Дар як сатр
» » 258 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ХАРОБ ГАРДИД

258 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ХАРОБ ГАРДИД

14-06-2019, 06:31

Дар натиҷаи боронҳои сел рӯзи 2-юми июни соли 2019 деҳаи

Гулистони Ҷамоати деҳоти "Гулистон”-и ноҳияи Восеъ зарари ҷиддӣ дид

Бинобар сабаби аз кор баромадани обпартоҳо ва омадани сел об ба маҳалла даромада, хисороти зиёде ба бор овард. Бар асари офати табиӣ 258 манзили истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони сокинони деҳа хароб гардиданд. Аз ин миқдор 8 хона дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 11 хона ва 75 иншооти ёрирасон қисман хароб гардидаанд.

Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ва ҷамоатҳо дар якҷоягӣ бо афсарону наҷотдиҳандагони ШКҲФ ва МГ минтақаи Кӯлоб тавассути лавозимоти обкашӣ обро аз дохили хонаҳо берун кашида, барои буду бош омода намуда истодаанд.

Мақомотти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бартараф намудани оқибатҳои нохуши офати табиӣ чораҳои фаврӣ дида, ба ин мақсад техникаю қувваи кориро сафарбар намуд. Аз ҷумла алҳол дар ин мавзеи зарардида 3 адад экскаватор, 4 адад техникаи боркаш, 1 адад грейдер,1 адад мехлопата барои тоза кардани обпартоҳои дохили деҳа пурсамар кор карда истодаанд. Идораи оби нӯшокии ноҳия бошад, тавассути ду автомашинаи обкашӣ аҳолиро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд. Обу лойқаи дохили манзили сокинон тавассути 5 автомашинаи боркаш ба берун кашида, барои зиндагии минбаъда омода карда шуд.

Кормандони хадамоти тиббии ноҳия бо супориши раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода  аз аввалинҳо шуда дар маҳалли ҳодиса ҳозир гардиданд ва ба одамони зарардида ёрии аввалияи тиббӣ расониданд. Хадамоти безараргардонии ноҳия бошад, хонаҳо, сару либос ва кӯчаҳои маҳалларо бо хлор безарар мегардонанд.

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 171 оилаи зарардидаи деҳа маводҳои рӯзғор, аз қабили кӯрпа, болишт, отдеяло, матрас, рӯкаши хоб, ҳамчунин дегу кострюл, маводҳои гигиении собун, айна, дандоншӯӣ ва ғайра расонда шуд.

Сокинони дигар ҷамоатҳо бошанд, дар ин ҳодиса худро бетараф нагирифтанд. Онҳо ғаму дарди сокинони деҳаи

Гулистонро хеле хуб ҳис менамоянд. Аз ҷумла, сокинони ҷамоатҳои деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ва "Тугарак” ба аҳолии ин ҷо хӯрокворӣ мерасонанд, то ки мардуми ин маҳал худро танҳо эҳсос нанамоянд. 

Маблағи зарари офати табиӣ то ҳол пурра мууайян карда нашудааст. Офати табиӣ талафоти ҷонӣ наовардааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки набзи ҳаёти деҳа ба ҳолати аввала баргардонида шавад.

С. УСМОНОВ,

сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Восеъ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

СЕЛ ДАР ҚИЗИЛҚАЛЪА

СЕЛ ДАР ҚИЗИЛҚАЛЪА

Ҳаёти иҷтимоӣ

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд

Ҳаёти иҷтимоӣ

Марди 54 - соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Ҳуқуқу амният

Зарари боришоти зиёд ва сел ба Фархор

Хабарҳо
Ихтисоси 245 ҳазору 470 сомонӣ барои бозсозии 10 манзили аз офати табиӣ хар ...

Ихтисоси 245 ҳазору 470 сомонӣ барои бозсозии 10 манзили аз офати табиӣ хар ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА