. Дар анҷоми боздид Қурбон Ҳакимзода ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳмони  олиқадр Майтрипала Сирисена мусаввараи зебоеро, ки табиати зебо ва обанбори неругоҳ тасвир  ёфтааст, тақдим намуд. 

Ба меҳмонони олиқадр барномаи рангини омодакардаи санъаткорони шаҳри Норак пешкаш карда шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Норак ба ҷашнгирии «Наврӯз-2019» омодагӣ мебинад

Норак ба ҷашнгирии «Наврӯз-2019» омодагӣ мебинад

Ҳаёти иҷтимоӣ
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ

Нақшаи андозҳо дар Норак 111,6% иҷро гардид

Хабарҳо
Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)

Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ба истифода додани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-и НБО-и Н ...

Ба истифода додани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-и НБО-и Н ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат