Дар як сатр
» » НАҲЗАТИ НАҲС

НАҲЗАТИ НАҲС

14-06-2019, 06:34

(Қиссаи ҷавонмарде, ки аз миёни 26 нафари аз ҷониби ҲНИ қатлшуда зинда мондааст)

Ҳусейнов Ибодулло Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 13. 07. 1967, зода ва истиқоматкунандаиҶамоати шаҳраки "Киров”, деҳаи Ленини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 6 фарзанд, муваққатан бекор.

...Чун маро аз мошин поин партофта буданд, боз илтиҷо кардам, ки додарамро накушанд. Маро сар буреду ӯро ҷавоб диҳед. Лек, барқасди гуфтаҳоям як нохалаф додарамро пеш оварду бо изтеҳзо ва дар пеши чашмам ба сараш 3 тир холӣ кард. То замони ба қатл расиданаш додарам фурсате ёфту «Дидор ба қиёмат!» гуфта хоҳиш кард, ки ба ҷойи падару модар пиҳилаш кунам, аз гуноҳҳои кардааш гузарам ва бо чашмони пуробу ноумед сӯям нигарист: «Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам»,  гуфт…

Пас аз мусоҳиба бо собиқ ҷонишини сардори ШВКД дар ноҳияи Вахш Ҳабибулло Абдуллоев, ки аз саргузашти талх ва гӯшношунидаш зимни асорати наҳзатиёни ваҳшӣ дар ҳаммоми «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш қарордоштанаш нақл карда буд, банда тасмим гирифтам,  ки ин қазияро пайгирӣ карда, шоҳидони ҳол ва ё асирони зиндамондаро ҷустуҷӯ намоям.

Мавзӯи ҷолибе, ки ҳамсуҳбати мо нақл карда буд, дастгир ва ба таври ваҳшиёна қатл гардидани беш аз 26 нафар ҷавонони бегуноҳи деҳаи Кирови ноҳияи Вахш аз ҷониби наҳзатиён ба ҳисоб мерафт. Тибқи нақли ӯ, аз он 26 нафари ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидашуда, танҳо 1 нафар бо амри тасодуф ҷон ба саломат бурда, аз чанголи ин ваҳшисиратон фирор кардааст.

Қарор додам, ки  ӯро пайдо карда, аз забони худи ӯ ин ҳодисаро пурсон шавам. Пайдо кардани ин нафар ба ман он қадар мушкил набуд, зеро аксарияти сокинони гирду атрофи ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён ин ҳодисаро хуб дар ёд доштанд.

Баъди чанде ман ду нафар шоҳидони ҳоли он ҳодисаи хунинро пайдо кардам, яке  Ҳусейнов Ибодулло – нафаре, ки бо лутфи Худованд зинда монд ва дигаре Салим - қотиле, ки фирефтаи наҳзатиҳо гашта дар чандин амалиёти зиддиинсонии ҲНИ бевосита ширкат варзидааст… Ҳар дуи онҳо хоҳиши маро пазируфта, барои нақл кардани он рӯзҳои шум розӣ шуданд...

-Акои Ибодулло, то он ҷое ки мо медонем,  шумо шоҳиди бевоситаи оғози ҷанги шаҳрвандӣ будед ва аввалин захмҳои ин ҷанги хуношомро дар бадани худ эҳсос кардаед. Мехостем андешаҳоятонро оид ба сабабу омилҳои асосии оғози ҷанги бародаркуш дар ноҳияи Вахш шунавем.

-Моҳи апрели соли 1992 баъди пароканда гардидани гирдиҳамоии осоиштаи майдони «Озодӣ»-и  шаҳри Душанбе Ҳизби наҳзати ислом бо дастури хоҷагони хориҷиаш марҳилаи наверо бо номи «поксозӣ» оғоз намуд.  Охирҳои моҳи майи соли 1992 бо супориш ва дастури махсуси муассис ва роҳбари идеологии ҲНИ С. А. Нурӣ дар ноҳияи Вахш, аниқтараш, дар собиқ совхози "Туркманистон” дар ҳайати Ноибов Воҳид, сокини участкаи Навободи ҳамин совхоз, ки минбаъд  ҳамчун  сардори дастаи мусаллаҳ фаъолият дошт, дар ҳайати сокинони шуъбаи №2-и собиқ совхози Киров Раҳматуллоев Салим, Раҳматуллоев Раҳим, Ҷононов Аваз, Бойманов Бӯрӣ, Раҳматуллоев Ҳасан ва дигарон  дастаи муташаккили ҷиноятӣ созмон ёфта буд.

Гурӯҳи муташаккил дар баробари дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи ҲНИ барои қатлу куштори мардуми бегуноҳе, ки ба ақидаҳои фундаменталистии С. А. Нурӣ мухолифат дош-танд, бо мақсади талаву тороҷи корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва хонаҳои шаҳрвандон таъсис ёфта  буд. Аз корхонаву муассисаҳои давлатӣ воситаҳои нақлиёт ва дигар лавозимоти техникиро ғорат мекарданд. Абдуллои Нурӣ, ки солҳои зиёд дар қалби нопокаш орзуи ғасби давлат ва қудрати сиёсии кишварро мепарвариду нияти барпо кардани «давлати исломӣ»-ро дошт, тадриҷан мехост ақоиди мазҳаби шиаро ба мардуми суннитабор маҷбуран таҳмил кунад. Нурӣ саводи кофии сиёсӣ надошт ва донишу фаҳмиши андӯхтаи ӯ танҳо дар доираи таълимоти мазҳаби шиагароӣ ва иҷрои бечунучарои супоришҳои хоҷагону устодони хориҷиаш маҳдуд буд. Бинобар ин, ӯ барои як муддати муайян аз идоракунии ҳукумат худдорӣ намуда буд. Вагарна ҳукумати бесалоҳияти бо ном муросои миллӣ, ҳукумати таъсисдодаи худи Абдуллои Нурӣ буд ва ӯ метавонист роҳбарии расмии онро ба уҳдаи хеш гирад. Вале чун  медонист, ки ҳукумати таъсисдодаи ӯро зиёда аз 95 фоизи аҳолии кишвар эътироф намекунад, ӯ аз идораи он даст кашид.

Ӯ ягона роҳи ҳалли масъаларо дар решакан кардани мардуми саркаши «кӯлобӣ» медид, ки мухолифи ақидаҳояш буданд ва аз сохти дунявият ва конститутсионии давлат арҷ мегузоштанд. Яъне, ба монанди муридони ӯ хурофотӣ набуданд.

Ҳамин буд, ки А. Нурӣ бо фатвоҳои худ аксарияти мардуми кӯлобиро «кофир» эълон намуд ва ба диверсантҳои худ амру фармонҳои ҷисман нест кардани ин қишри нофармонро дода буд. Дастаҳои хуношоми бо яроқу аслиҳа мусаллаҳ ҷиҳати иҷроиши супоришҳои А. Нурӣ мунтазам ба хонаҳои мардум ҳуҷум оварда, одамонро асир мегирифтанд, молу амволи онҳоро ғорат менамуданд. Ба андешаи ман ҳамаи ҳолатҳои зикргардида сабабҳои асосии сар задани ҷангӣ бародаркуш дар ноҳияи Вахш   буд.    

- Аз суҳбат бо Ҳабибулло Абдуллоев ном шахс воқиф гаштем, ки тобистони соли 1992 "боевик”-ҳои наҳзатӣ шумо ва 25 нафар ҷавонони деҳаи Кировро гаравгон гирифта, ба ҳаммоми овозадори «Туркманистон» бурдаанд. Баъд чӣ шуд?

-Гарчанде аз он рӯзҳои мудҳиши ба сарам-омада 26 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, бори дигар ёдовар шудани он рӯзҳои даҳшатбор бароям душвор аст (Баъди ин суол ашки чашмони ҳамсуҳбат рехт, дастонаш ба ларза даромад ва бо гиря нақлро оғоз кард). Тахминан 29 ё 30 июни соли 1992  ба деҳаи мо Давлат Худойназаров бо ҳамроҳии «боевик»-ҳои А. Нурӣ ба хонаи  ҳамдеҳаам Салим Раҳматуллоев омада, ба мардум гуфтанд, ки аз ҳамин рӯз иборат байни шумо сулҳ барқарор карда шудааст ва аз ин пас бо ҳамдигар муноқиша накарда, дӯстона зиндагӣ кунед. Мардуми деҳа ба суханони онҳо бовар карда, аз он шод гаштанд, ки акнун пеши роҳи хунрезиҳо гирифта мешавад.

Вале бехабар аз аҳдшикании хиёнаткоронаи гурӯҳҳои мусаллаҳи А. Нурӣ, баъд аз 2-3  рӯз, санаи 2-юми июл бо супориши сардори даста Ноибов Воҳид (То ҳол ягон ҷазое нагирифтааст ва пушаймон ҳам нагаштааст), ки бевосита аз худи С.А.Нурӣ дастур гирифта буд, бо як гурӯҳи хунхор вориди деҳа мешавад. Ин гурӯҳи бо яроқу аслиҳа мусаллаҳро Раҳматуллоев Салим идора мекард ва Раҳматуллоев Раҳим, Раҳматуллоев Ҳасан, Ҷононов Аваз, Бойматов Бӯрӣ ва дигарон ҳудуди тақрибан 100 нафар, ки шомили ин гурӯҳ буданд, савори воситаҳои нақлиёти сабукраву боркаш бо мақсади  қатли оми мардуми кӯлобитабор ба шуъбаи №2-и сов-хози Киров ҳуҷум намуданд.

Дастаи ҷиноятпеша ба касе раҳму шафқат надошт ва ҳатто роҳгузарони корафтодаро низ асир гирифта ба қатл мерасонд. Дар роҳ, ҳангоми ҳаракат ба самти шуъбаи №2-и совхози Киров дастаи мусаллаҳ Хоҷаёров Иброҳим, ки бо  мошини худ ба аёдати модари пиру бемораш ба ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) мерафт, дарафтода, ӯро дастгир мекунанд, лату кӯб карда, ӯро гаравгон мегиранд. Ин нафарони хунмаст аз ҳар як сайди бадастовардаашон хурсанд гашта, кирдорҳояшонро идома медоданд.

Фасли гармои тобистон. Баъди намози пешин чун одати ҳамешагӣ мо (Аҳмад Умурзоқов, Саймуддин Ҷӯраев, бародарон Фатҳуллоҳ ва Сафаралӣ Гашевҳо, Давлат Исматов, Тоҳир Расулов, Мируллоҳ Ҳусайнов, Муқим Қандаков, Ҳоким Назаров, Мардон Ҷалилов, Неъматуллоҳ Қодиров, Шамсиддин Абдураҳимов, Юсуф Солиҳов, бародарон Зубайдуллоҳ ва Усмонқул Файзуллоевҳо, Бобоҷон Иброҳимов, Сафаралӣ Ҳафизов, Алӣ Пирумқулов, Генат Артамонов) зери дарахтони чанори чорроҳаи деҳа ҷамъ омада, суҳбат мекардем. Ногаҳ аз дур мошини боркаше падидор гашт ва назди мо қарор дод. Аз болои мошин 2-3 нафар  ришдори мусаллаҳ бо таҳдиди куштан ҳамаи моро лату кӯб карда, ба автомашинаи ГАЗ-53 савор карданд.

Дар ҳамин асно ба  ҷойи ҳодиса инспектори калони милитсия Абдуғаффор Шарофуддинов савори нақлиёти хизматии худ  ҳозир шуд. Ӯ аз автомашина берун фаромад ва аз силоҳбадастони шӯрида хоҳиш намуд, ки ба чунин аъмол даст назананд. «Ҳамаи мо як миллату аз як маҳаллаем...», гӯён назди онҳо ба зону зада илтиҷо кард, то ҷавононро раҳо кунанд. Вале каллабурони хунмасти С.А.Нурӣ  Қосим Маҳмудов, Раҳим Раҳматуллоев ва ду шахси дигар ба худи ӯ ҳамла намуданд. Қосим дастони Шарофуддиновро тоб дода, ҳамроҳ бо он ду шахси силоҳдор лату кӯб карда, ба автомашинаи ГАЗ-53 бор карданд. Раҳим бошад, ба сари чамбараки автомашинаи хизматии Шарофуддинов нишаста, онро ба ҳаммоми «Туркманистон» бурд. Ҷононов Аваз  «ГАЗ-53»-ро ба кор дароварда,  аз дунболи Раҳим гаравгононро ба ҳаммоми «Турк-манистон» расонда, ба сардори даста Ноибов Воҳид супурд.

Бойматов Бӯрӣ  сари чамбараки КамАз нишаста, аъзои  дастаи Раҳматуллоев Ҳасанро низ аз дунболи мо ба тарафи ҳаммом бурд. Бо дастури Ноибов Воҳид, Раҳматуллоев Р., Ҷононов А. ва дигар ваҳшиёни наҳзатӣ моро ба ҳаммоми "Туркманистон” оварда, боз зери лату кӯб гирифтанд. Сипас, ба ҳуҷраҳои тару намноку торик дароварда, азобу шиканҷаро идома доданд. Ману муаллим Аҳмад Умурзоқовро дар як ҳуҷраи намнок, ки фаршу деворҳои он аз хун лолагун  шуда буд, ҷойгир намуданд. Ба назди мо Раҳим, Ҷамол ва Аваз даромада, бо калтаку оҳан ба сару рӯй ва баданамон бераҳмона заданд. Ҳарчанд зориву тавалло мекардем, дастҳояшонро мебӯсидем, ки азобамон надиҳанд, аммо чашмони хун гирифтаи онҳо ҳайвони ваҳшии гуруснаро мемонд, раҳм ба ҷони мо намекарданд. Фақат боисрор мегуфтанд, ки "қатли шумо - кӯлобиҳои кофир, аз кӯдаки дар гаҳвора то пири барҷомондаатон фарз аст...”

Қотилони ваҳшисирату девсурати ҲНИ он қадар Худоро фаромуш карда буданд, ҳатто омода буданд гӯшти бадани моро бихӯранд. Ҳарчанд мақсадашон қатли ҳамаи мо буд, лек то дами марг, то хунук шудани дилашон устухонҳои бадан, дасту пову гӯшу бинӣ ва сару миёни моро шикастанд. Аз тарсу ваҳм дигар лату кӯби онҳоро ҳис намекардем.

- Наход ягон нафаре пайдо нашуд, ки ба ҳоли шумо раҳм кунад?

-Не, пайдо нашуд! Нолаву фиғон ва  садои ҷонкоҳи мо дар фалак мепечид. Аммо дар дили ягон нафари онҳо раҳм пайдо намегардид. Баръакс, аз ҷондиҳии мо хурсанд шуда, завқ мебурданд. Ҳар гоҳ нафаре аз қотилон корди калон дар даст вориди ҳуҷра шуда, ба дашномкунон, гӯшҳои чандин нафарро ба таври ваҳшиёна  буриданд. (Ин лаҳза ҳамсуҳбатам боз ба сукут рафта дастонаш ба ларза даромаданд).

 

(Идома дорад)

Одилҷон Маҳмадов,

сокини ноҳияи Вахш



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Марди 54 - соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Ҳуқуқу амният
Қотилони рӯзноманигор Шарифамоҳи Кишвардухт киҳо буданд?

Қотилони рӯзноманигор Шарифамоҳи Кишвардухт киҳо буданд?

Таҳқиқи журналистӣ
Наҳзатиён иқроранд, ки баҳори кишварро хазон кардаанд

Наҳзатиён иқроранд, ки баҳори кишварро хазон кардаанд

Сиёсат
Тавбашикан

Тавбашикан

Сиёсат
Қиссаи як асири наҳзат

Қиссаи як асири наҳзат

Сиёсат